Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї



жүктеу 7.62 Mb.
бет13/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   42

Моддаи 9. Воњидњои сохторї

9.1. Ассотсиатсия барои ноил шудан ба маќсад ва вазифањои гузошташуда дар тамоми њудуде, ки фаъолияташро дар бар мегирад, филиал ва намояндагињои худро барпо менамояд.

9.2. Филиал ва намояндагињои Ассотсиатсия њуќуќи шахси њуќуќиро надоранд.

9.3. Филиал ва намояндагињои Ассотсиатсия ба амволи ба онњо вобаста кардашуда њуќуќи моликиятро надоранд.

9.4. Филиал ва намояндагињои Ассотсиатсия ба амволи ба онњо вобаста кардашуда дар асоси њуќуќи идоракунии оперативї ихтиёрдорї мекунанд.

9.5. Воњидњои сохтории Ассотсиатсия бе маќоми шахси њуќуќї фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки аз тарафи раиси Ассотсиатсия тасдиќ гардида, ба ќайди давлатї гирифта шудааст, ба амал мебароранд.

9.6. Филиал, намояндагињо ва дигар воњидњои сохтории Ассотсиатсия вобаста ба имконият дар њудуди шањру ноњияњои зерин фаъолият менамояд:

ВМКБ: ш.Хоруѓ, н. Ванљ, Дарвоз, Рушон, Ишкошим;

Вилояти Суѓд: ш.Хуљанд, н. Зафаробод, Айнї, Шањристон;

Вилояти Хатлон: ш.Норак, н. Шањритус, Ќубодиён, Љиликул, А.Љомї, Панљ, Љ.Румї, Кўлоб, Балљувон, Восеъ, Ховалинг, Темурмалик, Мўъми­нобод, Шўрообод, Фархор, Њамадонї ;

НТМ: ш. Душанбе ва Турсунзода, н.Њисор, Рўдакї, Вањдат, Файзобад, Рашт, Љиргатол, Нуробод, Тољикобод, Тавилдара;

Моддаи 10. Фаъолияти соњибкорї

10.1. Ассотсиатсия метавонад љињати ноил шудан ба њадафњои Оинномавии худ фаъолияти соњибкориро ба амал барорад.

10.2. Ассотсиатсия фаъолияти соњибкориро тибќи ќонунгузории амалкунанда ба амал мебарорад.

10.3. Даромадњо аз фаъолияти соњибкорї ва хољагидорї дар байни аъзоён ва иштирокчиёни Ассотсиатсия таќсим нагардида, танњо барои ноил шудан ба њадафњои Оинномавї истифода мешаванд.

10.4. Ассотсиатсия љињати амалї намудани фаъолияте, ки барои машѓул шудан ба он гирифтани иљозатномаи махсус зарур аст, агар дар ќонунњо тартиби дигаре муќаррар нашуда бошад, танњо аз лањзаи гирифтани чунин иљозатномаи махсус њуќуќи амалї намудани ин фаъолиятро доро мегардад ва бо гузаштани муњлати амали он ќатъ мегардад.

10.5. Ба њайати кормандони Ассотсиатсия (кормандони амалкунандаи доимї) амали Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон мансуб аст ва онњо њуќуќ доранд, ки музди мењнат гиранд. Даромаде, ки аз фаъолияти сохторњои хољагидорї ворид мегардад, барои њадафу вазифањои пешбинишудаи Оинномаи мазкур ирсол мешаванд.



Моддаи 11. Тартиби дохил намудани таѓийроту иловањо ба Оиннома

11.1. Таѓйироту иловањо ба Оиннома бо ќарори конференсия ва Шўрои Ассотсиатсия бо аксарияти овозњо тасдиќ карда мешаванд.

11.2. Оиннома бо иловањову таѓйиротњо бояд дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон аз нав ба ќайд гирифта шавад.

Моддаи 12. Азнавташкилдињии Ассотсиатсия

12.1. Ассотсиатсия метавонад бо тартиби пешбинишудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» бо ихтиёри худ аз нав ташкил дода шавад.

12.2. Асос ва тартиби азнавташкилдињии Ассотсиатсияро Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон муайян мекунанд.

12.3. Азнавташкилдињии Ассотсиатсия мумкин аст дар шакли муттањидшавї, њамроњшавї, таќсимшавї, људошавї ва табдилшавї сурат гирад.

12.4. Ассотсиатсия аз ваќти баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќуе, ки дар натиљаи азнавташкилдињї барпо мешаванд, азнавташкилёфта њисобида мешавад, ба истиснои њолатњои дар шакли њамроњшавї аз нав ташкил кардани он.

12.5. Баќайдгирии давлатии ашхоси њуќуќї дар натиљаи азнавташкилдињии Ассотсиатсия барпо шудан ва ворид кардани сабт оид ба ќатъ ёфтани фаъолияти Ассотсиатсия, аз нав ташкил ёфта, бо тартиби муќарраркардаи ќонунњои Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.


Моддаи13. Барњамдињии Ассотсиатсия

13.1. Ассотсиатсия метавонад ихтиёрї бо тартиби муќарраркардаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон бо назардошти талаботњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ва Оинномаи Ассотсиатсия барњам дода шавад. Ассотсиатсия метавонад инчунин бо ќарори суд дар асоси талаботи пешбиникардаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон барњам дода шавад.

13.2. Барњамдињии Ассотсиатсия боиси ќатъ гардидани он, бидуни ба ашхоси дигар ба тариќи вориси њуќуќї гузаштани њуќуќу ўњдадорињояш мегардад.

13.3. Њангоми барњамдињии ихтиёрии Ассотсиат­сия конференсияи он дар бораи барњамдињии Ассотсиатсия ва таъини комиссияи барњамдињї ќарор ќабул мекунад.

13.4. Аз лањзаи таъин гардидани комиссияи барњамдињї тамоми ваколатњои идоракунии корхонањои Ассотсиатсия ба комиссияи барњамдињї мегузаранд. Комиссияи барњамдињї аз номи Ассотсиатсияи барњамдодашудаистода дар суд баромад мекунад.

13.5. Комиссияи барњамдињї љињати маълум сохтани ќарзи кредиторї ва гирифтани ќарзи дебиторї тамоми чорањои имконпазиро андешида, инчунин кредиторонро дар хусуси барњам додани шахси њуќуќї хаттї огоњ менамояд.

13.6. Пас аз анҷом ёфтани муњлати пешнињоди талабот аз љониби кредиторон комиссияи барњамдињї баланси фосилавии барњамдињиро тартиб медињад, ки дар он маълумот дар бораи таркиби амволи Ассотсиатсияи барњамдодашудаистода, номгўи талаботи пешнињодшудаи кредиторон ва натиљањои баррасии онњо зикр меёбад. Баланси фосилавии барњамдињї аз љониби конференсия бо мувофиќати маќоме, ки баќайдгирии Ассотсиатсияро ба амал баровардааст, тасдиќ карда мешавад.

13.7. Агар маблаѓи мављудаи љамъияти барњамдодашаванда барои ќонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барњамдињї мувофиќи тартиби иљрои ќарорњои муќарраргардидаи суд амволи Ассотсиатсияро аз тариќи савдои оммавї ба фурўш мерасонад.

13.8. Пардохти маблаѓњои пулї ба кредиторони Ассотсиатсия аз љониби комиссияи барњамдињї аз рўйи навбати бо Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон муќарраргардида, ба истиснои кредиторони навбати 5-ум, ки маблаѓи пулї ба онњо пас як моњи баъди санаи тасдиќи баланси фосилавии барњамдињї пардохт мегардад, амалї мешавад.

13.9. Пас аз пардохти пули кредиторон комиссияи барњамдињї баланси барњамдињиро тартиб медињад, ки онро конференсияи сањмдорон бо мувофиќати маќоме, ки баќайдгирии Ассотсиатсияро ба амал баровардааст, тасдиќ мекунад.

13.10. Барњамдињии шахси њуќуќї баъди дар ин хусус ворид намудани сабт ба фењристи барњамдињии давлатї ба итмом расида, Ассотсиатсия бошад, барњамдодашуда эътироф карда мешавад.

БОБИ II

ТАЛАБОТҲОИ БАЙТОРИЮ БЕЊДОШТЇ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХЎРОКВОРЇ




«Тасдиќ мекунам»

Сардори ХНДБ ВК ЉТ

________ М. Амирбеков

10 июли с.2011




НИЗОМНОМАИ

озмоишгоњи давлатии ташхиси байторию бењдоштии бозорњои љумњурї
1. Муќарророти умумї

1.1. Низомномаи озмоишгоњи ташхиси байторию бењдоштии бозорњои љумњурї (минбаъд «Низомнома») бо маќсади иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» № 674 аз 29.12.с.2010, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокворї» №54 аз 10.05.с.2011, таѓйиру иловањо ба ќонуни мазкур №270 аз 12.01.с.2011 ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмол­кунандагон» №72 аз 9.12.с.2004, Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Низомномаи Хадамоти назорати давлатии байторї» № 182 аз 3.04.с.2007 ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалї, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф намудааст, тањия шудааст.

1.2. Озмоишгоњи ташхиси байторию бењдоштї (минбаъд «Озмоишгоњ») маќомоти назорати давлатии байторї буда, дар бозорњои доимамалкунанда ва махсусгардонидашуда, ки ба фурўши њайвонот, парранда, моњї, занбўри асал, мањсулоти аз њайвонот ва растанї гирифташуда, таъсис дода мешавад.

1.3. Озмоишгоњ дар њайати муассисаи давлатии байтории ноњиявї ва шањрї, Стансияњои мубориза алайњи беморињои њайвоноти шањру ноњияњо ва Марказњои ташхиси байтории байниноњиявї, ноњиявї ва шањрї вобаста ба љойгиршавии бозорњо фаъолият мекунанд. Љадвали басти кории озмоишгоњ аз духтури байтор – мудир, байтор-лаборант ва санитар иборат буда, њайати корї вобаста ба миќдори тањќиќоти мањсулот дар як рўз, инчунин иншоотњои истењсолии тањти назоратие, ки дар њудуди бозор љойгиранд, муайян карда мешавад.

1.4. Маблаѓгузорї ва таъминоти моддию техникии озмоишгоњ аз њисоби буљаи мањаллї, инчунин маблаѓњои махсуси аз њисоби хизмати пулакии байторї амалї карда мешавад.

1.5. Фаъолияти истењсолии озмоишгоњ фаќат баъд аз гузаштани аттестатсияи навбатї аз љониби маќомоти ваколатдори байторї иљозат дода мешавад.

1.6. Озмоишгоњро мудир – духтури байторї, ки собиќаи кории соњаи ташхиси байторию бењдоштии на кам аз се сола ва бозомўзии махсуси соњаро дорад, инчунин аз аттестатсия гузаштааст, роњбарї мекунад.

1.7. Мудир, мутахассисон ва дигар њайати кории озмоишгоњро роњбари маќомоти давлатии байторї, ки озмоишгоњ дар њайати он фаъолият менамояд, ба вазифа таъин ва аз вазифаи ишѓолнамудааш дар мувофиќа бо Хадамоти назорати давлатии байторї озод намуда, таъин ба вазифа мутобиќи озмуни дохилї амалї карда мешавад.

1.8. Муассисаи давлатии байторї, ки дар тобеияташ озмоишогоњ дохил мешавад, таъминоти онро бо лавозимоту ашёњои озмоишї, дастгоњњо, анљомњои корї, рангњо, маводњои кимиёвї, реактивњо, либосњои махсус, зарфњои озмоишї, мизу курсињо, љевонњо ва дигар лавозимотњои ёрирсон, ки барои пешбурди корњои байторию бењдоштї заруранд, ба ўњда мегирад.

1.9. Њангоми нопурра таљњизонидани озмоишгоњ бо лавозимотњо, гузаронидани ташхиси байторию бењдоштии мањсулот манъ аст ва аз аттестатсия гузаронида намешавад.

1.10. Маъмурият (соњибмулк)-и бозор мутобиќи моддањои 26 ва 27 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» барои истифодаи бебозгашти озмоишгоњ аз утоќњои корї, дастгоњњои муайян, воситањои алоќа ва љуброни харољотњои онњо вазифадор аст.

1.11. Озмоишгоњ дар фаъолияти худ Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи байторї”, “Низомномаи Хадамотти назорати давлатии байторї”, санадњои меъёрии њуќуќї, фармоишњои Вазорати кишоварзї ва маќомоти давлатии байториро ба роњбарї мегирад.

1.12. Озмоишгоњ дорои ќолаб (штамп) бо нишондоди номи муассиса, тамѓа барои тамѓагузории гўшт, журналњо, хатти расида (бо намунаи тасдиќшуда), вараќаи хулосаи ташхиси байторию бењдоштї барои иљозати фурўши мањсулот дар бозорњо мебошад.

1.13. Озмоишгоњ њангоми фаъолияташ аз маъмурият ва соњибони бозорњо, шањрвандони тољир ва истеъмолкунандагони мањсулот мустаќил буда, дар рафти иљрои ўњдадорињои вазифавиаш тањти њимояи давлат мебошад.

1.14. Озмоишгоњ бевосита дар бинои растаи бозорњо љойгир карда мешавад. Љойгиркунии озмоишгоњ дар роњравњо, њавлињо, анборњои нигоњдории маводњои кимиёвї ва зараровар, хонањои истиќоматї, баромадгоњњо, кўчаю роњравњо ва гузаргоњњо маън аст.

1.15. Озмоишгоњ новобаста аз њаљми кор ва мавзеи љойгиршавиаш дар ноњия (шањр) бояд аз шуъбањои зерин иборат бошад:

- шуъбаи ташхиси байторию бењдоштии гўшт ва моњї;

- шуъбаи ташхиси байторию бењдоштии шир ва мањсулоти ширї;

- шуъбаи ташхиси байторию бењдоштии растанї ва асал;

- утоќи корї барои њайати корї, шустушўй, хона барои нигоњубини ашёњо;

- яхдонњои алоњида барои муваќќатан нигоњ доштани гўшт ва мањсулоти гўштї;

- утоќ барои безараргардонии гўшт ва мањсулоти гўштї (мањсулоти дараљаи дуюм), автоклава ва асбобњои безараргардонї;

- утоќи кории мудири озмоишгоњ.

1.16. Бинои озмоишгоњ бояд бо шабакаи гармидињї, рўшноидињанда, њавотозакунакњо, коррезњои обгузар, оби хунук ва гарм таъмин бошад. Ќабули бинои озмоишгоњ ва ба истифодадињии он аз тарафи Хадамоти назорати давлатии байтории љумњурї ва маќомоти байтории ноњия (шањр) амалї карда мешавад.

1.17. Фурўши мањсулоти чорводорї ва растанипарварї дар бозорњое, ки аз ташхиси байторию бењдоштї нагузаштаанд, ќатъиян манъ аст.

2. Маќсад

2.1. Ташкил ва гузаронидани чорабинињо оид ба пешгирии пањншавии беморињои мансуби њайвонт ва инсон њангоми фурўши њайвоноту парранда.

2.2. Таъмини мусоидї аз нуќтаи назари байторию бењдоштї њангоми истеъмоли мањсулоти аз њайвонот ва растанї истењсолшуда.

2.3. Ташкили чорабинињо оид ба пешгирии пањншавии беморињои сироятии њайвонот ба воситаи мањсулоте, ки тањти ташхиси байторию бењдоштї ќарор дорад.



3. Вазифањо

3.1. Назорати давлатии байторї оид ба риояи ќоидањои фурўши њайвонот, парранда, занбўри асал, гўшт, мањсулоти гўштї, моњї, харчанг, шир, мањсулоти ширї, тухм, асал, мањсулоти растанї, равѓан ва ѓайра дар бозорњои истеъмолї.

3.2. Тафтиши хуљљатњои роњбаладии байторї барои њайвонот, парранда, мањсулоти аз њайвонот ва растанї истењсолшуда дар бозорњо.

3.3. Бурдани назорати доимї оид ба воридшавї, нигоњдорї ва фурўши гўшт ва мањсулоти гўштии корхонањое, ки дар њудуди бозор љойгир шудаанд.

3.4. Гузаронидани тањќиќи кимиёвии мањсулот ва муоинаи клиникии њайвонот (парранда), ки барои фурўш ба бозор ворид мешаванд. Њангоми муайян намудани беморї, интиќол намудани онњо ба муассисаи давлатии табобатии байторї.

3.5. Ташкил ва гузаронидани назорати радиологии мањсулоти аз њайвонот ва растанї истењсолшуда мутобиќи “Дастурамали назорати байтории радиологї”.

3.6. Гузаронидани ташхиси байторию бењдоштии намунањои гўшт ва дигар мањсулоти аз њайвоноти кишоварзї ва ромкарда дастрасшуда, паррандаи хонагї ва хушхон, моњї, шир ва мањсулоти ширї, асал, тухм ва дигар мањсулоти барои фурўш иљозат додашуда.

3.7. Ташкил ва гузаронидани трихинеллоскопияи нимтаи хук, хуки вањшї, санљоб, хирс ва њайвоноти мўинадор, инчунин як ќисм (чоряк)-и гўшт, равѓан, чарбуи онњо новобаста аз натиљаи тањќиқоти гузаронидашуда то њолати воридшавї ба бозор.

3.8. Муоина, интихоб ва фиристодани намунањои гўшт, мањсулоти гўштї, моњї, шир, мањсулоти ширї, асал ва дигар мањсулоти хўрокворї барои тањќиќоти бактериологї, биёкимиёвї, гистологї, радиобиологї ба Марказњои ташхиси байтории ноҳиявї, байниноҳиявї, шаҳрї ва вилоятї, инчунин ҳангоми зарурият ба Маркази миллии ташхиси байторї.

3.9. Тамѓагузории гўшти њайвонот ва парранда мутобиќи “Ќоидањои тамѓагузории гўшт”.

3.10. Пешнињоди хулоса ва дигар намунањои њуљљатњои байторї (чипта, тамѓа, хатти расида), ки бехатарии байторию беҳдоштии маҳсулоти истеҳсол­шударо барои фўруш дар бозор (нуќтаи савдо) иљозат медињад.

3.11. Нобудсозї ва безараргардонии мањсулоти барои ташхиси байторию бењдоштї гирифташуда пас аз анљоми тањќиќот ва тањияи санади тасдиќкунанда. Ташкил ва иштироки бевосита њангоми нобудсозї (сeзонидан)-и гўшт ва дигар мањсулоти ѓизої, ки баъди тањќиќоти байторию бењдоштї ва ба саломатии истеъмолкунандагон хавфнок њисобида шудаанд. Тањияи санад дар бораи мањсулоти бекоркардашуда (аз истеъмол гирифташуда).

3.12. Ташкил ва назорат њангоми безараргардонии гўшт ва дигар мањсулот.

3.13. Бањисобгирии бемориҳои ошкоршуда, сабти корњои анљомдодашуда дар журналњои намунаи махсус ва пешнињоди њисоботњо. Намунаи журналњои кории озмоишгоњ инњо мебошанд:

- журнали ташхиси байторию бењдоштии гўшт ва мањсулоти гўштї;

- журнали ташхиси байторию бењдоштии шир ва маҳсулоти ширї;

- журнали ташхиси байторию бењдоштии асал;

- журнали ташхиси байторию бењдоштии равѓан;

- журнали ташхиси байторию бењдоштии маҳсулоти безараргардонидашуда;


  • журнали ташхиси байторию бењдоштї ва санадњо оид ба мањсулоти мусодиракардашуда;

3.14. Таблиѓот ва фањмондадињии дониши байторию бењдоштї дар байни кормандони бозор, фурўшандањо, ќассобњо ва харидорон (истеъмолкунан­дагон).


4. Њуќуќ ва ўњдадорињои мудири озмоишгоњ

4.1. Фаъолияти озмоишгоњро тибќи њуќуќ ва ӯњдадорињои дар Низомномаи мазкур нишон додашуда таъмин менамояд.

4.2. Интихоб, љобаљогузорї ва таъмини вазъи кории мутахассисонро ба амал мебарорад, фаъолияти онњоро назорат мекунад, бозомўзї ва савияи донишашонро барои такмили ихтисос ташкил менамояд, ўњдадорињои мансабии кормандонро муайян менамояд, ќоидањои тартиби дохилии муассисаро вобаста ба рељаи кории маъмурияти бозор, ки соат ва рўзњои он нишон дода шудааст, тасдиќ менамояд. Наќшаи кории озмоишгоњро тартиб медињад.

4.3. Љамъбасти корњои байторию бењдоштиро тањия менамояд ва оид ба фаъолияти њаррўзаи озмоишгоњ, њолати тањќиќот, ошкор намудани беморињои зоонозї ва зооантропонозї дар мањсулоти тањќиќшуда пешнињод­њоро ба маќомоти назорати давлатии байторї, ки дар тобеъияти он мебошад, ирсол менамояд.

4.4. Ба маќомоти давлатии назорати байторие, ки дар тобеъияти онњо ќарор дорад, барои ошкор намудани њолатњои вайрон ё риоя накардани тартиботи байторию бењдоштї аз љониби шахсони мансабдори бозор, шахсони алоњида, фурўшандањо, ки ба фурўш ва муомилоти мањсулоти чорводорї ва растанигї, њайвонот ва паррандаи зинда сару кор доранд, барои ситонидани љарима пешнињодњо ирсол менамояд.

4.5. Ба маъмурият (соњибмулк) бо маќсади дар њолати муътадил нигоњ доштани вазъи байторию бењдоштї ва эпизоотї, инчунин таъмин намудани истењсоли мањсулоти аз њайвонот ва растанї гирифташуда, ки љавобгўи талаботњо ва ќоидањои байторию бењдоштї мебошанд, супориш ва амрияи хаттї медиҳад.

4.6. Бе монеъа вориди иншоотњои тањти назорати байторї ќарордоштаи њудуди бозор (растањо, намоишгоњњо, хаймањо, яхдонњо, анборњо, муассисањои захиракунанда ва фурўшандаи мањсулот, ашёи хоми њайвонот) мегардад.

4.7. Барои иљрои вазифа ва ўњдадорињои ба зиммадошта аз маъмурияти (соњибмулки) бозор ва фурўшандањои мањсулот маълумот ва њуљљатњо дархост менамояд.

4.8. Ќабули мањсулоти аз њайвонот истењсолшударо њангоми интиќол ба яхдонњо, фурўши њайвонот (парранда)-и зинда, ки њуљљатњои тасдиќунандаи байторї надоранд, инчунин ба муомилот баровардани ашёи хўрока ва мањсулоти истеъмолиро, ки аз ташхиси байторию бењдоштї нагузаштаанд ё зараровар њисобида шудаанд, маън менамояд.

4.9. Аз мањсулоти ба яхдон интиќолшавандаи њудуди бозор намуна мегирад, ташхиси байторию бењдоштї ва тањќиќотќи махсуси озмоишї мегузаронад.

4.10. Мутобиќи ќоидањои амалкунандаи байторию бењдоштї мањсулоте, ки барои истеъмол зараровар њисобида шудаанд, нобуд ва безарар менамояд.

4.11. Ба роњбарияти маќомоти давлатии байторї вобаста ба тобеияташ аз рӯи шахсони мансабдор ва соњибони мањсулот, ки њангоми муомилот барои истеъмол мањсулоти бадсифат ва мањсулоте, ки истеъмолашон боиси гирифторшавї ба беморињои сироятии одаму њайвонот мегардад, маводњои тафтишотиро пешнињод менамояд.

4.12. Ба маќомоти назорати давлатии байтории ноњия (шањр) дар бораи боздоштан ва манъ намудани фаъолити иншоотњои алоњидаи бозор, ки Ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи байторї”, ”Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хурокворї”-ро дағалона вайрон намудаанд, иттилоъ пешнињод менамояд.

4.13. Бо маќомоти санитарию эпидемиологї ва экологї њамоњанг намудани фаъолият оид ба њифзи саломатии одам аз беморињои мансуби њайвон ва инсон.

4.14. Њангоми беморшавии одамон, ки сабабаш фурўши њайвонот ё мањсулоти аз њайвонот гирифташуда мебошад, дар гузаронидани санљишњои муштараки санитарию эпидемиологї ва байторию бењдоштї фаъолона иштирок менамояд.
5. Масъулият

5.1. Мудир ва мутахассисони озмоишгоҳ тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи байторї” барои иљрои корњои зерин масъулиятро ба ўњда мегиранд:



- ташкили дурусти назорати давлатии байторї дар бозорҳо;

-иљро намудани ўњдадорињо ва вазифањои ба зиммаи озмоишгоњ вогузоршуда;



-маќсаднок харљ намудани маблаѓњои ба дастомада ва коршоям нигоњ доштани таљњизоту лавозимотњо;

- сари ваќт иљро намудани ўњдадорињои мансабї ва тартиби рељаи корї, дуруст гузаронидани тањќиќотњои байторию беҳдоштї, асоснок будани хулоса дар бораи усули тањќиќоти сифати ашёи хом ва мањсулоти ғизої, бармањал андешидани тадбирњо барои фурўши мањсулоти аз њайвонот ва растанї гирифташуда ва аз нуќтаи назари байторию бењдоштї бехавф, роњ надодан ба пањншавии бемориҳои сироятї ба воситаи њайвонот (парранда) ва мањсулоти истеъмолї дар бозорњо, дуруст ва бенуќсон мураттаб намудани њуљљатњои байторї ба мањсулоти дар бозор фурўхташаванда, инчунин пешбурди бањисобгирию њисоботдиҳї ва пешнињоди њисоботњо дар муњлати муайяншуда;

- истифодаи њуќуќњои комил, ки Низомномаи Хадамоти назорати давлатии байторї ва Низомномаи мазкур муайян намудааст.

5.2. Мутахассисони озмоишгоњ нисбати ашёи хом ва мањсулоти истеъмолї, ки аз тањќиќоти байторию бењдоштї нагузаштаанд, љавобгар нестанд.



6. Њамкорї бо маъмурият (соњибмулк) ва хадамотњои назоратии бозор

6.1. Озмоишгоњ назорати њаррўзаи фаъолияти бозорро тибќи талаботњои байторию бењдоштї амалї намуда, таъмини бехатарии мањсулотро дар њудуд ва иншоотњои савдои дохили бозор тањти назорат мегирад.

6.2. Маъмурият (соњибмулк) ва хадамотњои назоратии тобеъияти он ӯњдадоранд:

- таъмини гўшт ва дигар мањсулот бо маќсади гирифтани рухсати озмоишгоњ барои фурӯш пас аз хулосаи байторию бењдоштї;

- назорат аз болои мањсулоти тайёр ва коркарди саноатї, ки ба бозор ворид ва фурўхта мешавад, доштани њуљљатњои тасдиқкунандаи сифат (сертификати мутобиќат, шањодатномаи байторї, сертификати гигиенї)-ро талаб менамояд;

- људо намудани утоќи људогона дар бозор барои автоклава бо маќсади ташкили безараргардонии мањсулот ва ашёи хоми бекорнамудаи озмоишгоњ;

- дар њолати муътадили корї нигоњ доштани яхдонхонњо барои муваќќатан нигоњ доштани гўшт ва дигар мањсулот то давраи гирифтани хулосаи тањќиќоти байторию бењдоштї;

- гузаронидани нобудсозии гўшт ва дигар мањсулот (аз љумла мусодирашуда), ки тањти назорати мутахассисони озмоишгоњ барои истеъмол ѓайриманќул њисобида шудаанд;

- гузаронидани рўзњои санитарї;

-ѓунучини мунтазам, безараргардонии њудуд, нуќтаҳои савдо, яхдонҳо ва дигар иншоотњои ёрирасони бозор;

- гузаронидани тадбирњои њатмии пешгирикунанда тибиќ талаботњои байторию бењдоштї, дастурамалњо ва њуљљатњои меъёрї.



7. Њамкорї бо маќомотњои корњои дохилї

7.1. Расонидани кўмак ба мутахассисони озмоишгоҳ дар амалї намудани назорати вазифавї, риояи тартиби фурўши њайвонот (парранда), ашёи хом ва мањсулоти истеъмолї.



7.2. Иштирок дар таъмини тартиботи љамъиятї њангоми аз љониби мутахассисони озмоишгоњ мусодира намудани мањсулот аз шањрвандони ба савдо машѓул, ки барои истеъмол роњ дода нашудаанд, инчунин њангоми набудани њуљљатњои роњбаладии байторї.

Аз санаи мавриди истифода ќарор додани Низомномаи мазкур дар њудуди Љумњурии Тољикистон "Ќоидањо оид ба озмоишгоњи санљиши байторию бењдоштї дар бозорњо" аз 16.06.с.2007 (Ќонунгузории ветеринарї, љилди 2, сањифаи 97-101) беэътибор дониста шавад.

Замимаи 1

Ба Низомномаи

озмоишгоњи давлатии ташхиси байторию беҳдоштии бозорњои љумњурї

Љадвали басти кории озмоишгоњ вобаста ба њаљми мањсулоти тањќиќшаванда дар як рўз

Р/т

Вазифа

Миќдори кормандон вобаста ба њаљми санљиш

то 50

аз 51 то150

аз 151то 250

аз 251то 350

11

Мудир

1

1

1

1

2

Духтури байторї

-

1

1

2

3

Байтор-лаборант

1

1

2

2

4

Санитар

1

1

1

1



Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет