Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


III. Тартиби гузаронидани назорати давлатии



жүктеу 7.62 Mb.
бет10/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   42

III. Тартиби гузаронидани назорати давлатии

байтории корхонањои забњи чорво, парранда ва коркарди гўшт

4.Њангоми гузаронидани аккредитатсияи корхона­њои забњи чорво, парранда ва коркарди гўшт масъалањои зерини назоратї баррасї карда мешаванд:

- мављудияти шањодатномаи байторию бењдоштии шароити истењсолии корхона ва аккредитатсияи давлатии байторї;

- соли таъсиси корхона, иќтидор ва нуфузи корхона оид ба истењсол ва содироти мањсулот;

- љавобгў будани корхона тибќи талаботњои Бюрои байналмилалии эпизоотї (ББЭ), мављудияти сертификати системаи ISO ва дигар гувоњномањои истењсолию содиротї оид ба истењсол ва содироти мањсулот;

- иншоотњои байтории ин корхонањо (љойи муоинаи пеш аз забњ, њудуди карантинї, мањдудият, љойи забњ ва ѓайра вобаста ба намуди чорво ва мањсулоти истењсолшаванда ва ѓайра);

- њолати монеањои безараргардонї ва гузаргоњњое, ки ба воситаи онњо чорво ва парранда кашонда ва фароварда мешаванд;

- њолати воситањои наќлиёт ва катакњо, ки аз онњо чорво ва парранда фароварда мешаванд;

-тарзи дурусти барасмиятдарории њуљљатњои њамроњии байторї ва мувофиќати онњо ба намуд ва саршумори њайвоноти ба кушторгоњ дохилшуда;

- дар карантин нигоњдории њайвонот бо дарназардошти ќонунгузории байторї;

- муоинаи пеш аз забњи чорво ва паррандаи дохилшуда;

- додани хулосаи байтории равон кардани чорво ва парранда ба забњ ё забњи бењдоштї;

- бесирояткунии њудуд, безараргардонии биноњо, таљњизотњо ва воситањои наќлиёт, инчунин гузаронидани дезинсексия ва дератизатсия;

- муоинаи байторию бењдоштии баъди забњ;

- гузаронидани санљишњои иловагии мањсулот аз рўйи нишондод (гистологї, бактериологї, парази­тологї ва ѓайра);

- тамѓагузории гўшт дар натиљаи муоинаи байторию бењдоштї;

- ѓунљоиш ва шумораи сардхонањои нигоњдории тана ва нимтанаи чорво, мављудияти тамѓа дар гўшт, муњлат ва њарорати нигоњдорї то ваќти гузаронидан ба сех барои устухонљудокунї ва ба тоифањо ё ќисмњои алоњида пора кардани гўшт;

- супоридани хулосаи байтории мањсулоти гирифташуда нисбати коркарди минбаъда ё фурўши он барои истеъмол;

- риояи нишондињандањои техникї дар истењсолот ва њолати байторию бењдоштии таљњизотњои технологї;

- риояи талаботњои байторию бењдоштї дар ваќти ќабули мањсулот дар њуҷрањои сардкунанда;

- њолати бењдоштии воситањои наќлиёт ва асбобњое, ки аз онњо ашёи хоми озуќа ва мањсулоти ѓизої фароварда мешаванд;

- мутобиќати гўшт ё мањсулоти аз чорво тайёршудаи барои коркард дохилшуда бо њуҷљатњои њамроњии байторї;

- шароити коркарди гўшт вобаста ба тоифањо ё ќисмњои алоњидаи он;

- назорат аз болои кори устухонљудокунї ва ќисмњои алоњидаи гўшт;

- назорати истењсоли ќуттињо, њолати бењдоштї ва тарзи безараргардонии ќуттињои нигоњдорї, муњлат ва њарорати нигоњдории гўшт дар њуҷрањои яхдони исканља;

- хулосаи њуљҷатгузорї ва тартиби додани санад барои гўшт, мањсулоти гўштї ва ашёи хоми нобоб шумурдашуда;

- нест кардани љасади чорво, парранда, пасмондањои байтории гўшт, гўшти нобоб шуморидашуда ва дигар мањсулоти забњ;

- ќуттикунонии мањсулот ва муайян намудани оњанрезањо дар мањсулот, инчунин муњлат, ѓунљоиш ва њарорати баланди хунуккунонї дар њуљрањои яхдон;

- назорати њарорати муќаррарии нигоњдории мањсулот дар яхдон дар муддати то содирот ё интиќол, ѓунљоиш ва шумораи яхдонњои нигоњдорї;

- назорати мутамаркази њарорати нигоњдории мањсулот дар њуљрањои яхдон;

- пешбурди њуљљатњои муайяншудаи байторї;

- њолати бењдоштии воситањои наќлиёт, ки бо онњо мањсулот аз корхона бор карда, интиќол дода мешавад;

- додани њуљљатњои њамроњии байтории ќабулшуда дар натиљаи иљрои талаботњои байторию бењдоштї ва бањодињии байторию бењдоштии мањсулоти истењ­солшуда ё интиќолдодашуда;

- гигиенаи шахсии њайати хизматрасон, ки дар безараргардонї ва коркарди истеъмолии гўшти чорвои бемор, хароб ва маљбуран забњшуда кор мекунанд;

- ташкил ва ба амал баровардани назорати идорї, аз љумла озмоишї;

- шумораи духтурони байторї дар корхона, аз ҷумла духтурони байтории давлатї;

- рўйхати хољагињо ва бахши хусусї оид ба истењсоли гўшти чорво ва парранда;

- муайянкунии номгўй ва миќдори мањсулоту ашёи чорводорї ва бастубанд бо њуљљатњои њамроњии байторї;

- њолати безараргардонї ва софкунии пасобњо ё обњои истифодашуда дар корхона, њаљми он ва истифодаи баъди безараргардонї ва софкунї;

- њолати эпизоотии минтаќаи љойгиршавии корхона;

- таљрибаи корхона оид ба фаъолияти љойдошта, истифодаи меъёрњои байналмилалї, азнавсозї ва таљњизотњои муосир дар корхона.
IV. Тартиби гузаронидани назорати давлатии

байтории мањсулоти ширї

5. Њангоми гузаронидани аккредитатсияи корхона­њои мањсулоти ширї масъалањои зерини назоратї баррасї карда мешаванд:

- мављудияти шањодатномаи байторию бењдоштии шароити истењсолии корхона ва аккредитатсияи давлатии байторї;

- соли таъсиси корхона, иќтидор ва нуфузи корхона оид ба истењсол ва содироти мањсулот;

- љавобгў будани корхона тибќи талаботњои Бюрои байналмилалии эпизоотї (ББЭ), мављудияти сертификати системаи ISO ва дигар гувоњномањои истењсолию содиротї оид ба истењсол ва содироти мањсулот;

- назорат аз болои њолати монеањо, гузаришгоњои даромад ва баромади мањсулоти ширї;

- мутобиќати мањсулоти дохилшуда бо њуљљатњои њамроњии байторї ва мављудияти тамѓаи ќурѓошимї дар зарфњо;

- риояи талаботњои байторї дар ваќти шустушўй, безараргардонии воситањои наќлиёт, зарфњо ва дигар ашёњое, ки барои кашондани шир ва дигар мањсулотњои ширї истифода бурда мешаванд;

- риояи талаботњои байтории шири подањои чорвои аз нуќтањои носолим воридшуда;

- бехатарии шири барои коркард воридшуда тавассути тањлили эпизоотологї;

- роњ надодани шир барои коркард бе риояи муњлати интизорї њангоми гузарондани чорабинињои наќшавии пешгирикунандаи говњои љўшої;

- риояи талаботњои байторию бењдоштї њангоми нигоњдорї, гузаронидани пастеризатсия ва коркарди мањсулоти ширї;

- риояи гигиенаи шахсии њайати хизматрасон;

- ташкил ва ба амал баровардани назорати идорї, аз љумла озмоишї;

- чорабинињои гузаронидаи байторию бењдоштї: дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия;

- тартиби додани њуљљатњои њамроњии байтории намунаи ќабулшуда аз натиљаи иљрои талаботњои байторию бењдоштї ва бањодињии байторию бењдоштии мањсулоти истењсолшуда ё интиќол­дода­шуда;

- мутобиќати иншоотњои назоратї ва талаботњои муайяншуда дар њолати содироти мањсулот ва додани хулоса барои гирифтан раќами содиротии байторї;

- шумораи духтурони байторї дар корхона, аз ҷумла духтурони байтории давлатї;

- пешбурди рўйхати хољагињо ва бахши хусусии истењсолкунандаи мањсулоти ширї;

- назорати истењсоли ќуттињо ва тартиби безараргардонии ќуттињои мањсулот;

- бастабанд, тамѓагузорї ва маркетинги мањсулот;

- назорати њарорати муќаррарии нигоњдории мањсулот дар њуљрањои яхдон дар муддати то содирот ё интиќол, ѓунљоиш ва шумораи њуљрањои яхчдони нигоњдорї;

- њолати безараргардонї ва софкунии пасобњо ё обњои истифодашуда дар корхона, њаљми он ва истифодаи баъди безараргардонї ва софкунї;

- њолати эпизоотии минтаќаи љойгиршавии корхона;

- таљрибаи корхона оид ба фаъолияти љойдошта, истифодаи меъёрњои байналмилалї, азнавсозї ва таљњизотњои муосир дар корхона.
V. Тартиби гузаронидани назорати давлатии байторї дар корхонањои истењсоли моњї ва сайди моњї

6.Њангоми гузаронидани аккредитатсияи корхона­њои истењсоли моњї ва сайди моњї масъалањои зерини назоратї баррасї карда мешаванд:

-мављудияти шањодатномаи байторию бењдоштии шароити истењсолии корхона ва аккредитатсияи давлатии байторї;

- њолати эпизоотї ва байторию бењдоштии обанборњои дохилї;

- иљрои чорабинињои байторию бењдоштї;

- мутобиќати афзол, ки барои сайд истифода мешавад, лавозимот, љойи нигоњдорї ва воситањои интиќоли моњикашонї тибќи муќаррароти талаботњои байторию бењдоштї;

- мутобиќати моњии сайдшуда ва дигар мањсулоти бањрї ба талаботњои байторию бењдоштї;

- тартиби гирифтани намуна барои муоинаи байторию бењдоштї ва ташхиси озмоишї;

- тартиби супоридани хулосаи байторию бењдоштї вобаста бо имконияти истифодаи мањсулот бо маќсади истеъмол, безарагардонї ва нест кардан;

- иљрои чорабинињо нисбати гигиенаи шахсии њайати хизматрасон;

- ташкил ва ба амал баровардани назорати идорї, аз љумла озмоишї;

- чорабинињои гузаронидашудаи байторию бењ­дош­­тї: дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия.


VI. Тартиби гузаронидани назорати давлатии

байтории коркарди моњї ва мањсулоти бањрї

7. Њангоми гузаронидани аккредитатсия корхона­њои коркарди моњї ва мањсулоти бањрї масъалањои зерини назоратї баррасї карда мешаванд:

-мављудияти шањодатномаи байторию бењдоштии шароити истењсолии корхона ва аккредитатсияи давлатии байторї;

- мувофиќати ашёи воридшуда ба њуљљатњои байтории њамроњї, ки сарчашмаи истењсол, сифат ва бехатарии онро тасдиќ мекунанд;

- риояи тартиби байторию бењдоштї њангоми кашондан бо наќлиёт, боркунї ва љобаљокунї дар анборњо, нигоњдории ашёи воридшуда;

- тартиби муоинаи байторию бењдоштї (тибќи нишондодњои ташхиси озмоишї) мањсулоти воридшуда барои коркард;

- иљрои равандњои технологї дар ваќти коркарди мањсулоти моњигї, бахусус безарагардонии он аз рўйи нишондодњои паразитологї;

- гузаронидани бањодињии байторию бењдоштї (муоинаи байторию бењдоштї) мањсулоти дар корхона истењсолшуда;

- пешнињоди хулосаи байторї барои коркарди техникї, несткунии пасмондањои истењсолї ва мањсулоти нобоб њисобшуда;

- тартиби истифода ва нест кардани пасмондањои истењсолї ва мањсулоти нобоб њисобидашуда мутобиќи хулосаи гирифташуда;

- тартиби безарагардонии бино, иншоот, лавозимот ва воситањои наќлиёт, инчунин гузаронидани дезинсексия ва дератизатсия;

- њолати воситањои наќлиёт, ки барои аз корхона кашонидани мањсулот истифода бурда мешаванд;

- тартиби интиќоли мањсулот барои безарагардонї ва несткунї;

- иљрои чорабинињо нисбати гигиенаи шахсии њайати хизматрасон;

- ташкил ва ба амал баровардани назорати идорї, аз љумла озмоишї;

- гузаронидани чорабинињои байторию бењдоштии дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия.

- тартиби додани њуљљатњои њамроњии байтории ќабулшуда дар натиљаи иљрои талаботњои байторию бењдоштї ва бањодињии байторию бењдоштии мањсулоти истењсолшуда ё интиќолдодашуда;

- шумораи духтурони байторї дар корхона, аз ҷумла духтурони байтории давлатї;

- њолати эпизоотии минтаќаи љойгиршавии корхона;

- назорати њарорати муќаррарии нигоњдории мањсулот дар њуљрањои яхдон ва анборњои нигоњдорї дар муддати то содирот ё интиќол, ѓунљоиши њуљрањои яхдон ва анборњои нигоњдорї;

- таљрибаи корхона оид ба фаъолияти љойдошта, истифодаи меъёрњо ва талаботи байналмилалї;

8. Даврияти гузаронидани аккредитатсия дар давоми панљ сол як маротиба анљом дода мешавад.

9. Харољоти сафарњои хизматии коршиносон аз њисоби корхонањо ва ё соњибкорон пардохт карда мешавад.

10. Баъди гузаронидани санљиши корхонањои истењсолии ватанї, ИДМ ва кишварњои хориљї пешнињоди хулосаи коршиносон ба Хадамоти назорати давлатии байторї барои аккредитатсия, ки шахсони воќеї ва њуќуќї аз онњо њайвонот, мањсулоти он, хўрока ва иловањои хўроки чорворо ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид ва аз љумњурї содирот менамоянд, вараќаи аккредитатсионї дода мешавад.



(Замима)



«Дида ва маъќул дониста шуд»

Дар Шўрои илмию техникии

ХНДБ ВК ЉТ

Суратљаласаи № 1

аз 11 сентябри с. 2012


«Тасдиќ мекунам»

Сардори ХНДБ ВК ЉТ

_________М.Амирбеков

14 сентябри с.2012






НИЗОМНОМАИ

тартиби сертификатсиякунони маводњои дорувории байторї дар Љумњурии Тољикистон

1. Низомномаи мазкур тартиб ва ќоидањои гузаронидани сертификатсияи њатмии маводхои байторї дар Љумњурии Тољикистон, инчунин меъёр, ќоида ва талаботњоро оид ба истењсол, воридот, фурўш, нигохдорї ва истифодабарии онњо муайяи мекунад. Низомнома барои таъмини эътирофи сертификатсияи маводњои байторї, ки Маркази назорати давлатии маводхои байторї (МНДМБ) додаст, дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон њукми ќонунї дорад.

2. Фаъолият оид ба додани сертификати мутобиќат ба маводњои байторї, баќайдгирии давлатии онњо ва ба ин маводњо додани аломатњои мувофиќат аз тарафи МНДМБ дар асоси њуљљатњои меъёрии њуќуќии зерин амалї мегардад:

- Ќонуни Љумњурии Тоҷикистон «Дар бораи байторї» №674 аз 29 декабри с.2010;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сертификатсияи мањсулот ва хизматрасонй» №313 аз 13 декабри с.1996;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маводњои доруворї ва фаъолияти фармасевтї» тањти №39 аз 6 августа соли 2001;

- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандарткунонї» №668 аз 29 декабри с.2010;

- Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи наќшаи чорабинињо оид ба содда гардонидани монеањои маъмурї њангоми содироту воридоти молњо» №487 аз 1.10. с.2008;

- Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи номгўи молњо (кор ва хизматрасонї), ки бояд њатман сертификатсия карда шаванд» №310 аз 18 июни с.2012 ;

- Ќарори Њукумати Љумњурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиќи Созишнома оид ба истифодаи меъёрњо, ќоидањо ва талаботи техникї, тиббї, фармасевтї, санитарї, байторї ва фитосанитарї нисбати молњои ба давлатњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил воридшаванда» №468 аз 3 декабри с.2002;

- Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторї» №182 аз 3 апрели с.2007;

- Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар хусуси тасдиќи Созишнома оид ба њамкорї дар мубориза бар зидди гардиши маводњои дорувории ќалбакї» №109 аз 1 марти с.2010;

3. Сертификатсиякунонии маводњои байторї аз тарафи шуъбаи стандартизатсия ва сертификатсияи МНДМБ гузаронида мешавад.

4. Тамоми маводњои дорувории байтории истењсоли ширкатњои ватанї ва хориљї, ки дар Љумњурии Тољикистон истифода мешаванд, њатман бояд аз ќайди давлатї гузаранд.

5. Тањлил ва сертификатсиякунонии доруворињои истењсоли ширкатњои хориљї тибќи њуљљатњои меъёрии аз тарафи ширкати истењсолкунанда пешнињод­шуда амалї мешавад. Доруворињои ватанї дар заминаи шуъбаи назорати техники (ШНТ)-и ширкати истењсолкунанда санљида шуда, ба маќоми сертификатсиякунонї протокол пешнињод менамояд. Њамаи ҷавобгариро оид ба пастсифат будани маводи дорувории ватанї ба зиммаи ширкати истењсол­кунанда вогузор карда мешавад.

6. Дар баъзе њолатњо маводњои доруворие, ки бо маќсади истифодаи санљиши истењсолї ворид карда мешаванд, бо иљозати Хадамоти назорати давлатии байторї, бе ќайди давлатї сертификатсия карда мешаванд.

7. Тартиби гирифтани намунањои маводњои доруворї барои сертификатсия аз тарафи маќоми сертификатсиякунонї муайян карда мешавад. Миќдор ва шароити њамлу наќди маводи доруворї барои сертификатсия мувофиќи њуљљатњои меъёрию техникии ширкати истењсолкунанда амалї карда мешавад.

8. Намунањои санљишии маводњои доруворї (бо субстансияи маводи доруворї) бо њуљљатњои мёъёриашон дар як баста ба шуъбаи стандартизатсия ва сертификатсияи МНДМБ фиристода мешаванд.

9. Намунањои гирифташуда ба се ќисм: барои санҷиши озмоишї (тозагї, безарарї, фаъолнокї, аслии мавод ва ѓайра); санљиши истењсолї ва нигоњ доштан дар арбитраж таќсим карда мешаванд.

10. Маблаѓи санљиши намунањои маводњои доруворї ва сарфи маблаѓи њамлу наќди онњо ба МНДМБ аз њисоби корхонањо ва ширкатњои фармасевтии истењсолкунанда тибќи нархномаи тасдиќ­намудаи Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пардохт карда мешавад.

11. Санљиши намунањо барои баќайдгирии давлатї на камтар аз 30 рўз ва барои сертификатсиякунонї то 10 рўзи пас аз ворид шудани онњо гузаронида мешавад, агар дар њуљљатњои меъёрию техникї барои санљиши онњо муњлати дарозтаре пешбинї нашуда бошад.

12. Дар њолати пайдо намудани нуќсон њангоми санљиши маводњои доруворї МНДМБ барои бекор кардани маводњои байтории нуќсондор ба ширкати истењсолкунанда хабарнома мефиристад.

13. Мувофиќи моддаи 1-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» маводњои пастсифате, ки ба талаботњои сатандарти давлатї номувофиќ ё муњлати истифодабариашон ба охир расидааст, дар њузури намояндаи ширкати ворид­кунанда сўзонида, нобуд карда мешавад.

14. Маводњои дорувории байторї ќабл аз ба фурўш бароварданашон дар МНДМБ њатман сертификатсия карда мешаванд.

15. Тартиби гузаронидани сертификатсияи мавод­њо ва субстансияњои доруворињои байторї чунин аст:

- пешнињоди дархост;

- идентификатсияи њуљљатњои маводњои дорувории байторї;

- санљиши маводњои доруворї ва субстансияњои онњо дар озмоишгоњњои аккредитатсияшуда гузарони­да мешавад.

16. Корхонањое, ки истењсоли маводњои байториро ба роњ мондааст, бояд аз аттестатсияи МНДМБ мувофиќи меъёру талаботњои зерин гузаранд:

а) базаи моддию техникї;

б) бино;

в) ихтисоси мутахассисон;

г) њуљљатњои меъёрии техникї;

д) таљњизот ва реактивњои кимиёвї.

17. Корхонањои истењсолї њангоми якумин маротиба истењсол намудани маводњои байторї ва ё њангоми таѓйир додани технологияи истењсолї барои гирифтани литсензия вазифадоранд МНДМБ-ро оид ба тайёр будани мањсулот барои истењсоли пурра огоњ созанд.

18. Барои гирифтани иљозати назорати пешакї бояд ба МНДМБ намунањои мањсулоти аввалинро (на камаш аз 5 нусха) баъди санљиши шуъбаи назорати техникии ширкати истењсолкунанда фиристанд.

19. Намунањои маводњои байторї бо протоколи тањлили ширкати истехсолї аз рўйи њамаи нишондињандањои сифат, ки дар њуљљатњои меъёрию техникї дарҷ гардидаанд, инчунин бо санади интихоби намунаи миёна ва мактуби хамроњї ба озмоишгоњ фиристода мешаванд.

20. Хулосаи хаттии натиљањои санљиш якљоя бо протоколи тањлилї ба шуъбаи стандартизатсия ва сертификатсия барои гирифтани сертификати мутобиќат пешнињод мегардад.

21. Маводњои байтории воридшуда то ба анљом расонидани корњои озмоиши ва гирифтани сертификати мутобиќат ба фурўш бароварда намешаванд.

22. Дар њолатњои зарурї барои санљиши пурраи маводњои доруворї мутахасисони хориљї ва ватанї љалб карда мешаванд.

23. Намунањои маводњо барои санљиш аз анбори мањсулоти тайёри корхонаи истењсолкунанда, анбори дорухонањо ва аз дўконњои доруфурўшї бо иштироки намояндаи ширкати истењсолкунанда (воридкунанда) интихобан гирифта мешаванд.

24. Њангоми гирифтани намунањо мувофиќи иљозатномаи ХНДБ оид ба воридоти маводи доруворї ва њуљљатњои меъёрї санади гирифтани намунањо тартиб дода мешавад.

25. Дар њолати ба талаботи њуљљатхои меъёрї љавобгў набудани намунањои маводњои байторї, МНДМБ эродњои хаттиро якљоя бо протоколи тањлилї ба корхонаи истењсолкунанда ва муассисањое, ки аз онњо намунањо гирифта шуда буданд, мефиристонад.

26.Њангоми натиљањои мусбии тањлил МНДМБ ба маводи дорувории воридшуда сертификати мутобиќат медињад.

27. Дар њолати дар байни истењсолкунанда ва истеъмолкунанда ба амал омадани бањсњо оид ба сифати маводњои байторї ин маводњо дар МНДМБ аз санљиши такрорї гузаронида мешаванд.

28. Санљиши доруворињои байторї барои сертификатсиякунонї мувофиќи њуљљатњои меъёрї аз рўйи чунин нишондодњо гузаронида мешаванд:

- шакли зоњирї;

- вазн, њаљм ва воя;

- аслї будан;

- нишондоди рН;

- зичии мавод;

- санљиши таркиб ва миќдори маводи таъсиркунанда (дар њолати баќайдгирї);

- безарарї;

- тозагї;

- фаъолнокии њамон ваксинањое, ки дар њуљљатњои мёъёриашон нишон дода шудааст (ваксинањои зидди брутселлёз, вабои сумдард, бемории Нюкасл);

- масуниятнокии ваксинањо дар њолатњои зарурї бо иштироки экспертњои ширкатњои истењсолокунанда бо иљозати ХНДБ гузаронида мешавад.

29. Намунањои маводњои барои назорат воридшванда, ки ба талаботњои меъёрї љавобгў нестанд, дар озмоишгоњ муддати то 3 моњ нигоњ дошта шуда, баъд аз он дар иштироки комиссия сўзонида, нобуд карда мешаванд.

30. Намунањои маводњое, ки баъди санљиш боќї мемонанд, безарар гардонида шуда, дар иштироки комиссия сўзонида, нобуд карда мешаванд.





«Дида ва маъќул дониста шуд»

Дар Шўрои илмию техникии

ХНДБ ВК ЉТ

Суратљаласаи № 1

аз 11 сентябри с. 2012


«Тасдиќ мекунам»

Сардори ХНДБ ВК ЉТ

_________М.Амирбеков

14 сентябри с.2012






Н И З О М Н О М АИ

тартиби ташхис, санљиш ва баќайдгирии маводњои

байторӣ дар Љумњурии Тољикистон


  1. Муќаррароти умумӣ

1.1. Дар Љумњурии Тољикистон тартиби истењсол, фурӯш ва истифодаи маводњои байторӣ мављуданд. Шахсони њуќуќӣ (воќеъӣ) ҳуқуқ доранд, ки маводҳои байторӣ ва чорводориро баъд аз гузаштани аттестатсияи мутобиќати сифат дар Маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ (МНДМБ) тибқи талаботҳои њуљљатњои меъёрӣ ва раванди технологӣ истеҳсол намоянд.

1.2. Маводњои байторӣ ва чорводориро фақат шахсони њуќуќие (воќеъие) метавонанд ба муомилот бароранд, ки дорои иљозатномаи фурӯши маводҳои байторӣ бошанд.

1.3. Ба муомилот баровардан ва истифодабарӣ дар истењсолот маводњои байторие иљозат дода мешаванд, ки аз ќайди Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Љумҳурии Тољикистон (ХНДБ) ва сертификатсиякунонӣ гузашта, шаҳодатномаи баќайд-гирӣ ва сертификати мутобиќат дошта бошанд.

1.4. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» №674 аз 29.12.с.2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ» №182 аз 03.04.с.2007 таҳия шудааст.

1.5. Њуљљати мазкур қоидаҳои ташхис, санљиш ва баќайдгирии маводњои байтории ватанию хориљиро дар Љумҳурии Тољикистон муқаррар намуда, тартиби ба амалбарории онҳоро ба танзим медарорад ва њуљљати асоснокшуда барои истењсолкунандагони маводҳои байторӣ ё аризадињандагон ба ҳисоб меравад.
2. Истилоҳоти истифодашуда

2.1. Маводњои байторӣ (мавод) ин маводњои доруворие мебошанд, ки барои муолиҷа ва пешгирии бемориҳо, инчунин баландбардории мањсулнокии чорво истифода бурда мешаванд. Ба маводҳои байторӣ ваксинањо, анатоксинњо, маводњои ташхисӣ, хунобањои муолиҷавию пешгирикунанда, антибиотикҳо, маводҳои барои бордорукунии сунъии чорво истифодашаванда, антисептикњо, маводҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ дохил мешаванд.

2.2. Номгузории умумӣ ин номи моддаи таъсиркунандаи маводи ташкилоти байналмилалӣ ё мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсиякунонӣ барои истифода ба сифати номи ҷинсӣ (гурӯњӣ) ё хусусӣ (фаќат барои моддаи таъсиркунандаи аниќ) мебошад.

2.3 Номи тиљоратӣ (фарќкунанда) ин номи маводе, ки ба ќайд гирифта, бастубанд ва реклама карда мешавад.

2.4. Аризадињанда ин шахси њуќуќӣ ё воќеъие, ки аризаро барои ба ќайд гирифтани мавод пешнињод кардааст.

2.5. Баќайдгирӣ ин хулосаи мақсадноки баҳодиҳии мавод, ки дар натиљаи он Хадамоти назорати давлатии байторӣ барои истифодаи он дар Љумҳурии Тољикистон иљозат медињад.

2.6. Азнавбаќайдгирӣ ин такроран ба ќайд гирифтани мавод дар њоли ба анҷом расидани мӯњлати шаҳодатномаи баќайдгирӣ.

2.7. Санљиши баќайдгирӣ ин маҷмӯи таҷрибањои илмию тадќиќотие, ки бо маќсади муайян намудани хосиятҳои фоидаоварии мавод, бањодиҳии он барои бехатарии њайвонот, одам ва муњити атроф гузаринида мешаванд.



  1. Тартиби гузаронидани ташхис

3.1. Ташкилот – бунёдгар ё ширкати истењсолкунанда, минбаъд - аризадињандаи маводҳои байторӣ бо аризааш дар бораи баќайдгирӣ (азнавбаќайдгирӣ)-и маводи байтории худ ба МНДМБ мурољиат мекунад.

3.2. Бо ариза ду нусха бастаи њуљљатњо пешнињод карда мешаванд (замимаи 2, 3 ва 4).

3.3. МНДМБ бо ширкати истењсолкунанда шарт­нома мебандад, ки мувофиқи он арзиши гузаронидани ташхис, санљиш ва баќайдгирии маводро мувофиќи нархнома пардохт менамояд. Аризадињанда дар навбати худ ду нусха бастаи њуљљатњоро омода намуда, як бастаашро ба бахши баќайдгирии МНДМБ ва нусхаи дуюмашро ба Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ барои дида баромадан месупорад.

3.4. Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ дар асоси хулосаи МНДМБ ќарорҳои зерин қабул мекунад ва ба ХНДБ тавсия медиҳад:

а) аз баќайдгирӣ (азнавбаќайдгирӣ)-и маводи воридшуда даст кашида шавад;

б) маводи воридшуда ба ќайд (аз нав ба ќайд) гирифта шавад;

в) санљиши баќайдгирии мавод гузаронида шавад.

3.5. Ќарори худро Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ барои иҷро ба МНДМБ ирсол медиҳад.


4.Тартиби санҷиши маводҳои байторӣ

4.1. Дар ҳолати ќабул намудани ќарори гузарондани санљиши баќайдгирӣ МНДМБ якҷоя бо Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ ташкилотеро муайян менамояд, ки дар он санљиш гузаронида мешавад, якљоя барномаи санљиши маводро таҳия намуда, онро дар мувофиқа бо аризадињанда дар ХНДБ тасдиқ мекунад.

4.2. Барои гузаронидани санљишњои баќайдгирӣ аризадињанда бояд миќдори муайяни мавод ва стан-дартњои таҳлилиро ба ҷойи санҷиш дастрас намояд.

4.3. Натиљаҳои санљиш ба МНДМБ ва барои дида баромадан ба Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ ирсол мешавад, ки ин имконияти бақайдгирии маводро арзёбӣ мекунад.

4.4. Маводњои байтории нави ватанӣ пас аз дида баромадан ва гирифтани розигии МНДМБ ба Хадамоти назорати давлатии байторӣ пешнињод карда мешаванд ва дар муњлати ду сол таҳти санљиши васеи истењсолӣ қарор мегиранд. Дар ин муњлат самаранокии мавод ва таъсири манфии он омӯхта мешавад. Санљиш тибқи дастурамали муваќќатии истифодаи мавод бо розигии МНДМБ ва тасдиқи Хадамоти назорати давлатии байторӣ гузаронида мешавад. Барои гузаронидани санљишњо маводеро истифода мебаранд, ки аз рӯйи талаботҳои шартњои техникии гурӯҳи таҷрибавӣ ва барои маводњои биологӣ бошад, аз силсилаи воридшудаи хайлњои истењсолии МНДМБ истењсол шуда бошад. Натиљаҳои санљиши васеи истењсолии мавод ба МНДМБ ва барои дида баромадан ба Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ ирсол мешавад.

5.Тартиби бақайдгирии маводҳои байторӣ

5.1. Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ хулосаи худро оид ба санҷиши њуљљатњо ва аз рӯйи натиљаҳои санљиши мавод дар МНДМБ бо дарназардошти гирифтани тавсияҳо ва маълумоти санҷишӣ дар муддати 15 рӯз ба Хадамоти назорати давлатии байторӣ пешниҳодот оид ба баќайдгирӣ (азнавбаќайдгирӣ)-и мавод дар Љумҳурии Тољикистон равон менамояд.

5.2. МНДМБ хулосаи Комиссия оид ба бақайдгирии маводҳои байторӣ дида баромада, дар њолати қабули ќарори мусбӣ оид ба бақайдгирии мавод ба аризадињанда шаҳодатномаи баќайдгирии маводро медињад.

5.3. Шаҳодатномаи баќайдгирӣ, ки дар он номи тиљоратии мавод дарљ гаштааст, ба њар як шакли доруворӣ дода мешавад.

5.4. Ба маводи баќайдгирифта раќами баќайдгирии навбатӣ дода мешавад.

5.5. Фаъолияти шаҳодатномаи баќайдгирӣ дар тамоми њудуди Љумњурии Тољикистон таъсири худро дорад.

5.6. Муњлати давомнокии шаҳодатномаи баќайд-гирӣ 5 сол мебошад.

5.7. Фаъолияти шаҳодатномаи баќайдгирӣ дар вақти таѓйирёбии таркиби мавод, муайян намудани таъсири манфии он ва дар ваќти баќайдгириаш ягон хел маълумот мављуд набудан манъ карда (боз дошта) мешавад.

5.8. Шаҳодатномаи баќайдгирӣ дар ваќти хариди мавод кафили сифатнокии мавод ва сертификати мутобиќат шуда наметавонад.

Замимаи 1

Талаботҳо ба њуҷҷатњои баќайдгирии маводњои биологӣ

Номгӯи њуљљатњое, ки барои бақайдгирии маводњои биологӣ лозиманд:

1. Аризаи ширкати аризадињанда бо имзои роњбар, ки барои баќайдгирӣ (азнавбаќайдгирӣ)-и маводи байторӣ ба Маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ (МНДМБ) пешкаш шудааст;

2. Маводҳои омӯзиши таҷрибавии мавод бо нишондоди натиљаҳои тадқикоти истењсолкунанда, мазмун, шарҳи пурраи усулҳои тадқиқот (бо нишондоди њассоснокии онҳо), вояњои санљишӣ ва натиљањои бадастоварда.

Маводҳои омӯзиши таҷрибавии мавод чунинанд:

- хулосаи адабиётҳо;

- шарҳи мавод бо нишондоди таркибот ва таъиноти он;

- наќшаи технологии истаҳсоли мавод;

- ҳисобот оид ба тадқиқоти гузаронидашуда бо шарњи њайлњои истифодшудаи микроорганизмњо (вирусњо, бактерияњо, занбӯруѓњо) ва усулњои парвариши онњо;



- ҳисобот дар бораи омӯзиши безарарӣ, вирулентнокӣ, иммуногенӣ, муайян намудани муњлат ва шароити истеъмоли мањсулоти чорво баъд аз истифодабарии мавод;

- ҳисобот оид ба омӯзиши самаранокии мавод;

3. Натиљаҳои санљиши комиссионии 2-3 намунаи маводи таҷрибавии озмоишӣ;

4. Лоињаи барномаи санљишњои истењсолӣ ва њайлњои назоратӣ;

5. Тавсифи хайлњои микроорганизмњое, ки аз он мавод тайёр карда мешавад ва ба талаботҳои хайл љавобгӯанд;

6.Лоињаи дастурамал (дастурамали муваќқатӣ) дар бораи истифодабарии мавод (шартњои техникии миќдори муайяни маводи таҷрибавӣ) барои маводњои ватанӣ ва усулњои назорат барои маводњои хориљӣ;

7. Њисобот оид ба омӯзиши хосияти мӯътадилӣ, ки дар асоси он муњлати истифодабарии маводро муайян менамоянд;

8. Намунаҳо аз се силсилаи мавод бо бастаи мол дар њаљми лозима барои гузаронидани секаратаи назорати пурраи сифатнокии мавод мувофиќи талаботҳои лоиња (шартњои техникӣ) ва намунаҳои стандартӣ;

9. Маълумот доир ба ширкати истењсолкунанда;

10. Маълумот оид ба штрих-коди ширкати истењсолкунанада;

11. Шаҳодатномаи баќйдгирии мавод дар давлати истењсолкунанда.

Њамаи њуљљатњо дар ду нусхаи чопи мошинӣ (компютерӣ) пешнињод карда мешаванд.



Замимаи 2

Талаботҳо ба њуҷҷатњои баќайдгирии маводњои дорувории байторӣ

Номгӯи њуљљатњои баќайдгирии маводњои дору­вории байторӣ:

1. Аризаи ширкати аризадињанда бо имзои роњбар, ки барои баќайдгирӣ (азнавбаќайдгирӣ)-и маводи байторӣ ё санҷиши он ба МНДМБ пешкаш шудааст;

2.Маводҳои омӯзиши таҷрибавии мавод бо нишондоди натиљаҳои тадқикоти истењсолкунанда, мазмун, шарҳи пурраи усулҳои тадқиқот (бо нишондоди њассоснокии онҳо), вояњои санљишӣ ва натиљањои ба дастоварда.

Маводҳои омӯзиши таҷрибавии мавод чунинанд:

- хулосаи адабиётҳо;

- шарҳи мавод бо нишондоди таркибот ва таъиноти он;

- ҳисобот оид ба зањрнокии мавод (зудтаъсир, дертаъсир ва давомнок);

- наќшаи технологии истеҳсоли мавод;

- ҳисобот оид ба омӯзиши як ќатор оқибатњои таъсирнокии мавод (тератогеннокӣ, мутагеннокӣ, кансерогеннокӣ ва аллергеннокӣ);

- ҳисобот оид ба омӯзиши фармакокинетикаи мавод;

- ҳисобот оид ба омӯзиши муњлати хориҷшавии миқдори боқимондаи моддањои фаъоли таъсиркунанда аз бадани њайвонот;

- ҳисобот оид ба омӯзиши самаранокии муолиҷавӣ;

- маълумот дар бораи ширкати истеҳсолкунанда;

- штрих-коди ширкати истењсолкунанада;

- шаҳодатномаи баќайдгирии мавод дар давлати истењсолкунанда;

3. Санадхои тафтиши самаранокии мавод бо имзои мутахассисони байторӣ ва мӯҳр;

4. Лоиҳаи дастурамал (дастурамали муваққатӣ) оид ба истифодабарии мавод;

5. Лоињаи шартњои техникии меъёри таҷрибавӣ барои маводњои ватанӣ ва усулњои назорат барои маводњои хориљӣ.

Дар талаботҳои сифати мавод усулҳои махсус, сифатнокӣ ва миқдории назорати моддаҳои фаъоли таъсиркунанда ва иловагии шакли доруворӣ, инчунин заҳрнокии он бояд тасвир ёбанд.

Ғайр аз ин барои шакли хокаи мавод, таблетка ва суппозиторияҳо дар шартҳои техникӣ бояд усулҳои муайянкунии вазни бастабандӣ, намнокӣ, заҳрнокӣ, инчунин барои шакли моеъи дорувориҳо шаффофнокӣ ва муайянкунии ҳаҷми номиналии заҳрнокӣ дохил карда шаванд.

Барои дорувориҳое, ки ба дохили бадан фиристода мешаванд, бояд ба таври илова усулҳои муайянкунии тозагӣ ва пирогеннокӣ ба назар гирифта шаванд;

6. Намунаҳо аз се силсилаи мавод бо бастаи мол дар њаљми лозима барои гузаронидани секаратаи назорати пурраи сифатнокии мавод мувофиќи талаботҳои лоиња (шартњои техникӣ) ва намунаҳои стандартӣ.

Њамаи њуљљатњо дар ду нусхаи чопи мошинӣ (компютерӣ) пешнињод карда мешаванд.

Замимаи 3

Ќоидаҳои омӯзиши таҷрибавии маводњои дорувории байторї барои баќайдгирї дар Љумњурии Тољикистон

Марҳилаҳои асосии тадқиқот омӯзиши фаъол­нокии хос, зањрнокӣ (зудтаъсир, дертаъсир ва давомнок), фармококинетика, муњлатњои аз организм хориљшавии миқдори боќимондаи моддањои фаоъли таъсиркунан­даи мавод ва самаранокии муолиҷавиро дар бар мегирад.

Њаљми тадќиќоти зарурии мавод асосан аз моддаи таъсиркунандаи дору ва таркиби он вобастагӣ дорад. Њамаи маводњо ба нӯњ гурӯњ људо карда шудаанд.

Гурӯњи якум. Нусхаи аслии маводњои наве, ки пеш дар Љумњурии Тољикистон дар соҳаи байторӣ ва тиб истифода бурда нашудаанд. Тадќиќоти ин гуна маводњо бояд пурра гузаронида шавад, ки омӯзиши фаъолнокии онҳо дар таљрибањо (in vitro, in vivo) зањрнокӣ (дертаъсир ва давомнок) дар њайвоноти озмоишӣ ва кишоварзӣ, зањрнокии хос (эмбриозаҳрнокӣ, таъсири тератогенӣ, аллергенӣ, иммунозаҳрнокӣ, мутагенӣ ва кансерогенӣ), фармакокинетика, мӯњлати боздошти мавод пеш аз забҳи чорво ва самаранокии муолиҷавии маводҳоро дар бар мегирад.

Гурӯњи дуюм. Маводњое, ки дар соҳаи байторӣ ќабул нашудаанд ва дар соҳаи тиб истифода бурда мешаванд. Тадќиќоти онҳо чун маводҳои гурӯњи якум, ѓайр аз омӯзиши зањрнокӣ дар њайвоноти озмоишӣ ва заҳрнокии хос гузаронида мешавад.

Гурӯњи сеюм. Маводњои наве, ки моддаи фаъоли таъсиркунанда (маводњо) ва иловањояшон (њалкунан­даҳо, стабилизаторҳо, консервантҳо) барои истифода дар соњаи байторӣ ќабул карда шудаанд. Ҳангоми гузаронидани тадқиқоти чунин маводњо дар њайвоноти озмоишӣ зањролудшавии зудтаъсир ва давомнок (дертаъсир), дар њайвоноти кишоварзӣ бошад, муайян­кунии вояи максималии тобоваранда ва зањролудшавии дертаъсир, фармакокинетика, муњлати истифодабарии мањсулоти чорво баъди истифодаи мавод ва самаранокии муолиҷавии он омӯхта мешавад.

Гурӯҳи чорум. Маводњои байтории маълум (шаклњои доруворӣ), ки бо дигар роњҳои истифодабарӣ тавсия шудаанд:

1.Маводњое, ки ба дохили бадан ва бо роҳи хӯронидан тавсия шудаанд ва мувофиќи гурӯњи 1-3 омӯхта мешаванд;

2.Маводњое, ки ба дохили пистон тавсия шудаанд. Дар ваќти тадќиќи чунин маводњо таъсири љойи озордида ва паренхимаи пистон, муњлати хориҷшавии миқдори боқимондаи мавод бо шир, муҳлати боздошти пеш аз забњ ва самаранокии муолиҷавии онҳо омӯхта мешавад;

3.Маводњое, ки ба дохили бачадони њайвонот тавсия шудаанд. Ҳангоми тадқиқот таъсир ба љойи озордида ва узвҳои такрористењсолкунии чорво, муњлати хориљшавии миқдори боқимондаи мавод бо шир, муњлати боздошти пеш аз забњ ва самаранокии муолиҷавии онҳо омӯхта мешавад.



Гурӯњи панҷум. Маводњое (шаклҳои доруворие), ки ба дигар намуди њайвонот тавсия шудаанд. Онҳо ба монанди гурӯњи сеюм, ѓайр аз таҳқиқи зањролудшавии зудтаъсир ва давомнок дар њайвоноти озмоишӣ омӯхта мешаванд.

Гурӯњи шашум. Маводњои маълуме (шаклњои доруворие), ки дар вояҳо ва фосилаҳои истифодабарии нав тавсия шудаанд. Дар ваќти тадќиќоти ин гуна маводњо зањрнокӣ (дар њолати зиёдкунии вояи мавод ё камкунии фосилаи истифодабарии он) ва фарма­кокинетикаи онҳоро меомӯзанд. Инчунин муҳлати истифодабарии мањсулоти чорво муайян карда мешавад.

Гурӯњи ҳафтум. Маводњои байтории маълуме (шаклњои доруворие), ки аз рӯйи нишондодњои нав тавсия мешаванд. Дар ваќти тадқиқоти ин маводњо самаранокии муолиҷавии онҳо омӯхта мешавад.

Гурӯњи ҳаштум. Маводњои байтории маълуме, ки иловањояшон (њалкунандањо, консервантњо, стабили­заторњо) ба тариќи нави истифодабарӣ дар соњаи байторӣ таѓйир дода шудааст. Дар ваќти таҳќиќи ин гуна маводњо муќоисаи зањролудшавии шадид дар њайвоноти озмоишӣ, биоэквивлентнокии ду шакли доруворӣ дар њайвоноти кишоварзӣ ва муайян намудани муњлати истифодабарии онҳо омӯхта мешавад.

Гурӯњи нуҳум. Шаклњои доруворие, ки таркибашон (моддаи фаъоли таъсиркунанда, мањлулњо, консер­вантњо, стабилизаторњо) ба таркиби маводњои ба ќайд гирифташуда дар Љумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд. Ҳангоми таҳқиқи чунин маводњо муқоисаи зањролудшавии шадид дар њайвоноти озмоишӣ ва биоэквивалентнокии шакли дорувории пешкашгардида ва ба ќайд гирифташуда дар њайвоноти кишоварзӣ омӯхта мешавад.






«Тасдиќ мекунам»

Вазири кишоварзии

Љумњурии Тољикистон

_________ Ќ. Ќосимов

13 июли соли 2010


ЌОИДАЊОИ

нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ дар Љумњурии Тољикистон
1. Муќаррароти умумї

1.1.Ќоидањои нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ дар Љумњурии Тољикистон (минбаъд Ќоидањо) мутобиќи моддаи 29 Ќонуни Љумњурии Тољикстон «Дар бораи байторї» №674 аз 29.12.с.2003, Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №97 аз 27.02.с.2010. «Дар бораи нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ дар Љумњурии Тољикистон» ва фармоиши Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон «Оид ба татбиќ намудани ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ дар Љумњурии Тољикистон» № 44 аз 1.04.с.2010. тањия шуда, дар асоси он њайвоноти хољагии ќишлоќ дар Љумњурии Тољикистон бояд њатман аз рўйи зот, љинс, шаклу намуд тибќи Ќоидањои мазкур ва меъёрњои зоотехникию байторї нишонагузорї карда мешаванд.

Татбиќи Ќоидањои мазкур имконият медињад, ки њар як њайвоноти хољагии ќишлоќ дар давоми њаёташ, аз љумла дар сурати дигар шудани соњибаш, иваз кардани макон бо маќсади назорат кардани самарабахшии чорабинињои зиддиэпизоотї ва ташхисї тањти мушоњида бошад.

1.2. Талаботи Ќоидањои мазкур ба шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба парвариш ва нигоњубини њайвоноти хољагии ќишлоќ машѓуланд, инчунин маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар љойњо, шахсони вазифадор, ки назорати давлатии байториро дар њудуди худ амалї менамоянд, њатмї мебошад.

1.3. Дар Ќоидањои мазкур мафњумњои зерин истифода мешаванд:

а) идентификатсия (нишонагузорї) – мутобиќати тартиби нишонагузорї (додани шиносномаи гурўњї, шиносномаи фардї, раќами гурўњї, раќами фардї, вашм кардан, гузаронидани њалќа) бо роњи нишонагузорї;

б) шиносномаи гурўњї ва раќами гурўњї- ба гурўњи паррандагон, рама, занбўрљой ва њавзи моњї дода мешавад;

в) Маќомоти ваколатдори идорањои назорати давлатї дар соњаи байторї, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян намудааст, дар доираи ваколатњои худ татбиќи сиёсати давлатии байториро амали менамоянд;

г) Маблаѓгузорї љињати амали гардонидани Ќоидањои мазкур аз љониби соњибони њайвоноти хољагии ќишлоќ ҷуброн карда мешавад.
2. Тартиби амалї намудани нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ, додани шиносномаи гурўњї ва фардї

2.1. Нишонагузорї, додани шиносномаи гурўњї ва фардї аз љониби маќомоти назорати давлатии байтории вилоятњо, шањру ноњияњо дар асоси фармоиш бо назардошти гузаронидани њамаи чорабинињо вобаста ба иљро намудани Ќоидањои мазкур, тањия ва ворид намудани маълумот бо коди вилоят, шањр ва ноњия амалї карда мешаванд.

2.2 Чорабинии нишонагузорї, додани шиносномаи гурўњї ва фардии њайвоноти хољагии ќишлоќ дар љамоатњои дењот ва нуќтањои ањолинишини он аз тарафи Раёсати минтаќавї дар шахсияти мутахассисони назорати давлатии байторї - нозирони давлатии байторї дар њамкорї бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар љойњо ташкил карда мешаванд.

2.3. Сардорони Раёсатњоии назорати давлатии байтории ВМКБ, вилоятњо ва Стансияњои муборизаи алайњи беморињои њайвоноти шањру ноњияњо дар якљоягї бо намояндагони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар љойњо барои ворид намудани њисоботи њайвоноти хољагии ќишлоќ дар дафтарњои хољагии љамоатњои дењот масъул буда, дар асоси ќонунгузории байторї пешнињодот навишта, аз рўйи он ба маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ахборот пешнињод менамоянд.

2.4. Бо маќсади дар ваќти муќаррарнамудаи Стансияи мубориза алайњи беморињои њайвонот ба анљом расонидани чорабинии нишонагузорї, соњи­бони њайвоноти хољагии ќишлоќ вазифадоранд, ки аз рўйи натиљањои бањисобгирї тибќи банди 3-и Ќоидањои мазкур вобаста ба намуди њайвонот, аз нуќтањои фурўши муќаррарнамудаи Хадамоти назорати давлатии байторї шиносномаи њайвон ва нишона харидорї намоянд.

2.6. Дар њолати иљро нашудани пешнињодот оид ба иљрои Ќоидањо Раёсатњои назорати давлатии байтории ВМКБ, вилоятњо, Стансияњои мубориза алайњи беморињои њайвоноти шањру ноњия њуќуќ доранд ба соњибони њайвоноти хољагии ќишлоќ тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон муљозот муќаррар намоянд.

2.7. Иљрои талаботњои Ќоидањои мазкур (тамѓа, њалќаи гўш), додани шиносномаи фардии њайвонот ва тайёр кардани ду нусха фењрист бо имзои соњиби њайвоноти хољагии ќишлоќ ба зиммаи духтурони байторї гузошта шуда, дар бунгоњњои байторї ба ќайд гирифта мешаванд.

2.8. Фењристи нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ бо мўњри Стансияи мубориза алайњи беморињои њайвоноти ноњия тасдиќ карда мешавад. Нусхаи аввали он ба Хадамоти назорати давлатии байторї бо маќсади бунёд намудани маълумот дар компютер фиристода шуда, нусхаи дуюм дар бойгонии Стансияи мубориза алайњи беморињои њайвоноти ноњия нигоњ дошта мешавад.

2.9. Дар мавриди забњи маљбурї ё талаф ёфтани њайвоноти хољагии ќишлоќ соњиби онњо вазифадор аст, ки барои аз ќайд баровардан ба бунгоњи байторї маълумоти пурра пешнињод намуда, шиносномаи фардї аз эътибор соќит карда мешавад.

2.10. Харид ва фурўши њайвоноти хољагии ќишлоќ дар асоси шиносномаи фардии байторї гузаронида мешавад. Дар ваќти фурўхтан ё ба соњиби нав супоридани гов, асп, гўсфанду буз, хук ва парранда маълумотњои соњиби нав ба шиноснома ворид карда мешаванд.

2.11. Роњбарони хољагињо, ки бо парвариш ва нигоњдории њайвоноти хољагии ќишлоќ машѓуланд дар давраи рондани онњо ба чарогоњ, љойивазкунї ва кашонидан аз як ноњия ба дигар дар асоси шиносномаи гурўњї гузаронида мешавад.
3. Тарзи нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ

3.1. Раќами фардии нишонагузорї дар гўши рости њайвоноти хољагии ќишлоќ на дертар аз як моњи баъд аз таваллуди онњо гузошта мешавад.

3.2. Аз тарафи чапи раќами фардї, ду њарфи номи кўтоњ карда мамлакат навишта мешавад.

3.3. Дар гузаронидани нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ вобаста ба намуди онњо бо њамкории зоотехникњо чунин намудњои нишонагузорї љорї карда мешаванд:

а) ба уштур, асп, чорвои калони шохдор, оњу ва маркаб нишонањои пластмасї дар гўши рост ё ин, ки тавроти гарму хунук дар рони рост гузошта мешавад.

б) ба гўсфанду буз ва хук тамѓањои пласмасї ба гўши рост гузошта мешаванд.

в) нишонагузории саг ва гурба бо додани шиносномаи фардии байторї анљом меёбад;

г) паррандагони зотї дар синни 6-моњагї бо роњи гузоштани њалќаи дорои раќами фардї ба пои росташон нишонагузорї мешавад.

3.4. Нишонагузории уштур, асп, чорвои калони шохдор, оњу ва маркаб бо додани шиносномаи фардии њайвонот ва раќами фардї амалї мешавад.

3.5. Нишонагузории дар рамаи гўсфанд, буз ва хук бо роњи додани шиносномаи гурўњии байторї ва замима кардани фењрист бо нишондоди раќами фардї, љинс, синну сол бо роњи њалќањои пластмасї ба гўши рост амалї мешавад.

3.6.Нишонагузории парранда, занбўрљой ва њавзи моњї тавассути гузоштани раќами фардии гурўњ, љой, њавз ва додани шиносномаи гурўњии байторї анљом дода мешавад.

3.7. Дар њолати гум кардани раќами фардї соњиби њайвонот ба нозири давлатии байторї барои додани раќами нав мурољиат менамояд.


4. Масуълият

4.1. Дар њолати риоя накардани Ќоидањои мазкур шахсони масъул ва соњибони њайвонот мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.


«Тасдиќ мекунам»

Вазири кишоварзии

Љумњурии Тољикистон

________ Ќ. Ќосимов

13 июли соли 2010


ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

THE MINISTRY OF AGRICULTURE

REPUBLIC OF THE TAJIKISTAN
ШИНОСНОМАИ ГУРЎЊИИ ЊАЙВОНОТ

(рама, занбўрљой, њавзи моњї)

Crup passport of animal

(Herld, Flock, Apiary, fish, - basin)

(Муќова)


__________________________________________________

(номгўи њудуди идораи байторї) (name of vet office location)


(ноњия, шањр, вилоят) (district, city, region
Шиносномаи гурўњии њайвонот №___________________

Individual passport of animal

Хољагї (Enterprise)________________________________



(Ферма, занбўрљо, њавзи моњї) (Farm, Flock, Apiary, fish, - basin)_______________________________________

Раќами гурўњї (Croup)_____________________________

Мавзеи љойгиршавї (Location)______________________

Сарчўпон, моњипарвар, занбўрпарвар (Herdsman, fish brideer, bee breeder)________________________________

Рама (Herd, floc)_________________________________

Миќдори оила, ѓунљоиши њавз (Bee-family, number, basin capacity)_______________________________________

Санаи судур (Date of delivery)______________________

Аломатњои махсус, нишона (The special signs, marks)_______

Ному насаби байтор (First name, surname of vet)___________

Имзои сардори СМАБЊ (The signature of Head)___________

X. М. (Seal)

(Сањифаи 1)

Соњиби рама, занбўрљой, њавзи моњї

(Animal owner)



Ному насаб

(First name, Surname)




Суроѓа

(address)



Санаи дигаршавии соњиби рама, занбўрљой, њавзи моњї

(date of animal owner change)



Мўњр ва имзои байтор

(stamp and signature of vet)


























(Сањифаи 2)

Гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотї

(Conducted epizootic measures) (Prophylactic)




Сана

(date)


Номгўи ваксина

(name of vaccine)



Раќами сериявї

(number series)



Мўњр ва имзои байтор

(stamp and signature of vet)


























(Сањифаи 3)

Гузаронидани чорабинињои ташхисї

(Conducted diagnostic surveillance)



Сана

(Date)


Намуди ташхис

(Type of diagnostic surveillance)



Натиљаи ташхис

(Surveillance result)



Раќами экспертиза

(Number of expertise)



Мўњр ва имзои байтор

(Stamp and signature of vet)


















(Сањифаи 4)

Гиљљаронї

(Degelmintisetion)


Сана

(Date)


Мавод

(Preparation)



Мўњр ва имзои байтор

(Stamp and signature of vet)





















(Сањифаи 5)

Оббозидоронї

(Washing)


Сана

(Date)


Мавод

(Preparation)



Мўњр ва имзои байтор (stamp and signature of vet)


















(Сањифаи 6)

Ќайдњои беэътибор кардани раќами гурўњї

(Record of leaving of individual number)



Сана

(Date)


Забњи маљбурї (Slaughtered)

Аз ќайд баровардани раќами гурўњї (Leaving of individual number)

Мўњр ва имзои байтор (Stamp and signature of vet)

























(Сањифаи 7)

Ќайдњои дигар

(Other records)








(Сањифаи 8)
«Тасдиќ меккунам»

Вазири кишоварзии

Љумњурии Тољикистон

__________Ќ.Ќосимов

13 июли соли 2010
ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

THE MINISTRY OF AGRICULTURE

REPUBLIC OF THE TAJIKISTAN
ШИНОСНОМАИ ФАРДИИ ЊАЙВОНОТ

Individual passport of animals
(Муќова)_____________________________________________

(номгўи њудуди идораи байторї) (name of vet office location)


(ноњия, шањр, вилоят) (district, city, region)
Шиносномаи фардии њайвонот №__________

Individual passport of animal

Намуд (Species)____________________________________

Зот (Breed)________________________________________

Раќами хос (Individual number)______________________

Љинс (Sex)________________________________________

Ранг (Colour)_____________________________________

Лаќаб (Name)_____________________________________

Сана ва љойи таваллуд (The date and place of birth)____

Аломатњои махсус, нишона (The special signs, marks)____________________________________________

Cанаи судур (Date of delivery) «_____» ___________ с. 20____

Имзои сардори СМАБЊ (The signature of Head)_____________________________________________

Ному насаб (First name, surname)____________________

__________________________________________________

X. М. (Seal)

(Сањифаи 1)




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет