Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


II. Дар нуќтањои (кушторхонањои) системаи Тоҷикматлубот, КВД –и «Гўшту шир» ва ѓайра



жүктеу 7.62 Mb.
бет12/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   42

II. Дар нуќтањои (кушторхонањои) системаи Тоҷикматлубот, КВД –и «Гўшту шир» ва ѓайра

равнобедренный треугольник 31


овал 29прямоугольник 30

ТXК ТXК


Тоxикматлубот Тоxикматлубот

14 14


Муоинаи байторї Муоинаи байторї

D=40 мм 40x40 мм 45х50 мм




«ТАСДИЌ КАРДА ШУДААСТ»

дар конференсияи вакилон

аз 17 сентябри с.2011
ОИННОМАИ

Ташкилоти љамъиятии

«Ассотсиатсияи байторони Тољикистон»
Моддаи 1. Муќарарроти умумї

1.1.Ташкилоти љамъиятии «Ассотсиатсияи байторони Тољикистон» (минбаъд Ассотсиатсия) ташкилоти љамъиятии ихтиёрї, худидоракунї ва ғайритиљоратї ба њисоб меравад, ки дар асоси Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» ва дигар санадњои меъёрии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф кардааст, таъсис дода шуда, маќсад ва вазифањои он тибќи Оинномаи мазкур амалї мегарданд.

1.2.Ассотсиатсия фаъолияташро мустаќилона иљро мекунад ва њуќуќ дорад, ки бо ташкилотњои мањаллї, ҷумњуриявї ва байналмилалие, ки маќсад ва вазифањои мувофиќ доранд, њамкорї намояд.

1.3.Ассотсиатсия аз рўйи ўњдадорињояш ба маблағњо ва моликияти шахсии худ ҷавобгў мебошад.

1.4.Ассотсиатсия аз мавриди сабти давлатї шахси њуќуќї ба шумор рафта, дорои моликияти алоњида, маблағњои асосї ва мубодилавї, мувозинати мустаќил, дар бонкњо суратњисоб, аз он ҷумла суратњисобњои арзї дошта метавонад. Њуќуќњои молумулкї ва ғайримолумулкї ба даст орад ва дар суди иќтисодї њамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

1.5.Ассотсиатсия ба тартиби муайяннамудаи ќонун дорои мўњри гирд, штампњо, вараќањои махсус бо номи расмии худ, эмблемањо, нишонањои сарисинагї, рамзњои худї ва дигар нишонањо мебошад.

1.6.Ассотсиатсия фаъолияти оинномавии худро дар њудуди Ҷумњурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

1.7.Маќомоти роњбарикунандаи Ассотсиатсия дар суроғаи Ҷумњурии Тоҷикистон, шањри Душанбе, кўчаи Низоми Ганљавї 379 ҷойгир мебошад.

1.8.Номи расмии Ассотсиатсия бо забонњои тоҷикї, русї ва англисї чунин мебошад:

бо забони тоҷикї: «Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон» ё «ТЉ АБТ»;

бо забони русї: «Ассоциация ветеринаров Таджикистана» ё «ОО АВТ»;

бо забони англисї: “Association of veterinarians of Tajikistan”, «PO AVT» ё «TVA».



Моддаи 2. Маќсад ва вазифањои Ассотсиатсия

Маќсади асосии таъсиси Ассотсиатсия:

-њимояи манфиатњои иќтисодию иҷтимоии мутахассисони байторї, андешидани чорањо оид ба баланд бардоштани шароити зиндагї ва кор;

-баланд бардоштани афкори умум нисбати ањамияти иљтимоии фаъолияти байторї ва зарурияти мустањкам намудани базаи моддию техникии он;

-баланд бардоштани эътибори касби байторї;

-мусоидат ба ҷињати пурратар ќонеъ намудани талаботи ањолї ва истењсолот бо мањсулот ва ашёи хушсифати аз ҷињати биологї бехатар;

-њифзи муњити зист, солимии њайвонот ва шањрвардон;

-њимояи њуќуќ ва озодии аъзоёни худ, баланд бардоштани фаъолият ва малакаи касбии онњо;

-мусоидат ба њалли масъалањои аввалиндараҷаи хоҷагињои чорводорї;

-мусоидат намудан дар хушзоткунии чорво ва истењсоли хўроки он тавассути гузаронидани корњои илмию амалї, воридоти нутфаи яхкунонидашудаи чорвои зотї аз хориҷи кишвар, инчунин амалї намудани лоињањо оид ба рушди соњаи чорводорї;

-њимоя ва нигоњдории намуди њайвоноти вањшии мамнунгоњњо ва хоҷагињои ҷангал бањри њифзи муњити зист, пажўњишгоњњои байторї, муассисањои тањсилоти олї ва касбї, байторони амалкунанда, озмоишгоњњо, клиникањо ва дорухонањои байторї, Хадамоти назорати давлатии байторї дар Тоҷикистон.

2.2.Вазифањои асосии таъсис ва фаъолияти Ассотсиатсия инњоянд:

- мусоидат дар њамкорї бо ташкилотњои давлатї, ғайридавлатї, соњибкорон, маблағгузорони байнал-милалї ва хайриявї бањри гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотї ва байторию бењдоштї, таъсис додани дармонгоњњои байторї, ташхисгоњњо, марказњои таълимї ва нуќтањои бордоркунии сунъии чорво;

-мусоидат ва ташаккули њамкории касбї бо корхонањои хориљие, ки чунин фаъолиятро ба амал мебароранд;

-мусоидат дар таъсис додани фондњои доимоамал­кунандаи захиравии кредитї бањри бењтар намудани хизматрасонии давлатию ғайридавлатии байторї, истењсоли маводњои ташхисї, пешгирї ва муолиҷаи беморињои њайвоноту парранда дар мамла­кат;

-мусоидат ба ташкил ва ташаккули таълимоти касбї мувофиќи талаботи бозори мењнат, бањодињии њайат ба воситаи низоми мустаќили сертификат­сиякунонї ва бо кор таъмин намудани њайати сертификатсияшуда;

-ташкил ва пешнињод намудани гурўњњои мутахассисони байторї барои иштирок дар намоиш­гоњњои соњавии байналмилалї ва мусобиќањо, амалї намудани лоињањои барномањои инвеститсионї;

-ташкил ва гузаронидани конфронсњо, семинарњо, намоишгоњњо, намоишномањо, фестивали устодон, омўзишњои синфї, озмунњо, барномањои инфиродї ва ташкилотњо дар арсаи байналмилалї ва ҷумњуриявї;

-ташкили омўзишњо оид ба такмили ихтисоси кормандони корхонањо ва ташкилотњои соњаи байторї (мунтазам гузаронидани омўзишњо, семинарњо, намоишњои таҷњизот ва хизматрасонињо бо даъвати устодон аз хориҷи кишвар ва мутахассисони муассисањои соњавии таълимии Ҷумњурии Тоҷикис­тон), ки аъзои Ассотсиатсия мебошанд;

-кўмак расонидан ба мустањкам намудани базаи њуќуќї, илмию истењсолии ташкилотњои илмї бањри бењтар намудани хизматрасонии байторї;

-баланд бардоштани малакаи дониши аъзоёни Ассотсиатсия, кормандони илмї, фермерњо ва донишҷуён дар асоси истифодабарии усулњои замо­навї оид ба наќшагирї ва гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотї, истењсоли маводњои пешгирикунандаю муолиљавї дар мамлакат;

-расонидани кўмак дар амалї намудани таљрибаи пешќадам ва воситањои самараноки ташхисї, пешгирї ва муолиљавии байторї ба истењсолкунандагони ватанї ва хориҷї дар њудуди Тољикистон ва хориља;

-расонидани кўмак дар баќайдгирии маводњои нави байторї ба ширкатњои истењсолкунандаи хориҷие, ки ба истењсол, воридот ва содироти мавод­њои байторї дар Љумњурии Тољикистон машғуланд;

-фаъолияти миёнаравї дар таъмин намудани корхонаю ташкилотњои љумњурї бо мавод ва асбобу таҷњизотњои таъиноти зооветеринарї аз хориҷи кишвар;

-дар асоси шартнома бо ташкилотњои давлатї, ғайридавлатї, соњибкорон, маблағгузорони байналми­лалї ва хайриявї дар мувофиќа бо Хадамоти назорати давлатии байторї ба наќша гирифтани чорабинињои зиддиэпизоотї, ташкил ва гузаронидани эмкунии чорво ва парранда;

-ташкили клиникањою марказњо, озмоишгоњњо оид ба ташхиси беморињои њайвонот, нуќтањои бордоркунии сунъии чорво, дорухонањои байторї ва таъминоти онњо бо маводњои ташхисї, пешгири­кунан­даю муолиљавї ва нутфаи яхкунонидашудаи чорвои зотї;

-дар асоси иљозатнома нашри рўзномаю маҷал­лањои касбї, буклетњо, тавсияномањо, дастурамалњо ва китобњо оид ба соњаи байторї ва чорводорї дар мамлакат;

-ташкил ва гузаронидани курсњои такмили ихти­сос, семинарњо, конфронсњо, курсњои таълимии соњавї, мизњои муддавари байналмилалї ва ҷумњуриявї, ташвиќоти комёбињои соња;

-таъсис додани фондњои хайриявии дастгирии байторони ба беморињои зоонозї гирифторгашта дар мамлакат;

-ташкил ва гузаронидани озмунњо оид ба масъалањои байторї, такмили иншоотњои соња, машғул шудан ба хизматрасонии байтории хусусї;

-тибќи ќонунњои амалкунанда ва риояи талаботњои байторию бењдоштї мусоидат намудан ба воридот, содирот, нигоњдории маводњои ташхисї, табобатї ва биологї, хўрока ва иловањои хўроки чорво, нутфаи яхкунонидашудаи чорвои зотї, асбобу таҷњизотњои таъиноти байторї ва чорводорї дар ҷумњурї;

-љалб намудани сармояи хориљї, робитаи иќтисодии хориҷї дар њама соњаи равнаќи чорводорї ва байторї мувофиќи ќонунгузории амалкунандаи љумњурї;

-мусоидат ба созмон додани марказњои ташхисие, ки вазъи эпизоотї ва њолати физиологии организми њайвонотро назорат менамоянд;

-расонидани кўмаки амалї бо љалби васеи сармоягузорони ватанї ва хориҷї дар таъмини воситањои техникї ва азнавтаҷњизонидани корхона ва ташкилотњое, ки ба њайати Ассотсиатсия шомиланд ё шартнома доранд;

-ба амал баровардани дигар намудњои фаъолият, ки ба ќонунгузории амаликунандаи Љумњурии Тољикистон мухолиф нестанд.


Моддаи 3. Њуќуќ ва ўњдадорињои Ассотсиатсия

3.1. Барои ноил гаштан ва њалли маќсадњои оинномавї Ассотсиатсия тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад:

-дар хусуси фаъолияти худ ба љомеа иттило дињад;

-вохўрињо, мизњои мудаввар, семинарњо, конфронс­њои байналмилалї ва љумњуриявї бо даъвати иштирокчиён аз хориљи кишварро ташкил намояд;

-дар маъракањои интихоботї иштирок варзад;

-њуќуќ ва манфиатњои аъзоёни худро дар суд пешнињод ва њифз намояд;

-созишномањои мухталифро бо дигар Ассот­сиатсияњо, чї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ва чї хориљ аз он ба тасвиб расонад;

-ба фаъолияи хусусии байторї, аз ҷумла корњои пешгирию табобатии хусусї, љарроњї, акушерию гинекологї, воридот, содирот, нигоњдории маводњои ташхисї, муолиљавї ва биологї, хўрока ва иловањои хўроки чорво, нутфаи яхкунонидашудаи чорвои зотї, асбобу таљњизотњои таъиноти байторї ва чорводорї дар љумњурї машѓул шавад;

-дар коркарди ќонунњои нав ва низомномањо, ки фаъолияти ташкилотњо ва корхонањои соњавиро ба танзим медароранд, иштирок намояд.

-бањри дастгирии байторони ба беморињои зоонозї гирифторгашта фондњои хайриявї таъсис дињад.


3.2.Ўњдадорињо:

-дар љараёни амалигардонии фаъолияти оиннома­вї ба талаботњои Кониститутсия (Сарќонуни) Љумњу­рии Тољикистон, санадњои байналмилалии њуќуќї, ки аз љониби Тољикистон пазируфта шудаанд, мувофиќат кунад;

- дар хусуси фаъолияти Ассотсиатсия ба намояндагони маќомоти сабт љињати иттилоот ахборот пешнињод намояд;

-маќомоти сабтро дар бораи гузаронидани чорабинињои мухталиф маълумот дињад;

- њар сол то 1-уми апрел ба маќомоти сабт дар хусуси фаъолияти Ассотсиатсия бо нишондоди суроѓаи ќонунии маќомоти роњбарикунандаи ташкилоти љамъиятї њамасола њисобот пешнињод намояд.
Моддаи 4. Тартиби дохил гардидан ва хориљ шудан аз Ассотсиатсия

4.1.Ба Ассотсиатсияи байторони Тољикистон кормандони корхонаю ташкилотњои хусусї, иттињодияњои љамъиятї, ташкилотњои байналмилалї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва хориљї, инчунин шахсони бешањрвандї, ки мутобиќи ќонунгузории шањрвандї ќобилияти амалкунии пурраро ба даст оварда, ба фаъолияти чорводорї ва байторї машѓуланд, аъзо шуда метавонанд.

4.2.Барои ба даст овардани аъзогї дар Ассотсиатсия новобаста аз рўйи аломатњои мансубияти миллї, нажодї, ранги пўст, љинсият, синну сол, дин, аќидаи сиёсї ва мањалли таваллуд амалї мегардад.

4.3.Ќабул шудан ба аъзогии Ассотсиатсия мувофиќи аризаи шањрвандон, бо роњи ихтиёрї ва баъди пардохти аъзоњаќќии дохилшавї амалї мегардад.

4.4.Аъзогї дар Ассотсиатсия тибќи ќарори Шўро дар асоси аризаи шахсии аъзои Ассотсиатсия дар бораи ихтиёран аз аъзогї озод шудан ё беихтиёр дар њолати риоя накардани талаботњои «Низомномаи пардохти аъзоњаќќї дар Ташкилоти љамъиятии Ассотсиатсияи байторони Тољикистон» ќатъ мегардад.

Њаљми маблаѓи аъзоњаќќї дар љаласаи Шўрои Ассотсиатсия, ки дар се моњ як маротиба даъват мегардад, муайян карда мешавад.

4.5. Аъзоёни Ассотсиатсия њуќуќ доранд:

- маќомоти роњбарикунандаи Ассотсиатсияро интихоб кунанд ва ба маќомоти роњбарикунандаи Ассотсиатсия интихоб шаванд;

- дар тамоми фаъолиятњо ва корњои ибтидоии Ассотсиатсия иштирок намоянд:

- ба маќомоти мухталифи Ассотсиатсия оид ба масъалањое, ки ба фаъолияти он алоќаманданд, таклиф пешнињод намоянд;

-аз имтиёзњои барои аъзои Ассотсиатсия муќарраргардидаи «Низомномаи пардохти аъзоњаќќї дар Ташкилоти љамъиятии Ассотсиатсияи байторони Тољикистон» истифода баранд;

-барои иштирок дар озмунњо љињати ишѓоли вазифа дар ташкилотњои давлатї ва хориљї, сафарњои хизматии берун аз љумњурї, инчунин пешнињоди лоињањои инвеститсионї ба ташкилотњои хориљї ва амалї намудани онњо тавсиянома гиранд;

-аз фонди гардишии Ассотсиатсия тибќи талаботи «Низомномаи тартиби истифодаи фонди гардишии АБТ» истифода намоянд;

-дар курсњои баланд бардоштани савияи дониш ва дараљаи касбии дар љумњурї ва берун аз он ташкил намудаи Ассотсиатсия иштирок намуда, аз имтиёзњои барои иштирокчиёни омўзишњо муќарраргардида истифода баранд;

4.6. Ўњдадорињои аъзоёни Ассотсиатсия:

-талаботњои Оиннома, ќарорњои конференсия, Шўро, комиссияи тафтишотї ва раёсати Ассотсиатсияро иљро намоянд;

-дар бораи фаъолияти худ мувофиќи тартиби муќарраршуда њисобот пешнињод намоянд;

-моликиятеро, ки ба онњо бовар карда шудааст, њифз ва афзун кунанд, дар хољагидорї ба бесарусомонї роњ надињанд;

-љињати рушди минбаъдаи фонди Ассотсиатсия маблаѓ гузаронанд. Тартиб, њаљм ва муњлати пардохти ин маблаѓњоро Шўрои Ассотсиатсия бо назардошти низомномаи тасдиќнамудаи раёсати Ассотсиатсия оид ба фондњои дахлдор муќаррар менамояд;

-оид ба таѓйироти ба Оинномаи худ воридгардида ва ќарорњои њукумати мањаллї, ки ба фаъолияти онњо дахл доранд, ба Ассотсиатсия ахборот дињанд.

-дар фаъолияти худ тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи Ассотсиатсия амал кунанд;

- сари ваќт аъзоњаќќиро супоранд;

-аз амалњое, ки ба обрўю нуфузи аъзоёни Ассотсиатсия зарар мерасонанд, бояд худдорї кунанд.
Моддаи 5. Маќомоти роњбарикунанда ва

назоратию тафтишотї

5.1.Маќомоти олии роњбарикунандаи ташкилот конференсия ба шумор меравад ва на камтар аз як маротиба дар ду сол, дар њолати њозир будани кворум на камтар аз 2/3 њиссаи вакилон гузаронида мешавад. Маќомоти роњбарикунандаи ташкилот маќомоти интихобии дастаљамъї мебошад ва ба маќомоти олии роњбарикунанда њисоботдињанда аст.

5.2.Салоњияти конференсия:

-муайян намудани сиёсат ва фаъолият;

-ќабули Оиннома, ворид намудани таѓйирот ва иловањо ба он;

-бо овоздињии кушода ё пўшида муайян намудани њайати шуморавии аъзоёни Шўро ва комиссияи тафтишотї;

-интихоби аъзоёни Шўро ва комиссияи тафтишотї;

-интихоби раиси Ассотсиатсия;

-шунидан ва бањо додани њисоботи фаъолияти раиси ассотсиатсия, Шўро ва комиссияи тафтишотї;

-ќабули ќарор оид ба барњамдињии фаъолияти Ассотсиатсия;

5.3.Ќарори конференсия бо дастгирии аксариати овозњо ќабул карда мешавад.

5.4.Маќомоти роњбарикунандаи Ассотсиатсия дар давраи байни конференсияњо Шўрои Ассотсиатсия ба њисоб меравад. Раиси Шўро дар як ваќт вазифаи раиси Ассотсиатсияро пеш мебарад, ки ба муњлати 5 сол интихоб мегардад.

5.5.Ба салоњияти Шўрои Ассотсиатсия чунин ваколатњо дохил карда мешаванд:

-назорат ва иљрои ќарорњои конференсияро таъмин менамояд;

-дар давраи байни конференсияњо салоњияти онњоро иљро намуда, аз рўйи ваколатњои ба салоњияти он вобастабуда, бо маќсади тасдиќи онњо ба конференсия пешнињод манзур менамояд;

-ба Оинномаи Ассотсиатсия таѓйирот ва иловањо ворид месозад;

-њисоботи раёсат ва комиссияи тафтишотии Ассотсиатсияро мешунавад ва ба фаъолияти онњо бањо медињад;

-оид ба масъулияти аъзоён ва комиссияи тафтишотї нисбати амалњои ѓайриќонунї ва вайронкунии Оиннома масъалањоро баррасї менамояд;

-оид ба даъвати конференсияи Ассотсиатсия, теъдоди номзадњо барои иштирок дар он, харољоти сафар ва миќдори маблаѓњои њавасмандгардонии аъзоён ќарори дахлдор ќабул менамояд;

- доир ба шикоятњо нисбати амалњои дастгоњ ва комиссияи тафтишотї ќарор ќабул мекунад, ихтилофњои байни онњоро њал менамояд ва дар њолати зарурї санадњои онњоро бекор мекунад.

-њаљми маблаѓи дохилшавї ва аъзоњаќќии аъзоёнро муќаррар менамояд;

-дигар масъалањои фаъолияти Ассотсиатсияро, ки барои баррасии он пешнињод мегарданд, мавриди тањлил ва тасдиќ ќарор медињад.

5.6.Маљлиси Шўрои Ассотсиатсия њангоми зарурат аз љониби раёсати Ассотсиатсия, вале камаш чор маротиба дар як сол даъват карда мешавад. Маљлиси ѓайринавбатї метавонад бо талаби камаш аз 3/5 аъзоёни Шўро даъват карда шавад.

5.7. Дар бораи рўз, ваќт, мањал ва рўзномаи љаласаи Шўро бояд 10 рўз пеш аз санаи муайяншудаи гузаронидани он хабардор карда шавад.

5.8.Маљлиси Шўро њангоми иштироки на камтар аз 3/5 њиссаи њайати он комилњуќуќ мебошад.

5.9.Ќарорњое, ки бо Оиннома ва ќонунгузории љорї мухолифанд, аз тарафи Шўрои Ассотсиатсия бекор карда мешаванд.

5.10.Кори љории Ассотсиатсияро дар байни љаласањо раиси Ассотсиатсия мегузаронад.

5.11.Раиси Ассотсиатсия, ки дар як ваќт вазифаи раиси Шўроро пеш мебарад, аз љониби вакилони конференсияи Ассотсиатсия ба муњлати 5 сол интихоб мешавад.

5.12.Ба раиси Ассотсиатсия шахсе пешнињод карда мешавад, ки маълумоти олии байторї дошта, на кам аз 10 соли охир дар ин бахш фаъолият менамояд.

5.13. Як нафар ваколати ду маротиба пай дар пай ба вазифаи раиси Ассотсиатсия таъин шуданро дорад.

5.14. Салоњияти раиси Ассотсиатсия:

-Шўрои Ассотсиатсияро даъват намояд ва њуљљатњоро тањия созад;

-њамоњангсозї ва роњбарияти умумии фаъолияти Ассотсиатсияњои мањаллї;

-интихоб ва љобаљогузории кадрњои Дастгоњи марказї ва тасдиќи салоњияти вазифаи онњо;

-масъалањои ќабули аъзоёни нави Ассотсиатсия ва ба ваколати Шўро дахлдорро њал ва барои тасдиќи минбаъда ба Шўро пешнињод мекунад;

-иљрои барномањои рушди иќтисодиро ташкил менамояд, истифодаи самараноки захирањои мењнатї, моддї ва молиявиро таъмин намуда, низоми истењсолї ва мењнатиро мустањкам мекунад;

-шартнома ва созишномањоро ба имзо мерасонад, аз номи Ассотсиатсия њуќуќ дорад, ки бовариномањои худро ба дигарон дињад;

-низомномаи воњидњои сохториро тасдиќ намуда, тибќи ќонунгузорї ба ќайди давлатї мегирад;

-роњбарони воњидњои сохториро таъин менамояд;

-риояи принсипњои демократияро таъмин менамояд, фаъолнокии маќомоти худидоракунї, ошкорбаёнї, танќид ва худтанќидкуниро инкишоф медињад;

-кори интихоб, љобаљогузорї, таълиму тарбия ва такмили тахассусии кадрњоро ташкил менамояд;

-эродњои танќидї, пешнињодњо, ариза ва шикоятњои аъзоён ва кормандони соња ва ањолиро баррасї менамояд, нисбати онњо чорањои зарурї меандешад;

-сохтор ва шумораи кормандони Дастгоњи марказии Ассотсиатсияро тасдиќ менамояд;

-буљети Ассотсиатсияро ќабул ва тасдиќ менамояд;

-барои иљрои вазифањои гузошташуда моликияту маблаѓњои пулии Ассотсиатсияро истифода менамояд;

-фаъолияти хољагї ва молиявиро роњбарї намуда, дар муносибатњои муштарак бо ташкилотњои дигари љамъиятї ва давлатї, шахсони њуќуќию воќеии Љумњурии Тољикистон ва хориљиро оид ба масъалањои фаъолияти Ассотсиатсия муаррифї менамояд;

-масъалаи хориљ намудани аъзоро барои иљро накардани корњои лоињавию талаботњои Оиннома дида мебарояд;

-њисоботи кормандони Дастгоњи марказї ва сохторњои Ассотсиатсияро шунида, бањодињї мена­мояд;

-наќшаи кории Ассотсиатсияро тасдиќ ва иљрои онро таъмин менамояд;

5.15.Љаласањои Дастгоњи марказї аз рўйи зарурат, вале камаш моње як маротиба гузаронида мешаванд.

5.16. Вакилони конференсия комиссияи тафтишотиро дар њайати то 3 узв интихоб менамояд. Аъзоёни комиссияи тафтишотї ба муњлати 5 сол интихоб карда мешаванд, ба шарте, ки конференсия дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад. Конференсия њуќуќ дорад аъзоёни комиссияи тафтишотиро бо тартиби муќарраргардида аз вазифаашон озод намояд.

5.17. Комиссияи тафтишотї дар бобати назорати дохилї ва мушоњидаи фаъолияти молиявї ва иќтисодии Ассотсиатсия ваколатдор мебошад. Комиссияи тафтишотї инчунин њисоботњои молиявии солона ва натиљањои иќтисодии фаъолияти Ассотсиатсияро тафтиш мекунад, хулосањоро оид ба ин тафтиш ба конференсия пешнињод менамояд. Комиссияи тафтишотї барои дурустии тамоми маълумоте, ки дар њисоботњои молиявии солонаи Ассотсиатсия нишон дода шудааст, аз он љумла тавозун дар бораи фоида ва зарар, ки ба конференсия пешнињод мегардад, масъул аст. Комиссияи тафтишотї инчунин аз рўйи зарурият метавонад дигар тањќиќотњоро анљом дињад ва њисоботњои дахлдорро пешнињод намояд.

5.18. Барои иљрои вазифањои худ комиссияи тафтишотї њуќуќ дорад аз коркунон ва аъзоёни Ассотсиатсия њар гуна њуљљат, маълумот ва баёнотњоро, ки барои кори вай зарур аст, талаб намояд. Комиссияи тафтишотї вазифадор аст конференсияи ѓайри­навба­тиро даъват намояд, агар аз рўйи хулосањои вай барои манфиатњои Ассотсиатсия хатари љиддї мављуд бошад.

5.19. Даъвати аудиторњои берунаро конференсия тасдиќ мекунад.

5.20.Ассотсиатсия аз њисоби маблаѓњои худ дафтарњои бањисобгирї ва сабти молиявиро мутобиќи талаботњои бањисобгирии муњосибавии Љумњурии Тољикистон ва Стандартњои байналмилалии тањия ва љорї менамояд.
Моддаи 6. Њуљљатњои Ассотсиатсия

6.1.Ассотсиатсия ўњдадор аст, ки њуљљатњои зеринро њифз намояд:

-Оинномаи Ассотсиатсия, таѓйироту иловањо ба он, ки дар тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд;

-њуљљатњое, ки њуќуќи Ассотсиатсияро бо амволи дар тавозуни он бударо тасдиќ менамоянд;

-њуљљатњои дохилии Ассотсиатсияро, ки аз тарафи конференсия ва дигар маќомоти идоракунии Ассотсиатсия тасдиќ мешаванд;

-низомнома дар бораи бахшњои фаръї ва намояндагињои Ассотсиатсия;

-њисоботи солонаи молиявии Ассотсиатсия;

-њуљљатњои њисоботи муњосибавии Ассотсиатсия;

-њуљљатњои њисоботи молиявие, ки ба маќомоти дахлдор пешнињод карда мешаванд:

-протоколњои конференсия, љаласањои Шўро ва комиссияи тафтишотии Ассотсиатсия;

-рўйхати аъзоёни Ассотсиатсия бо ишораи шумора ва категорияњои аъзоњаќќї;

-хулосањои комиссияи тафтишотии Ассотсиатсия ва маќомоти давлатии назорати молиявї;

-дигар њуљљатњое, ки бо ќарори конференсия, маќомоти идоракунии Ассотсиатсия ва санадњои њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудаанд.

6.2.Ассотсиатсия хуљљатњоро дар љойи воќеъшавии маќоми иљроияи он ё љойи дигаре, ки ба аъзоёни ва кредиторони Ассотсиатсия маълум ва дастрас аст, нигоњ медорад.

6.3.Пешнињод намудани маълумот аз тарафи Ассотсиатсия.

6.4.Маълумот дар бораи Ассотсиатсия мувофиќи меъёрњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешнињод карда мешавад.



Моддаи 7. Муносибатњои мењнатї

7.1. Муносибатњои мењнатї бо кормандони Ассотсиатсия, аз он љумла бо аъзоёни он, ки бо мењнати шахсиашон дар Ассотсиатсия иштирок мекунанд, мувофиќи меъёрњои ќонунгузории Љумњурии Тољи­кистон оид ба мењнат, инчунин шартномаи мењнатї танзим меёбад.

7.2. Ассотсиатсия њуќуќ дорад, ки аъзоёнашро барои иљро намудани корњои иловагї дар асоси шартномањои алоњида ва бо пардохти маоши иловагї љалб намояд.

7.3. Ассотсиатсия мустаќилона тартиби ба кор кироя намудан ва аз кор озод кардани кормандон, шакл ва намудњои пардохти маоши мењнатї, тартиби рўзи корї, пешнињоди рўзњои истироњатї ва рухсатињоро муайян менамояд.

7.4. Ассотсиатсия метавонад дар асоси шартнома аъзоёнашро ба кор кироя намояд, коллективњои муваќќатии эљодиро, ки ба онњо кормандони Ассотсиатсия, аъзоён ё коргарони ташкилотњои дигар низ шомиланд, ташкил дињад.

7.5. Ассотсиатсия њадди аќќали музди мењнат, шароити кор ва чорањои њифзи иљтимоии кормандони худро, ки ќонунгузорї кафолат додааст, таъмин менамояд.

7.6. Ассотсиатсия њуќуќ дорад аъзоёни худро дар асоси шартњои иловагї дар сохтори худ истифода барад.

7.7. Тамоми корњои Ассотсиатсия бо риоя намудани ќоидањои муќарраршуда ва меъёрњои техникаи бехатарї ва бењдоштї дар истењсолот ба амал бароварда мешаванд.


Моддаи 8. Манбаъњои љамъоварии маблағњои пулї ва моликияти дигар

8.1. Сарчашмањои љамъоварии моликияти Ассотсиатсия маблаѓњои шахсї ва љалбкардашуда ба шумор мераванд:

- маблаѓњои шахсї њаќќи ќабулшавї ва њаќќї аъзогиро ташкил медињанд;

-маблаѓњои љалбкардашуда (грантњо, ќарзњо) ин маблаѓњои иљрои лоињањо, созишномањо, шартномањо, воситањои аз сармоягузорон дохилшуда ва даромадњои дигар мебошанд.

8.2. Ассотсиатсия метавонад дар моликияти худ бино, иншоот, фонди манзилї, таљњизот, лавозимот, воситањои наќлиёт, моликияти ањамияти маданию равшаннамої ва тандурустї дошта, воситањои пулї, сањмияњо, коѓазњои ќимматнок ва дигар моликият дошта бошад ё ба иљора гирад, ки барои таъмини фаъолиятњои дар Оинномаи мазкур пешбинишуда, зарур мебошанд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет