Конуни чумхурии точикистон



жүктеу 190.77 Kb.
Дата18.12.2017
өлшемі190.77 Kb.

ҚОНУНИ

ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТУРИЗМ
(Ахбори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон соли 1999, № 9, мод. 228; соли 2005, №12, мод. 641; соли 2009, № 5, мод.337, ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

Моддаи 1. Маќсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иљтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалї намудани фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии ТоҶикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироњатњо бо маќсадњои солимгардонї, шиносої, зиёрат (ба истиснои њаљ), тиљоратї, варзишї, касбию хизматї ва дигар маќсадњо тавассути саёњат (тур) ва будубоши муваќќатии берун аз њудуди љои истиќомати доимї ба роњ мемонад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-туризми дохилӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии ТоҶикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии ТоҶикистон истиқомати доимӣ доранд;

-туризми сайёр - ташкилӣ саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии ТоҶикистон истиқомати доими доранд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-туризми ташрифӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии ТоҶикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии ТоҶикистон истиқомати доими надоранд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-туризми иҶтимоӣсаёњате (туре), ки аз њисоби маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҶоти иҶтимоӣ Ҷудогардида, пардохта мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-туризми худфаъолиятӣсаёҳат (тур) бо истифодаи воситаҳои фаъоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-туризми варзишию кeҳгардӣ - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкилӣ хатсайрњои пиёдагард дар шароити кeҳсор алоқаманд аст;

eҳнавардӣ (алпинизм) - намуди ғайриоддии туризм, ки бо баромадан ба қeллаҳои кeҳӣ алоқаманд аст;

- турист – шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад; (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

-саёҳат (тур) - сафари туристӣ бо хатсйрњои муайян дар мeҳлатҳои муайян бо таъмини маҶмeи хизматрасониҳо оид ба ҶобаҶокунӣ, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизматӣ роҳбаладону тарҶумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешаванд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-маҳсулоти туристӣмаљмўаи хизматрасонињои туристї, ки бо назардошти вазъи бозори туристї бањри ќонеъ гардонидани талаботи турист дар асоси шартнома дастрас мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-фаъолияти танзими туризм - фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурeши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз Ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (минбаъд - «танзимгари туризм») амалӣ карда мешавад;

-фаъолияти агентии туризм - фаъолият оид ба пешбурд ва фурeши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз Ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ минбаъд («агентии туристӣ») амалӣ карда мешавад;

-Кадастри давлатии захираҳои туристии Љумњурии Тољикистон - номгeи объектҳои табиӣ ва таърихию фароѓатӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии ТоҶикистон мебошанд;

-саноати туристӣ - маҶмeи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои Ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хeроки умумӣ, тамошо, шиносоӣ, хизматӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъиноти дигар, ташкилотњое, ки фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амалӣ месозанд;

-пешбурди маҳсулоти туристӣ - маљмeи тадбирҳое, ки ба фурeши маҳсулоти туристӣ (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкилӣ марказҳои иттилоотии туристӣ оид ба фурeши маҳсулоти туристӣ, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва г.) нигаронида шудаанд;

-захираҳои туристӣ - маҶмeи захираҳои экологӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангию таърихӣ ва солимгардонӣ ва захираҳои дигари истироҳатию фароѓатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии ТоҶикистон, ки ба қонеъ гардонидани маҶмeи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошанд; ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-квотаи туристӣ – маҳдудияти миқдории ташриф ба объектҳои туристию саёҳатӣ ё хатсайрњо, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумҳурии Тољикистон дохил буда, бо зарурати нигоњдорї аз вайроншавӣ ва дигар шартҳои истифодаи алоќаманд мебошанд; ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-субъекти фаъолияти туристӣ - шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ, аз он Ҷумла шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҶӣ, ё шахсони бе шаҳрвандӣ, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии ТоҶикистон пешниҳод мекунанд;

-истироҳат - барқарорсозӣ ва инкишофи қувваи љисмонию маънавии инсон дар шароити табии тавассути дамгирї, аз он љумла бо туризм;

-роҳҳати туристӣњуљљати инфироди тасдиќкунандаи њуќуќ ба гирифтани хизматрасонињои сайёњї;

-шикори байналмилалӣяке аз намудњои фаъолияти туристї, ки бо тартиб ва шартњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо иштироки шањрвандони хориљї аз љониби субъектони фаъолияти туристии дорои иљозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад; ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-хизматрасонии туристї - амалї гардидани фаъолияти танзимгари туристї аз рўи салоњдиди худ ва ё талаботи аниќи дархосткунанда, ки барои таъмин ва барќароркунии ќувваи љисмонии турист, нигоњдории фаъолияти њаёти мўътадил, барќароркунии робитањои корї, инчунин ќонеъ гардонидани талаботи маънавї ва зењнии ў равона шудаас; ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)
Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристӣ

1. Захираҳои туристӣ, ки аҳамияти миллӣ ва байналмилалиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тољикистон ба ҳисоб мераванд. Барои баќайдгирї истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристӣ тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад.

2. Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

Моддаи 5. Мақсад, самтњо ва роҳҳои танзими давлатии фаъолияти туристӣ

1. Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристӣ инҳо мебошанд:

- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди саёҳат(тур);

- ҳифзи муҳити зист;

- муайян намудани номгeи ҳарсолаи объектҳои табиӣ, таърихию фароѓатӣ, аз он Ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад;

- ривоҶ додани саноати туристӣ, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат (тур); (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


- ривоҶ додани робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

- истифодаи оқилонаи дастовардҳои табиӣ ва фарҳангӣ.



2. Самтҳои афзалиятноки танзими давлатии фаъолиятї туристї дастгирї ва инкишофи туризми дохилї, воридотї, иљтимої ва худфаъолиятї мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

3. Танзими давлатии фаъолияти туристӣ бо роҳҳои зайл амалӣ гардонида мешавад:

-тањияи санадҳои меъёрию ҳуқуқї, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристӣ равона карда шудаанд;

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатњои давлат дар соҳаи туризм;

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмини амнияти онҳо;

-муқаррар намудани тартиби стандартонї сертификатсия ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи туризм;

-ҳавасмандкунии маблағгузории миллӣ ва хориҶӣ барои инкишофи фаъолияти туристӣ;

-фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои субъектҳои фаъолияти соҳибкорї, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї, дар бозори хизматрасонии туристї, дастгирии инкишофи рақобат, таъмини риояи қонунгузорї дар ин соҳаи мазкур; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

-вусъат додани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориљӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалии туризм, тањия ва бастани шартномаҳои байналмилалии дутарафа ва бисёртарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амалӣ намудани онҳо. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристӣ

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:

- ташкили қабул ва хизматрасонӣ дар чаҳорчубаи маърифатӣ, экологӣ, туризми варзишию куҳӣ, кeҳнавардӣ, шикори байналмилалӣ, фиристодани туристон ба хориҶа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҶа, зиёрати динӣ ва тиҶорат;

- ташкили чорабиниҳои оммавии туристӣ-тандурустӣ, шавќовар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳо, ки бо туризм алоқаманданд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


Моддаи 7. Салоҳияти Њукумати Ҷумҳурии Тољикистон дар соҳаи туризм

Ба салоҳияти њукумати Ҷумҳури Тољикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:

- муайян намудани сиёсати давлатї дар соњаи туризм;

- муайян намудани маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо:

- тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристӣ равона шудаанд, иштирок дар иҶрои барномаҳои байналмилалӣ;

- муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои ба онњо туристӣ бо мақсади туризм ва Ҷуброни зарарҳои расонидашуда;

- муайян намудани тартиби сертификатсияи маҳсулоти туристӣ, молҳо ва хизматрасонии субъектҳои фаъолияти туризм;

- фароҳам овардани шароит барои Ҷалби сармоя ба соҳаи туризм;

- ташкили низоми давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туристӣ;

- муайян намудани тарифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кeҳи, пардохти наҶоти кeҳӣ, боҶи экологи;

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии ТоҶикистон ба салоҳияти он вобастаанд;


Моддаи 8. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи туризм ва ваколатњои он

1. Сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии ТоҶикистон мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи туризм ба амал мебарорад.

2. Ба ваколатњои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии ТоҶикистон дохил мешаванд:

- амалӣ намудани барномаи давлатии туризм дар Тољикистон таъмини ичрои шартномаҳо, созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии ТоҶикистон дар ташкилотҳои байналмилалии туристӣ;

- таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар Ҷумҳури;

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методи ба субъектҳои фаъолияти туристӣ;

- роҳбарӣ ба намояндагиҳои дар хориҶа будаи худ;

- бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти туристӣ;

- муқаррар намудани квотаи туристии мутаносиби баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои тамошои объектҳои туристию экскурсионӣ, ки бинобар зарурияти муҳофизати онҳо аз вайрошавӣ ба Кадастри давлатии захирањои туристии Љумњурии Тољикистон ворид карада шудаанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- назорат аз рeи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҶрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва сертификатсия дар соҳаи туризм;

- амалї намудани интихоб, тайёр кардан ва ҶобаҶогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлатӣ), гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристӣ;

- робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм;

- амалї намудани дигар ваколатњои, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ ва сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.


Моддаи 10. Суғуртакунӣ ҳангоми иҶрои фаъолияти туристӣ

1. Дар ҳолате, агар қонунгузории кишвари (мақони) будубоши муваќќатї талаботи кафолати пардохти ёрии тиббиро ба шахсоне, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд муќаррар намуда бошад, танзимгари (агенти) туристӣ вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристӣ дар мавриди бемории тасодуфӣ ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

2. Бо талаби турист танзимгари (агенти) туристӣ барои пешнињоди хизматрасонињо оид ба суғуртакунии дигар хатарњои саёњат(тур) вобастабуда мусоидат менамояд;

3. Суғуртаи хатарњо дар туризм, ки бо хавфи зиёд ба ҳаёту саломатии туристон алоќаманд буда, харољоти зиёдро барои наљотдиҳӣ талаб мекунад, аз тарафи субъекти фаъолияти туристӣ бо ризоияти туристон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

4. Суғуртаи дигар хатарњо ихтиёрӣ буда, аз Ҷониби туристон ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристӣ амалї карда мешавад.

5. Туристони мањаллї ва хориљие, ки банамудњои ѓайриоддии (экстремалии) туризм машѓул мешаванд, бояд дорои полиси суѓуртавии дараљаи байналмилалї бошанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 11. Хуқуқ ва ўњдадорињои субъектҳои фаъолияти туристӣ

1. Њуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ мувофиқи ќонунгузории Ҷумҳурии Тољикистон «муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

2. Субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки дар Ҷумҳурии ТоҶикистон воқеанд, вазифадоранд:

- барои ҳуқуқи машѓул будан ба фаъолияти туристӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии ТоҶикистон иҷозатнома, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд;

- оид ба хизматрасонӣ ба туристон бо тартиби муқарраргарида ҳисоботи њуљљатї пеш баранд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм тибқи намунаҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёҳат (тур) маълумоти пурра ва дақиқ дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда роҳҳати туристии намунаи ягона фурeшанд;

- амнияти туристон ва нигоҳдории молу мулки онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристӣ, омeзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҶилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Ҷумҳурии Тољикистон љавобгар мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- масъалањои ба эҳёи индустрияи туристӣ (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристӣ, кемпингҳо, марказҳои истироҳатӣ ва г.) вобастаро бо маќоми ваколатдори давлатї мувофиқа кунанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- субъекти фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ сохтани саёҳат (тур), дар назди муштарӣ, чӣ барои амали худ ва чӣ барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёҳат (пешниҳоди хизматрасонии љойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳҳат зикр шудаанд) ва фурeши он љавобгар мебошад.


Моддаи 12. Роҳбари гурeҳи туристӣ

1. Роҳбари гурeҳи туристӣ дар рафти саёҳат (тур) ва мeҳлати сафар дар сафари туристии гурeҳи туристӣ намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристӣ мебошад. Роҳбари гурeҳи туристӣ аз Ҷониби субъекти фаъолияти туристӣ дар асоси шаҳодатномаи тахассусӣ, ки бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дода мешавад, таъин мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

2. Вазифаҳои роҳбари гурeҳи туристиро субъекти фаъолияти туристӣ муайян мекунад.
Моддаи 13.Шартнома роҳҳат ба саёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристӣ

1. Субъектҳои фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкили сафари туристӣ ба турист роҳҳати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо муҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома (қарордод) дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристӣ роҳҳат дода бошад ва муштарӣ пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома (қарордод) супурда бошад.



2. Субъекти фаъолияти туристӣ бе љуброни зарар шартномаро бекор карда метавонад, ба шарте, ки далели бекор кардан, ҳангоми мављудияти ҳолатҳои рафънопазири ба иродаи у вобастанабуда ва ба амалишавии саёҳат (тур) ё пешниҳоди хизматрасонӣ монеъшаванда,ба иттилои турист шахсан на дертар аз 15 рўз то санаи оғози сафаррасонида шуда бошад. Дар ин њолатњамаи маблаѓе, ки ќаблан њамчун пешпардохт гирифта шудааст, ба баргардонида мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 14. Роҳҳат

1. Туристон барои саёҳат (тур) кардан роҳҳати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёҳат тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва муҳри тасдиқкардаи фурeшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳҳат дар фурeшандаи саёҳат боқи мемонад.

Роҳҳат бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

- ном, суроға, тамғаи тиљоратии ташкилоти туристӣ, дар фурeшанда мавҶуд будани иҷозатнома, рақам ва санаи дода шудани он;

- насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳҳат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҶӣ, агар роҳҳат номӣ бошад;

- тасниф ва стандартҳои тамоми хизматрасониҳо бо дарназардошти Ҷойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҶудияти шартҳои суғурта;

- арзиши умумии саёҳат (тур)ва шартҳои пардохти он аз Ҷониби муштарӣ (пешпардохти пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда);

- тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист аз сафар даст кашида метавонад (бе љуброни зарар, қисман Ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёҳат( тур); (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

- тавсифи шакл ва ҳаљми љуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари e, ки дар роҳҳат нишон дода шудаанд ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки саёҳат ва хизматрасониро ташкил кардаанд, роҳ дода шудаанд;

- дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштарӣ ва ташкилкунандаи саёҳат (тур). (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


Моддаи 15. Роҳҳати гурeҳӣ

1. Њангоми сафар дар ҳайати гурeҳӣ туристӣ, ба роҳбари гурeҳӣ туристӣ роҳҳати умумӣ дода мешавад.

2. Роҳҳати умумӣ бояд маълумоти дар моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур зикргардидаро дошта бошад.

3. Дар роҳҳати умумӣ маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурeҳ, навишта мешавад.

4. Маълумот дар бораи аъзои гурўҳ дар замима (рўйхат), ки қисми људонашавандаи роҳхати умумӣ мебошад, дода мешавад. Њуқуқ, ўњдадорї ва љавобгарии роњбари гурўҳӣ туристӣ бо шартномаи байни ў ва субъекти фаъолияти туристӣ муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 16. Њуқуқу ўњдадорињои туристон

1. Њуқуқи туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тољикистон тибқи Қонуни мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Ҷумҳурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон эътироф кардааст муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)

2. Туристон ўњдадоранд:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;

- нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;

- қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;

- шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;

- зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;

- зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат (тур) расонидашударо ҷуброн намоянд;

- қоидаҳои амнияти шахсиро ҳангоми саёҳат (тур) риоя намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)
Моддаи 17. Њуқуқ ва eҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тољикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тољикистон сафар менамоянд

1. Њуқуқ ва eҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии ТоҶикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тољикистон сафар менамоянд, бо қонунҳои кишвари будубош танзим карда мешаванд.

2. Турист eҳдадор аст мeҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳҳат зикр гардидаанд, риоя намояд.
Моддаи 18. Намояндагии мақоми давлатї дар соњаи туризм дар хориља

Намояндагии маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи туризм, дар хориља манфиатҳои Ҷумҳурии Тољикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндагӣ намуда, дар доираи ваколатњои худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин мубодилаи иттилоот байни Ҷумҳурии ТоҶикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №922)


Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.(ҚҶТ аз 19.05.09, №530)
Президенти

Ҷумҳурии ТоҶикистон Э. РА{МОНОВ

ш. Душанбе 3 сентябри соли 1999

824



ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМ{УРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии ТоҶикистон

«Дар бораи туризм»
(Ахбори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон соли 1999, №9, мод. 229)
МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии ТоҶикистон «Дар бораи туризм» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. {укумати Ҷумҳурии ТоҶикистон:

- ба МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон оиди ба Қонуни Ҷумҳурии ТоҶикистон «Дар бораи туризм» мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии ТоҶикистон таклифҳо пешниҳод намояд;



- қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

Раиси МаҶлиси Олии

Ҷумҳурии ТоҶикистон С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе 3 сентябри соли 1999

825

Достарыңызбен бөлісу:


©kzref.org 2017
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет