Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї



жүктеу 7.62 Mb.
бет1/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42



Ќонунгузории

ветеринарї
Ветеринарное

законодательство
VETERINARY

LEGISLATION

4

Душанбе
2013


Зери назари доктори илмњои байторї

Амирбеков М.
Мураттиб

Тошматова М.Ф.- сармутахассиси ХНДБ ВК ЉТ
Тарљумонњо:

Сахимов М.Р. - номзади илмњои биология, дотсент;

Вазиров Ш.С. - сардори шуъбаи назорати байторию бењдоштии ХНДБ ВК ЉТ, номзади илмњои байторї, дотсент;

Муминљонов А. - сармутахассиси ХНДБ ВК ЉТ.

Муќарризон:

Иззатулло Сатторї - академики Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон, доктори илмњои байторї, профессор;

Мурватуллоев Сангинмурод – доктори илмњои байторї.

Китобро ба чоп омода намудаанд:

Аноятбеков М., Вазиров Ш.С, Кашкулоев М.Ш., Муминов А.М., Муминљонов А., Норов Т.С., Одинаев Х., Розиқов Ш.Ш., Сатторї И., Ҳасанов Н.Р., Холиков Њ.М.

Ќ-81 Ќонунгузории ветеринарї. Љилди IV (бо забонњои тољикї ва русї). - Душанбе: «2013» 2013, 810 сањ.

Дар китоб хуљљатњои меъёрии њуќуќии байтории аз тарафи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзї ва Хадамоти назорати давлатии байторї ќабулгардида, ќоидањои байторию бењдоштї, дастурњо оид ба гузаронидани чорабинињо бар зидди беморињои сироятї ва инвазионї гирд оварда шудаанд.

Хадамоти назорати давлатии байтории

Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон 2013




Ќонунгузории

ветеринарї

Љилди IV

Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ба намояндагии Иттињоди Аврупо дар Тољикистон, роњбари лоињахо Зулфия Давлатбекова, раиси Ассотсиатсияи байторони Тољикистон Мањмадназар Кашкулоев, сардори Раёсати назорати давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёт Саидаброр Асроров, директори генералии Маркази миллии ташхиси байторї Абдурањмон Мањмадшоев, директори Маркази назорати давлатии маводњои байторї Абдулло Муминов, сардори Раёсати назорати давлатии байтории шањри Душанбе Бобишо Ќармишев барои дастгирї дар нашри ин китоб миннатдории бепоён изњор менамояд.
Служба государственного ветеринарного надзора Минис-терство сельского хозяйства Республики Таджикистан выражает глубокую признательность Представительству Европейской Комиссии в Таджикистане, менеджеру проектов Зулфию Давлятбековой, предсетателью Ассоциации ветеринаров Таджикистана Махмадназару Кашкулоеву, начальнику Управление государственного ветеринарного надзора на государственной границе и траспорта Саидаброру Асророву, генеральному директору Национального центра ветернарной диагностики Абдурахмону Махмадшоеву, директору Центра государственного надзора ветеринарных препаратов Абдулло Муминов. и начальнику Управление государственного ветеринарного надзора города Душанбе Бобишо Кармишеву за поддержку в издании этой книги.
State Veterinary Inspection Service of the Ministry of Agriculture of the Republic of Tajikistan expresses its deep appreciation to Ms Zulfiya Davlatbekova, projects’ manager, the Delegation of the European Union to Tajikistan, Mr Makhmadnazar Kashkuloev, Chairperson of the Association of Veterinarians of Tajikistan, Mr Saidabror Asrorov, Head of the Department of the State Veterinary Control at the Border and Transport System, Mr Abdurakhmon Makhmadshoev, General Director of the National Center for Veterinary preparations, Mr Abdullo Muminov, Director of the Center for State Control over Veterinary Preparations and Mr Bobisho Karmishev, Head of State Veterinary Inspection Department in Dushanbe city for their support in publication of the book.
МУЌАДДИМА

Соњаи байтории љумњурї сол аз сол рушд ёфта истодааст. Дар айни замон мутахассиони байторї тибќи талаботњои Бюрои байналмилалии эпизоотї ва Созмони Умумиљањонии Савдо ба назорати бехатарии истењсол ва фурўши мањсулоти чорводорї, њифзи ањолї аз беморињои умумии њайвонот ва инсон ањамияти муњим медињанд. Барои иљрои ин вазифањо бешубња тањияи ќонунгузории байторї лозим аст.

Ќонунгузории ветеринарї доимо ташаккул меёбад ва боз њуљљатњои меьёрии нави илова карда мешаванд, ки ин мавкеи њуќукќии хизмати байториро ба танзим медарорад.

Китоби мазкур аз чор боб иборат аст. Дар боби якум Ќонуну Ќарорњои Хукумати Љумњуриии Тољикистон дар бахши байторї, дар боби дуюм њуљљатњои меьёрии њуќуќї оид ба ќоидањои байторию бењдоштї ва дар боби сеюму чорум дастурњо оид ба чорабинињои пешгирї ва мубориза бар зидди беморињои сироятї ва инвазионии њайвонот љой дода шудааст.

Ќоидањо ва дастурњо оид ба масьалањои байторї ин заминаи њуќиќии корњои байтории љумњурї ба шумор мераванд. Онњо мутобиќи моддањои 2, 5 ва 6 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» №674 аз 29 декабри с.2010 ва банди 4-уми Низомнома «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторї» №182 аз 3 апрели с.2007 тањия гардидаанд.

Љилди чоруми «Ќонунгузории ветеринарї» барои мутахассиони байторї, олимон, фермерон, роњбарони хољагињои чорводорї ва дигар идораю муассисањо, инчунин донишљўёни донишгоњњои кишоварзї тавсия карда мешавад.


Сардори Хадамоти

назорати давлатии байторї,

доктори илмњои байторї М.Амирбеков

БОБИ I
ЌОНУН ВА ЌАРОРЊОИ


ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Ќонуни Љумњурии Тољикистон

«Дар бораи байторї»
Ќонуни мазкур асосњои њуќуќї, иљтимої, ташкилї, иќтисодию молиявии фаъолиятро дар соњаи байторї муайян намуда, ба таъмини офияти бењдошти байторї ва эпизоотї, њифзи ањолї аз беморињои барои њайвоноту инсон умумї, бехатарии мањсулоти њайвонот ва растанињо, маводи байторї, хўрок ва иловањои хўроки њайвонот равона карда шудааст.
Боби 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ
Моддаи 1. Мафњумњои асосї
Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода мешаванд:

- ангезандањои беморињои њайвонот - вирусњо, бактерияњо, риккетсияњо, хламидияњо, микоплазмањо, прионњо, соддатаринњо, маѓоракњо, кирмњо, канањо ва њашаротњо;

- аттестатсияи байторї (бењдошти байторї) - фаъолиятест, ки мутобиќати шароити истењсолї, нигоњдорї, воридот, содироти объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордоштаро ба талаботи муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдори давлатии байторї тасдиќ менамояд;

- мањсулоти њайвонот - њама чизе, ки аз њайвонот барои коркард гирифта мешавад;

- байторї (соњаи байторї) - доираи донишњои махсуси илмї ва фаъолияти амалие, ки ба њифзи њайвонот, омўзиши беморї ва зањролудшавии њай­вонот, ташхис, табобати њайвоноти бемор ва барњам задании манбаи бемории он, таъмини мутобиќати объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта ба талаботи Ќонуни мазкур, инчунин њифзи ањолї аз беморињои барои њайвонот ва инсон умумї равона карда шудааст;

- байтор - шахсе, ки дар соњаи байторї тањсилоти дахлдор дорад;

- баќайдгирии давлатии маводи байторї - аз љониби маќомоти ваколатдори давлатии байторї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ворид намудани маводи байторї ба Фењристи давлатии маводи байторї ва дар ин хусус додани шањодатномаи баќайдгирї;

- бехатарии бењдошти байторї - њолати объектњои тањти назорати давлатии байторї буда, ки барои саломатии њайвонот ва одам дар шароити муќаррарии истифодаашон бехатаранд;

- бозор - љои махсуси таљњизонидашуда, аз љумла љои хариду фурўши њайвонот, мањсулоти он, маводи байторї, хўроки њайвонот, хўрокињои ба он иловашаванда;

- борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта - њайвонот, аз љумла њайвоноти вањшї, хонагї, мањсулоти њайвонот, мањсулоти растанї, маводи байторї, хўроки њайвонот ва хўрокињои ба он иловашаванда, инчунин маљмўи маводи аз њайвонот сохташуда;

- дезинсексия - нобуд кардани њашароти буѓумпо, ки гузаронандагони ангезањои беморињои сироятї (паразитарї) мебошанд;

- дератизатсия - нобуд кардани хояндањое, ки гузаронандагони ангезањои беморињои сироятї (паразитї) мебошанд;

- иловањои хўроки њайвонот - моддањое, ки таркиби органикї ва ѓайриорганикї доранд, аз љумла: микроэлементњо, витаминњо, орди гўшту устухони њайвонот, хуни њайвонот, равѓани моњї, гўшмоњињои бањрї, сафедгил (бентонит), партовњои корхонањои коркарди мањсулоти њайвонот ва растанї, ки ба хўроки њайвонот илова карда мешаванд;

- карантин - низоми хуќуќї, ки системаи чорабинињои байторї ва маъмурию хољагидориро пешбинї мекунад ва ба мањдуд ё ќатъи робитањои хољагидорї, муваќќатан боз доштани интиќоли борњои тањти назорати нозироти давлатии байторї ќарордошта байни манбаи эпизоотї, мањали носолим ва њудудњои аз љињати бењдошти байторї солим бо маќсади нобуд кардани манбаи эпизоотї ва роњ надодан ба пањншавии беморї равона карда шудаанд;



- ќоидањои байторї (бењдошти байторї) - санади меъёрии њуќуќї, ки тартиби гузаронидани чорабинињои байториро дар асоси меъёрњои байтории тасдиќкардаи маќомоти ваколатдори давлатии байторї муайян мекунад ва иљрои он барои шахсони воќеї ва њуќуќии дар соњаи байторї фаъолияткунанда њатмист;

- коркарди махсуси мањсулоти њайвонот - коркарди мањсулоти њайвоноти гирифтори беморињои муайяни сироятї, ки ин мањсулотро барои истеъмоли одамон мувофиќ мегардонад;

- забњи махсус – дар љойњо ва корхонањои махсус таљњизонидашуда забњ кардани њайвонњое, ки гирифтори ин ё он бемории сироятианд;

- манбаи эпизоотї - марзи мањдуд ё бино, ки дар он манбаи ангезаи сироят, омилњои гузаронанда ва њайвоноти ба беморї гирифторшаванда љойгиранд;

- маводи байторї - моддањои биологї, растанињо, кимиёвї, фармасевтї, барои сироятзудої (дезинфексиякунанда), дезинсексия, дератизатсия, ташхис, пешгирию табобати бемории њайвонот, инчунин асбобњо, таљњизот, масолењ ва воситањои наќлиёти махсус;

- таркибњои ирсї - нутфа, њуљайратухм, љанини њайвонот, зочаи занбўр, тухми бордоршудаи моњї, тухми инкубатсионї, парвардаи њуљайрањо, мањсулоти технологияи ирсию муњандисї, маводи зотї, гаметањо, зиготањо (пилла, кирми пилла, зоча);

- мањсулоти растанї – мањсулоте, ки барои ѓизои одам ва њайвонот истифода мешавад;

- мањсулоти гўштї - мањсулоти саноатие, ки аз гўшти њайвонот барои истеъмоли одам ва њайвонот тайёр карда мешавад;

- мањсулоти њайвонот – мањсулоти истеъмолї ва саноатии аз он тайёршуда, инчунин ихрољи њайвонот ва мањсулоти саноатии аз он тайёршуда.

- маљмўи корњои вобаста бо мањсулоти њайвонот – истењсол, тањия, коркард ва фурўши мањсулоти њайвонот, дигар намуди интиќоли пулакї ё ройгони мањсулоти њайвонот, содирот ва воридоти мањсулоти њайвонот ё дигар фаъолияте, ки дар натиљаи он мањсулоти њайвонот ба шахсони дигари машѓул ё истеъмолкунанда дастрас карда мешавад;

- мањсулоти ширї - мањсулоти саноатие, ки аз шири њайвонот барои истеъмоли одам ва њайвонот тайёр карда мешавад;

- мониторинги эпизоотологї - низоми љамъоварии маълумот оид ба миќдори мављудияти беморињои њайвонот, сифати чорабинињои зиддиэпизоотї, бењ­дош­ти байторї, зоогигиенї, инчунин сифат ва бехатарии озуќа, хўроки њайвонот ва иловањои хўроки њайвонот ба он иловашаванда бо маќсади сари ваќт ошкор намудани мувофиќати он ба талабот ва стандартњои муќарраргардида;

- муоинаи узвї (органолептикї) - арзёбии сифати мањ­сулот бо ёрии узвњои њис;

- нобудсозии њайвонот ва мањсулоти онњо - куштану сўхтан ё гўрондани њайвонњои гирифтори бемо­рињои сироятии муайян, ки номгўи онњоро маќомоти ваколатдори давлатии байторї муайян намудааст ва мањсулоти онњо, ки омили сироятёбии њайвонот ва одам шуда метавонанд, инчунин мањсулоти њайвоноти солим, ки ба талаботи бењдошти байторї љавобгў намебошад;

- нобудсозии дорувории байторї - сўзонидани дорувории байтории ба стандарти давлатї номувофиќ ё мўњлати истифодааш ба охиррасида;

- мањали носолим - њудуде, ки дар он манбаи эпизоотї муайян карда шудааст;

- нумўяњои (стимулятори) биологї - њама гуна моддањои аз љињати биологї фаъоли табиї ва сунъї;

- объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта - њайвонот, њуљайрањои љинсї ва љисмонии (соматикии) њайвонот, мањсулоти њайвонот ва растанї, маводи байторї, хўрок ва хўрокињои ба он иловашаванда, микроорганизмњо ва хайлњои (штам­мњои) онњо, асбобњо, таљњизоти байторї, воситањои наќлиёт, зарфњо, маводи борпечонї, њудуд, биноњои парвариш, истењсол ва коркарди мањсулоти њайвонот, бозорњо, саллоњхонањо, амборњои нигоњдории мањ­сулот ва ашёи хоми њайвонот, ки метавонанд омили гузаронидани ангезањои беморињои њайвонот бошанд, инчунин фаъолияти шахсони воќеї ва њуќуќї, ки бо парвариш, захиракунї, интиќол, нигањдорї, коркард, фурўш ва истифодаи объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта машѓуланд;

- ташхисгоњи муоинаи бењдошти байторї - шахси њуќуќї ё воњиди махсуси шахси њуќуќї, ки муоинаи бењдошти байтории мањсулоти њайвонотро дар бозорњо ё љойњои дигар амалї месозанд;

- партовњои њайвонот - лоша ва мањсулоти њайвонот, ки барои истеъмоли инсон нораво мебошанд;

- тањќиќи (апробатсияи) маводи байторї - аз рўи тартиби муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи байторї тањќиќ кардани маводи байторї дар шароити ташхисгоњњо ё шароити истењсолї бо маќсади муайян намудани хосиятњои иммунобиологї, табобатї, зањрнокї, самаранокии эпизоотологї, мављуд набудани оќибатњои маводи байторї ва бехатарии онњо барои муќаррар намудани имконияти истифодабарї дар таљрибаи байторї;

- ташхиси (экспертизаи) бењдошти байторї - санљиши мутобиќати њайвонот, мањсулот ва ашёи хоми онњо ба меъёрњои байторї бо роњи гузаронидани маљмўи тањќиќњои узвї (органолептикї), биокимиёвї, микробиологї, паразитологї, токсикологї ва радиологї;

- санљишњои баќайдгирии маводи байторї - маљмўи усулњое, ки бо тартиби муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдори давлатии байторї барои муайян намудани мутобиќати маводи байторї ба талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода мешаванд;

- сертификати байторї - њуљљати байналмилалие, ки маќомоти ваколатдори давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёти тарафи содиркунанда оид ба мутобиќати моли содиршаванда ба талаботи мамлакати воридкунанда медињад ва дар он аз љињати бењдошти байторї бехатар будани бори тањти назорати давлатии байторї ва солимии минтаќа ё мањали истењсоли онро нишон медињад;

- сертификати мутобиќат - њуљљати дар асоси ќоидањои низоми сертификатсия додашуда, ки муто­биќати мањсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадњои меъёрї тасдиќ менамояд;

- сертификатонї - амале, ки мутобиќати мањсулотро ба талаботи муќарраршуда тасдиќ менамояд;

- сироятзудої (дезинфексия) - барканор ё нобуд кардани ангезањои беморињои си­роятї (паразитї) аз муњити зист, бино, наќлиёт, ки бо тартиби муќаррар­намудаи маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи байторї гузаронида мешавад;

- фаъолияти байторї - соњаи фаъолияти шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба муњофизати саломатии њайвонот, муњофизати инсон аз беморињои барои њайвонот ва инсон умумї, гирифтани мањсулоти аз љињати бењдошти байторї хушсифати њайвонот равона шудааст;

- фењристи давлатии маводи байторї - номгўи аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатии байторї нашршаванда оид ба маводи байторие, маълумот медињад, ки аз ќайди давлатї гузашта, барои истењсол, ворид ва истифода кардан дар Љумњурии Тољикистон иљозат дода шудааст;

- хайли (штамми) микроорганизм - насли аз љињати ирсї ягонаи микроорганизми намуди муайян, ки дорои шакл ва хислатњои ба худ хоси биологї мебошад;

- њайвонот - њамаи ширхўрон, паррандањо, хазандањо, обхокињо, занбўри асал, моњї ва дигар њайвонот, ки дар шароити сунъї нигоњ дошта мешаванд ё дар табиат озодона зиндагї мекунанд;

- њайвоноти хољагї - њайвонњое, ки бо маќсади гирифтани мањсулот ё насли онњо парвариш карда мешаванд;

- њайвоноти хонагї - њайвонот ва паррандањое, ки бо маќсади ѓайрихољагї дар хона нигоњ дошта мешаванд;

- њуљљатњои байторї - хулосаи бењдошти байторї, шањодатномаи байторї, сертификати байторї, маълумотномаи байторї, ки аз љониби нозирони давлатии байторї ба объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта дода мешаванд;

- чорабинињои байторї (кор ва хизматрасонї) - маљмўи ќоидањои зиддиэпизоотї, бењдошти байторї, ки барои пешгирии пайдоиш, пањншавї ё барњам додани беморињои њайвонот, аз љумла пешгирї, табобат ё ташхиси онњо, безараргардонї (бесироятгардонї), мусодира ва нобудсозии њайвоноти гирифтори беморињои сироятии ба њайвонот ва инсон хатарнок, таъмини бехатарии мањсулоти њайвонот ва растанї, инчунин тадбирњои нишонагузории њайвонот равона карда шудаанд;

- чорво (чорпоён) – гову гўсола, говмеш, бузу гўсфанд, аспу хар, шутур, ќўтос ва ѓайрањо;

- шањодатномаи байторї - њуљљати якдафъагї, ки аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатии байторї дода, сињатї ва эм карда шудани њайвонотро тасдиќ менамояд ё бори тањти назорати байторї ќарордошта аз љойњои барои беморињои сироятї мусоид бароварда мешавад;

- шањодатномаи сифат ва бехатарии мањсулоти њайвонот, мавод ва маснуоти байторї - њуљљате, ки дар он истењсолкунанда мутобиќати сифат ва бехатарии њар гурўњи мањсулот, мавод ва маснуоти байториро бо санадњои меъёрии техникї тасдиќ мекунад;

- шиносномаи байторї - њуљљате, ки шакли онро маќомоти ваколатдори давлатии байторї муайян мекунад ва дар он соњиб, намуд, љинс, ранг, сол, раќами (нишонаи) инфиродии њайвон, мўњлат ва хусусияти тадбирњои байторї бо маќсади пешгирї, табобат ва ташхиси беморињои њайвонот ќайд карда мешаванд;

- эпизоотия - пањншавии саросарии беморињои сироятии њайвонот дар як ё якчанд воњидњои њамарзиву маъмурї;


Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи байторї

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи байторї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байнал­милалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, иборат мебошад.


Моддаи 3. Салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи байторї

Ба салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба соњаи байторї дохил мешаванд:

- муќаррар намудани сиёсати ягонаи давлатї дар соњаи байторї;

- тањия ва татбиќи барномањои давлатї дар соњаи таъмини амнияти байторию санитарї ва муњофизати ањолї аз беморињои умумии њайвонот ва инсон;

- муќаррар намудани тартиби љуброни арзиши њайвонот ва мањсулоти он, ки бинобар сабаби ба саломатии њайвонот ва инсон хатарнок будани онњо аз тарафи маќомоти назорати давлатии байторї мусодира ва нобуд карда мешаванд;

- тасдиќ намудани Низомномаи маќомоти ваколатдори давлатии байторї;

- таъин намудани сардори маќомоти ваколатдори давлатии байторї (Сарнозири давлатии байторї, намояндаи Љумњурии Тољикистон дар Бюрои байналмилалии эпизоотї);

- таъсис ва тасдиќи Низомномаи «Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї»;

- тасдиќи низомнома оид ба намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати дав­латии байториро амалї менамоянд;



- њамоњангсозии фаъолияти маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар соњаи таъмини амнияти бењдошти байторї;

- ташкили маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи байтории Љумњурии Тољикистон;

- пешбурди фењристњои давлатии маводи эњтимолан хатарноки кимиёвї, биологї ва радио­активї, партовњои истењсолї ва истеъмолї, инчунин навъњои алоњидаи хўроки њайвонот ва иловањои хўроки њайвонот, бори аввал ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид карда мешаванд;

- таъмини њифзи ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз беморињои сироятии њайвонот;

- љорї ва бекор кардани тадбирњои мањдудкунанда (карантинї) дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

- љорї ва бекор кардани назорати байторию карантинї дар нуќтањои гузаргоњњои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон;

- ба роњ мондани њамкорињои байналмилалии Љумњурии Тољикистон ва бастани шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон дар соњаи таъмини амнияти эпизоотологї;

- амалї намудани салоњиятњои дигаре, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян намудааст.

Моддаи 4. Ваколатњои маќомоти ваколатдори

давлатии байторї

Ба ваколатњои маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи байтории Љумњурии Тољикистон (минбаъд - маќомоти ваколатдор) дохил мешаванд:

- пешбурди фењристњои давлатї ва аккредитатсияи шахсони воќеї ва њуќуќї, ки њайвонот, мањсулоти он, хўрок ва иловањои хўроки њайвонотро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид месозанд;

- татбиќи сиёсати ягонаи давлатї дар соњаи байторї;

- тањия, тасдиќ ва пешнињод намудани ќоида ва меъёрњои ягонаи бењдошти байторї, санадњои меъёрии њуќуќии соњаи байторї дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байнал­милалї;

- тасдиќи тартиби амалї намудани интиќоли борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

- тасдиќи тартиби гузаронидани аттестатсияи бењдошти байторї ва гирифтани иљозати бењдошти байторї барои содироти гўшт ва мањсулоти гўштї, шир ва мањсулоти ширї аз Љумњурии Тољикистон ва воридоти чунин мањсулот ба Љумњурии Тољикистон;

- тасдиќи талаботи бењдошти байтории шароити нигоњдорї ва коркарди гўшту мањсулоти гўштї, ширу мањсулоти ширї, моњию мањсулоти моњигї ва тухм;

- тасдиќи низомномаи ташхисгоњњои бењдошти байторї;

- тасдиќи коидањои нишонагузорї, шиноснома-дињї ва шакли шиносномаи инфиродии њайвонот;

- њифзи ањолї аз беморињои умумии њайвонот ва инсон;

- тасдиќи тар­­тиби усулњои гузаронидани санљиши бењдошти байторї;

- тасдиќи тар­тиби пешнињоди њисоботи омории байторї;

- њифзи њудуди Љумњурии Тољикистон аз ворид ва пањншавии ангезањои беморињои карантинии њайвонот аз њудуди дигар давлатњо ё минтаќањои карантинї, инчунин аз воридоти мањсулоте, ки дар он нумўяњои биологї, антибиотикњо, маводи гормонї бо маќсади суръатбахшї ва афзоиши мањсулнокии њайвонот истифода шудааст, радиатсияи баланд доранд ва аз љињати ирсї дигаргун (модификатсия) карда шудаанд;

- иљозат додан ба содирот, воридот ва убури борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта вобаста ба вазъи эпизоотї;

- назорати бехатарии бењдошти байтории истењсол, коркард, нигоњдорї, интиќол ва фурўши объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта;

- тањия ва тасдиќ намудани тартиб ва назорати љойивазкунї, содирот ва воридоти объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта;

- ташхиси бењдошти байтории мањсулоти њай­вонот, инчунин мањсулоти растанї бо маќсади таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии онњо;

- ташкили санљиш (апробатсия), назорати маводи байторї, хўрок ва хўрокињои ба он иловашаванда, санљишњои баќайдгирифташудаи онњо, инчунин пешбурди Фењристи давлатии маводи байторї;

- тањия, тасдиќ ва пешнињоди барномањои маќсаднок оид ба пешгирї ва бар­њам­ додани беморињои сироятии њайвонот;

- ташкил ва гузаронидани мониторинги эпизоотологии беморињои њайвонот, аз љумла њайвоноти вањшї;

- ташкили хариди давлатї, нигоњдорї, интиќол ва истифодаи давлатии маводи байторї бо тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љум­њурии Тољикистон;

- тањия ва пешнињоди барномањои љумњуриявї оид ба таълим додани мутахас­сисони соњаи байторї, истењсоли доруворї барои ташхис, пешгирї ва табобати њайвонот, ташкили корњои тањќиќоти илмї оид ба масъа­лањои байторї;

- назорати риояи санадњои меъёрии њуќуќї дар соњаи байторї аз тарафи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва шахсони мансабдор, корхонаю муассисањо, дигар ташкилотњо ва субъектњои фаъолияти хољагидорї, новобаста ба тобеият ва шаклњои моликият, иттињодияњои љамъиятї, таш­килотњои байналмилалї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањр­­ван­дони хориљї ва шахсони бешањрванд, соњибони њайвонот, мањсулоти њайвонот, инчунин мањсулоти растанї;

- ташкил ва гузаронидани корњои тарѓиботию фахмондадињии байторї дар байни ањолї;

- иштирок дар кори комиссияњои давлатї оид ба ќабул ва истифодаи иншооти чорводорї ва корхо­нањои истењсолї, захира (забњ) кардани њайвонот, коркарди мањсулоти њайвонот;

- ташкил ва назорати нишонагузорї, баќайдгирии њайвонњои хољагї ва хонагї, интиќоли њайвонот ва мањсулоти њайвонот;

- бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон намояндагї кардани Љумњурии Тољикистон дар ташкилотњои байналмилалии соњаи байторї, инчунин ташкили њамкорї бо онњо.

- додани супориш барои њатман гузаронидани чорањои зиддиэпизоотї ва бењдошти байторї ба њамаи объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта новобаста ба шакли моликият;

- андешидани чорањо дар њолати мављуд будани беморињои гузаранда барои нобуд кар­дани њайвонот, несту нобуд ё безараргардонии мањсулоти њайвонот, коркарди махсус ё чун партов истифода намудани он ва муайян намудани тартиби аз њисоби буљети давлатї ё ширкатњои суѓуртавї љуброн намудани зиёни ба соњибмулк расида;

- боздоштани фурўш, инчунин коркарди мањсулоти њай­вонот ва растаниро, ки ба талаботи бењдошти байторї мувофиќат наме­кунад, воситањои муњофизат, ташхис, табобати њайвонот, иловањои хўроки њай­воноти ба талаботи сифат мутобиќ набударо то баратаф кардани камбудињо ва вайронкунии ќонунгузорї бо пешнињод намудани даъво ба суд;

- боздоштан ва ба суд пешнињод намудани даъво дар њолати ба шиносномаи худ номутобиќ будани хайли (штамми) микроорганизм, риоя накардани рељаи нигањдории микроорганизмњо дар ташхисгоњњои байторї, пажўњишгоњњои илмї тањќиќотї ва корхонањои коркарди мањсулоти њайвонот;

- дар мавриди риоя накардани ќонунгузории байторї нашр кардани дастуру амрномањо ва ќабул намудани ќарорњои дахлдор оид ба ислоњи онњо;

- мањдуд кардан, муваќќатан боздоштан ё манъ намудан ва ба суд пешнињод намудани даъво оид ба фаъолияти корхонаю муассисањо, дигар ташкилотњо ва объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта дар њолати вай­рон шудани меъёрњои бењдошти байторї ва ќоидањо, ки метавонанд бои­си тањдиди њаёт ва саломатии инсон ё сабабгори дигар оќибатњои ваз­нин шаванд;

- бо тартиби муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдор ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љум­њурии Тољикистон амалї намудани тартиби љорї кардани (бекор кардани) карантин дар ќаламрави Љум­њурии Тољикистон, њудудњои дахлдори ноњияњо, шањрњо, дар объект­њои фаъолияти хољагидорї ва дигар намудњои фаъолият, дар гузаргоњњои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, шартњои татбиќи карантин, дигар чорабинињои мањдудкунандаи бењдошти байторї ва номгўи беморињои сироятии њайвонот, ки боиси љорї намудани карантин, мусодираи њайвонот ва ё мањсулоти он мегардад;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роњбарони ташкилотњои тобеи маќомоти ваколатдори давлатии байторї, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

- таъин намудани љазои маъмурї;



- амалї намудани дигар ваколатњое, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян намудааст.



Достарыңызбен бөлісу:
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет