Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


II. Хусусиятњои эпизоотологї, нишонањои зоњирї ва тағйиротњои баъди марг



жүктеу 7.62 Mb.
бет19/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   42

II. Хусусиятњои эпизоотологї, нишонањои зоњирї ва тағйиротњои баъди марг

3. Ба сирояти диплококкї гўсолањо дар синни 2-3 моњагї њассос буда, лекин онњо бештар дар рўзњои аввали њаёт ба беморї гирифтор мешаванд. Манбаи барангезандаи сирояти диплококкии гўсолањои бемор ба њисоб мераванд, ки диплококкњои иллатзоро бо шоришњои бинї ва пешоб ҷудо мекунанд. Миќдори зиёди барангезанда њангоми сулфазанї дар биноњои бад, њавояш ивазшаванда ва ифлос, ки ифлосшавии бактериявии њаворо меафзояд, ҷудо мегардад. Пешоб ва њиссачањои луоби бинї њангоми сулфа ҷудошаванда ашёњои муњити атрофро ифлос намуда, тавассути онњо сироятёбии гўсолањои солим ба амал меояд.

4. Бештар сирояти диплококкї дар хоҷагињое, ки бењдошти таваллуд риоя карда намешавад ва гўсолањои таваллудёфтаро бо њамроњии модаронашон нигоњ медоранд, ба амал меояд. Аз имкон берун нест, ки диплококкњое, ки ба узвњои ҷинсї њангоми таваллуд меафтанд, дар шоришњои баъдитаваллудї афзоиш ёфта, пистонро ифлос менамоянд ва ба миќдори зиёд бо њамроњии луобњои ҷоришаванда дар тагандоз ва дигар ашёњои муњити беруна ҷамъ меоянд. Алоќаи байнињамдигарии сирояти диплококкии гўсолањо бо илтињоби пистони модаговњо ба ќайд гирифта шудааст. Сироятёбии гўсолањо метавонад ба воситаи дањон, бо роњњои нафас ва дохили батни мрдар ба амал биёяд. Барангезанда њамчунин ба воситаи зарфњои барои нўшонидани гўсолањо интиќол мегардад. Њарорати паст ва намнокии баланд дар профилакторияњо, њамчунин консентратсияи саршумор ва сари ваќт озод накардани шуъбањои биноњо аз гўсолањо, њолати зиддибењдоштии профилакторияњо омилњои мусоидаткунанда ба шумор мераванд.

5. Беморї бештар дар давраи зимистону бањор њангоми саршави наслгирии оммавї ба ќайд гирифта мешавад, ки ба он беморшавї ва талафотёбии баланд хос мебошад. Чун ќоида сирояти диплококкї дар намуди энзоотия гузашта, ба он тавсифи манбаи табиї медињад.

6. Сирояти диплококкии гўсолањо дар шакли септисемия мегузарад. Ба организми гўсолањо бо роњи алиментарї ё аэрогенї афтида, барангезанда ба воситаи пардањои луобї ба лимфа, баъдтар ба хун ворид гардида, дар он ҷо афзоиш ёфта, ба тамоми организм пањн мешавад. Миќдори зиёди барангезанда дар узвњои системаи ретикулоэндотелиалї, дар шуш ва моеъи синовиалї ҷамъ гардида, илтињобро ба вуҷуд меоранд.

Равандњои илтињобї дар узвњои гуногун ба зањролудгардии организм аз таъсири масолењњои њаёту фаъолияти бактерияњо оварда, дар натиҷа вазифањои нафаскашї ва раванди мубодилавї дар бофтањо вайрон мегарданд.

7. Сирояти диплококкї дар гўсолањо метавонад шадид, камшадид ва музмин гузарад. Беморї бештар ба таври шадид бо афзоиши зуњуроти септисемия мегузарад. Беморї бо зиёдшавии нафаскашї ва набз, баландшавии њарорати бадан то 40-420С оѓоз мешавад.

Марг баъди 1-2 рўз фаро мерасад. Њангоми ҷараёни нисбатан дурудароз бемадории умумї, сурхшавии халтаи чашм, ашкравї аз чашм, норасоии дил пайдо гардида, иштињо кам мешавад. Гўсола бисёр ваќт хоб меравад, базўр мехезад ва буғумњояш варам мекунанд. Њангоми ҷараёни камшадид ва музмин сулфаи дарднок мушоњида гардида, дар кунҷи чашмон шоришњои римдор ва аз сўрохињои бинї шоришњои луобию хуншорадор дида мешавад. Њангоми аускултатсияи шуш, овозњои хиррос шунида шуда, њангоми перкуссия мавзењои кундгардида ошкор карда мешаванд.

Ҷараёни камшадид ба ҷараёни музмин табдил ёфта, дар баъзе њолатњо ба марг меанҷомад. Сињатёбии пурра баъди азсаргузаронии сирояти диплококкї мушоњида намешавад. Гўсолањо муддати дурудароз мубталои илтињоби шуш гашта, аз инкишоф мемонанд, њамчунин артрози ќисмати буғумњо ва лангидан имкон дорад.

8. Тағйиротњои баъди марг. Њангоми ҷараёни шадиди сирояти диплококкї аз њад зиёд калоншавии испурч дида мешавад. Он сахт, ғилофааш таранг буда, дар зери ғилофааш хуншорагии нуќтагї ва доғмонанд мушоњида карда мешавад. Њангоми буриш мағзи испурч зич ва сиёњ буда, макакчањо дар сатњи буриши испурч на он ќадар калон мебошанд.

Ранги ҷигар сурхи сиёњтоб, дар баъзе њолатњо доғњои зарди хокистарранг дошта, њангоми буриш зич мебошад. Ѓилофаи гурдањо бо сабукї канда мешавад. Сарњади байни ќабатњои ќишерї ва мағзї суст намудор аст. Дар зери ѓилофаи гурдањо хуншорї дида мешавад. Дар пардаи луобии шошадон хуншорињои рах-рах ва доғмонанд дида мешавад. Дар куртачаи дил зардоби шаффофи ғафси рангаш зарднамо ҷамъ мешавад. Дар эндокард хуншорињои доғмонанд ва нуќтагї дида шуда, бофтаи шуш варамнок мебошад.

9. Њангоми ҷараёни камшадид ва музмини сирояти диплококкї тағйиротњоеро пайдо мекунанд, ки ба пневмония ва перикардит хос мебошанд. Ранги шуш сурхи сиёњнамо, бофтањои шуш зичу ноњамвор буда, њангоми буриши бронхањо дар дохили онњо зардоби луобию римдорро пайдо мекунанд. Пардаи шуш ва куртачаи дил бо пардаи фибринозии рангаш хокистарї пўшонда шудаанд.

Ҷигар каме калон, рангаш зард шуда, њангоми буриш хушк мебошад. Дар испурч гирењњои хурди некрозиро пайдо мекунанд. Њангоми кушодани буғумњои иллатёфта инфилтратсияи насҷи зери пўст дида шуда, таркиботи ѓилофаи буғуми шаффоф ё аз њисоби лахтањои фибринї тира мебошад. Дар тағояки буғумњо захмњо дида мешавад.

III. Ташхис

10. Ташхиси аниќи бемориро аз рўйи натиҷањои тадќиќотњои озмоишї мегузоранд. Ба озмоишгоњ ҷасади гўсоларо пурра ё узвњоро, аз ҷумла: дил бо рагњои басташуда, буридањои испурч, ҷигар, гурда андозаашон 10х10 см, шуш бо гирењњои лимфавии бронхиалї, устухони дарунхолї ва буғуми нокушодаи иллатёфтаро равон мекунанд. Аз он сабабе, ки диплококк дар масолењи амрозї тез вайрон мешавад, онро на дертар аз чор соати баъди фавти њайвон бояд ба озмоишгоњ расонда шавад.

11. Дар озмоишгоњ аз маводи амрозї дар шишачањои аёнї молишак тайёр мекунанд. Бо маќсади њифз ва ошкоркунии ғилофа молишакњоро бо спирти метил ё эфир (ќисман баробар) устувор намуда, баъд бо усули Романовский-Гимза ё Олта ранг менамоянд. Дар молишакњо барангезанда дар шакли коккњои ҷуфт, ки алоњида ё на зиёд аз 2-3 ҷуфт ҷойгиранд, намудоранд. Нўгњои ба њам нарасандаашон каме кашшидашуда мебошанд ва коккњо шакли шўълаи шамъро доранд. Дар гирди диплококкњо ғилофа намудор аст, ки њарду коккро ињота намудааст.

12. Бо маќсади ба даст овардани кишти диплококк аз узвњои номбурда дар АГП, БГП ва дар АЖП-и 0,3% кишт мегузаронанд. Ба муњитњои ғизої глюкозаи 1-3% ва зардоби хуни 10-15% -ро њамроњ менамоянд. Ба ҷойи муњитњои нишондодашуда барои ҷудо намудани диплококк агари глюкозагию хунинро истифода бурдан мумкин аст.

Дар АГП диплококк дар шакли тўдањои ҷудогонаи хурди шаффоф, ки ќатрањои шабнамро бо ёд меоранд, ќад мекашад. Дар агари хунин дар гирди тўдањо гемолиз дида мешавад. Дар БГП диплококк баъди 24 соат тирашавии сабукро ба вуҷуд меорад. Дар АЖП диплококк нисбатан хуб ќад мекашад, ки дар сатњи балои АЖП низ хуб намудор аст. Аз тўдањое, ки ба диплококкњо хос аст, аз АЖП ва БГП молишакњо тайёр намуда, онњоро бо усули Грам ранг мекунанд. Дар молишакњо аз АЖП ва БГП тайёр кардашуда диплококкњо шакли нисбатан кашидашударо дошта, ба монанди занҷири аз ду ё се ҷуфт иборат ҷойгир мешаванд. Дар молишакњои аз агари хунин ва зардобадор тайёр кардашуда диплококкњо ҷудогона, аммо дар киштњои куњна занҷирњои дарози диплостренто-коккњоро њосил мекунанд.

13. Њангоми ошкор намудани бактерияњо бо хосиятњои сабзишию морфологї ва тинкториялии ба диплококкњо хос ва хусусиятњои иллатзоии онњоро месанҷанд.

Ба ин маќсад киштро аз сари нав дар агари зардоби хундор кўчат намуда, 24 соат кишт менамоянд, бо мањлули физиологї шуста, суспензияи бактериявї тайёр мекунанд. Хусусиятњои иллатзоии киштро бо роњи сирояткунонии мушњои сафед месанҷанд. Ба дохили сифоќи ду муши сафед 0,3 мл суспензияи бактериявї ё кишти булёниро ворид мекунанд. Агар кишти диплококк иллатзо бошад, марги мушњо баъди 24-72 соат фаро мерасад.

14. Барои муайянкунии иллатзої мумкин аст тести дермонекрозї истифода карда шавад. Барои гузоштани он харгўшњоро истифода мебаранд. Дар тарафи пањлўи бадани онњо мавзеи на он ќадар калонро тоза тарошида, ба дохили пўст 0,2-0,3 мл кишти санҷидашавандаро ворид мекунанд.

Агар кишт иллатзо бошад, дар ҷойи сўзангузаронидашуда баъди 12-16 соат нишонањои илтињоб (сурхшавї, варамнокї, баландшавии њаро­рати мавзеи пўст) мушоњида гардида, аммо баъди 42-69 соат некроз пайдо шуда, сафолакњо њосил меша­ванд.

15. Бо маќсади тафриќаи барангезандаи сирояти диплококкї аз дигар стрептококкњо як ќатор тестњои иловагї ва киштњоро дар муњитњои ғизоии тафриќакунанда истифода мебаранд. Парвардаи диплококкро ба 3 пробиркаи агари зардоби хундор шинонда, дар њароратњои гуногун: 10, 45 ва 500С кишт мекунанд. Ғайр аз ин киштро ба БГП бо иловаи мањлули 6,5% хлориди натрий ва дар БГП бо илова намудани 40% талха мегузаронанд. Инчунин киштро дар муњитњои дорои трегалоза, сорбит, маннит, рафиноза, лактоза, сахароза, арабиноза, дулсит, ксилаза ва дар шири беравғани метилени кабуддор мегузаронанд. Њисоби тағйиротњои муњити тафриќакунандаро баъди 24-48 соат мегузаронанд.

16. Барангезандаи сирояти диплококкї S.septicum дар њарорати 10, 45 ва 50 афзоиш намекунад. Њамчунин он дар булёни намакин ва БГП, ки талхаи 40% дорад, насабзида раффиноза ва дулситро њосил накарда, глюкозаро бе њосилшавии газ, њамчунин сахароза, лактоза, маннит, инсулин, трегалоза, ксилоза ва сорбитро њосил намуда, ширро бо метилени кабуд оњиста беранг менамояд. Диплококк дар талха њал мешавад, ки яке аз омилњои муњими тести тафриќакунанда ба њисоб меравад.

Бо ин маќсад парвардаи диплококкро дар БГП кишт намуда, 18-20 соат месабзонанд ва баъд ба муњит талхаи таъмизшудаи говро илова менамоянд ва ба термостат гузошта, баъди он натиҷањояшро њисоб мекунанд. Диплококк дар зери таъсири талха њал мешавад ва дар муњит ранги шаффофро мегирад. Ба ин маќсад њамчунин дар булёне, ки талхаи 10% дорад, кишт гузаронидан мумкин аст. Ба сифати муњити назоратї булёнеро истифода мебаранд, ки талха надорад. Натиҷаашро баъди 20-24 соат њисоб менамоянд. Дар муњите, ки талха дорад, стрептококус пневмония намесабзад, дар њоле, ки дар пробиркаи назоратї каме тирагунї мушоњида мешавад. Минбаъд дар пробиркаи назоратї стрептококкњо ба ќаъри пробирка нишаста, дар рўзњои дуюм ва сеюм ранги булён шаффоф мегардад. Аз њамин сабаб њисоби ќадкаширо на дертар аз 24 соат бояд гузаронед. S.septucus дорои хосияти фибринолитикї набуда, зардоби хунро низ тунук наменамояд.

17. Ташхиси бактериявии сирояти диплококкї њамон ваќт тасдиќшуда њисобида мешавад, ки агар яку якбора парвардаи S. septucus аз як чанд узв бо нишондоди тести мусбии иллатзоии парвадањо ҷудо карда шавад.

18. Дар парвардањои ҷудокардашудаи диплококк, ки њамчун барангзандаи сирояти диплококкї муќаррар гардидааст, њиссиётнокиашонро нисбат ба антибиотикњо муайян мекунад. Њамчунин муайян кардани њиссиётнокї бо усули диффузионї бо ёрии лаъличањо бо антибиотикњо дар агари зардоби хундор ё усули омехтакунињои силсилавї тавсия карда мешавад. Дар БГП барои муайян намудани њиссиётнокии диплококки септикї нисбат ба антибиотикњо камтар коршоям аст, зеро ки диплококк тирашавии шиддатноки булёнро ба вуҷуд намеорад.



IV. Муолиҷа

19. Барои табобати гўсолањои бемор антибиотикњо, сулфаниламидњо, маводњои маҷмўии зиддибактериаявї (ДС-1100, "Шодмон", дибаферол, дибакупрол), пробиотикњо, маводњои симптоматикї, њамчунин маводњои хосса ва ғайрихоссаи муолиҷавї ва пешгирикунандаро истифода мебаранд.

20. Ба сифати табобати хосса зардоби хуни зиддидиплококкиро истифода мебаранд. Онро ба дохили мушак дар мавзеи сатњи берунаи рон ба меъёри 50-100 мл як маротиба дар як шабонарўз ворид мекунанд. Дар њолатњои вазнини беморї зардоби хунро такроран баъди 24 соат ворид менамоянд. Якҷоя бо антибиотикњо ба дохили мушак равон намудани ин зардоби хун самараи хуб медињад.

21. Њиссиётнокии диплококкњоро нисбат ба антибиотикњо, ки дар озмоишгоњњои байторї дар ваќти тањќиќи маводњои амрозї мегузаронанд, нишон дод, ки диплококк нисбат ба пенитсиллин, стрептомитсин, мономитсин, неомитсин, эритромитсин ва тетрасиклин њассос мебошад.

22. Ба сифати маводњои симптоматикї маводњое, ки њангоми табобати гўсолањои гирифтори бронхо-пневмония, илтињоби пардаи боли шуш ва норасоии дилу рагњо тавсия мегардад, истифода бурда мешаванд. Њамчунин табобати парњезї ва физиотерапевтиро ташкил менамоянд.

23. Муваффаќияти пешгирї ва табобати беморї танњо дар њолати иҷро гардидани тамоми талаботњои бењдоштию назофотї ва риоя намудани технологияи парвариши гўсолањои навзод таъмин карда мешавад.



V. Пешгирї

24. Асоси пешгирии сирояти диплококкиро маҷмўи чорабинињои бењдоштию назофотї ва кандани алоќаи гўсолањои навзод бо чорвои бемор ва бемориро аз сар гузаронида, ташкил менамояд.

25. Диќќати асосиро њатман бояд ба назофотии пеш аз таваллудкунии модаговњо равона намуд. Мўи модаговњоеро, ки ба таваллудхонањо ворид мешаванд, бо ёрии чўткањо тоза намуда, ҷойњои ислофшудаи бадан, узвњои берунаи ҷинсї, сўрохии маќъад, решаи дум ва пистонро бо оби гарм шуста, баъд аз ин бо мањлули перманганати калий бо таносуби 1:10 000 бояд бе-зарар намуд.

26. Таваллудхона бояд дар њолати хуби бењдоштї бошад. Барои ин сари ваќт саргин, луобњои баъди таваллуд ва њамроњакњоро меғундоранд. Баъди тозакунии механикї боксњоро бо ёрии гидропулт ё лўллањои махсуси бо зарфи дорои мањлули дезинфексионї пайваст, ки аз он ҷой мањлул дар зери фишор ба системаи таќсимкунанда равона карда мешавад, њар рўз дезинфексия мекунанд.



VI. Чорањои мубориза

27. Дар хоҷагињои нисбат ба сирояти диплококкї носолим гўсолањо фавран баъди зоидашуданашон бояд ба њуҷрачањои фардї гузаронида шаванд. Аробаеро, ки бо он гўсалоњоро ба профилакторияњо мекашонанд, бояд намади резинї дошта бошад ва њар сари ваќт бо об дар зери фишор шуста, хушк карда шавад.

28. Бо маќсади сари ваќт истеъмоли фалла, ки соатњои аввали баъди таваллуд миќдори зиёди антиҷисмњои муњофиз дорад, гўсоларо бо модараш на камтар аз 18 соат бояд њамроњ гузошт.

29. Барои пешгирии сирояти диплококкї омили њароратии роњ надодани аз њад зиёд хунукхўрии гўсолањо дар соатњои аввали баъди таваллуд нињоят муњим ба њисоб меравад. Аз њад зиёд хунукхўрии гўсалањо устувории организмро паст намуда, сироятпазирии онњоро нисбат ба барангезандаи сироят меафзояд. Њарорати њаво дар таваллудхонањо набояд аз 160С паст ва намнокии нисбї набояд аз 60% зиёд бошад. Пайдоиши шамолњои дуҷониба манъ аст. Барои он, ки аз њад зиёд хунукхўрии гўсолањо дар соатњои аввали њаёт ба амал наояд. Дар хоҷагињои алоњида панҷарањое, ки ба гармкунакњои барќї муҷањазанд, истифода мебаранд. Одатан дар ин ваќт бояд ба њолати бењдоштии панҷарањо диќќат дод. Њарорат ва намнокии баланд њангоми хушк шудани ќабати тари мўи гўсалањои навзод барои афзоиши микрофлорањо ва зиёдгардии ифлосшавии бактериявии муњит дар панҷарањои гармшаванда мусоидат менамоянд.

30. Дар пешгирии сирояти диплококкї њолати бењдоштї ва реҷаи њароратии тамоми профилактория ањамияти калон дорад. Дар биноњои хунук њиссачањои хурди луоби бинї њангоми сулфазании гўсолањо ба њаво бароварда мешаванд, муддати дароз дар њолати мувозинат дар њаво мемонанд. Аз њамин лињоз ифлосшавии бактериявии њаво меафзояд. Якҷоя бо ин имконияти аз сари нав сироятёбии гўсолањо аз сирояти диплококкї тавассути њаво зиёд мегардад. Сари ваќт нағундоштани биноњо ва ҷойгиркунонии зичи гўсолањо њам сабабгори ибтидои ҷамъшавии сироят дар муњити беруна мегардад.

31. Диќќати асосиро бояд ба дурустии пурракунии гўсолањо њангоми интиќоли онњо аз њуҷрањои фардї ба њуҷрањои гурўњї бояд равона намуд. Пеш аз гузаронидан ба њуҷрањои гурўњї гўсолањоро аз муоинаи сарирї гузаронидан њатмист. Гўсолањои солимро набояд бо гўсолањое, ки њарорати баданашон баланд асту дар онњо сулфазанї, варами буғумњо ё дигар нишонањои зоњирии беморї дида мешаванд, њамроњ нигоњ дошт. Агар майдони истењсолї ба ин имкон надињад, ки барои чунин гўсолањо биноњои махсуси алоњида ҷудо карда шавад, дар он њолат аз онњо гурўњи алоњида ташкил намуда, барои тадќиќот маводи амрозї мегиранд. Ташхисро аниќ намуда, чорабинињои муолиҷавї ва пешгирикунандаро ташкил менамоянд. Дар мубориза алайњи сирояти диплококкї бартараф намудани манбаи барангезандаи сироят њолати муњим ба шумор меравад. Ба ин маќсад чорвои беморро ҷудо намуда, модаговњои гирифтори илтињоби пистон, бачадон ва мањбалро табобат менамоянд. Барои нўшонидани гўсолањо танњо шири модаговњои солимро истифода мебаранд.

32. Ба сифати маводи махсуси пешгирикунанда формолваксинаи зидди септисемияи диплококкии гўсолањо, баррањо ва хукбачањоро истифода мебаранд. Гўсолањои сариран солимро аз 8-рўзагї то 2-3 моњагиашон эмгузаронї мекунанд. Ваксинаро ба дохили мушак дар мавзеи сатњи берунаи рон дукарата бо фосилаи 10-14 рўз аввал бо меъёри 5 мл, дуюмбора бошад, бо меъёри 10 мл равон мекунанд. Масуният дар чорвои эмгузаронда дар рўзњои 7-8-уми баъди такроран ворид намудани ваксина пайдо мегардад.

33. Чорабинии њатмї дар пешгирии сирояти диплококкї ин дезинфексияи иншоотњо мебошад. Дар ин њолат њам дезинфексияи бино ва муњити њавои онро якҷоя гузаронидан нињоят муњим аст. Дар ин асно њангоми дезинфексия асосан аз маводњои хлордор истифода карда мешавад.




Дар Шўрои илмию техникии

ХНДБ ВК ЉТ дида ва

маъќул дониста шудааст

Протоколи № 3 аз

12 сентябри с.2008


«Тасдиќ намудааст»

Сардори ХНДБ ВК ЉТ

_________________М.Амирбеков

19 сентябри с. 2008





ДАСТУР

оид ба пешгирї ва барњамдињии сирояти

коронавирусии гўсола
1. Муќаррароти умумї

1. Маълумотномаи таърихї. Аввалин бор коронавирусро соли 1972 дар штати Небраска (ИМА) C.Mebus, E.Stair ва дигарон дар саргини гўсолаи гирифтори бемории дарунравї ошкор намуда буданд, онро њамчун маводи коронавирусї људо ва тафриќа намуданд.

Наќши этиологии коронавирус њангоми бемории диарея ба таври таљрибавї дар натиљаи сирояткунонии гўсолањои навзоде, ки фаллашир ва гнобиотњоро истеъмол нанамуда буданд, исбот карда шуд.

Тадќиќотњо ба таври васеъ пањн шудани вирусро дар байни одамон ва њайвонот дар бисёр мамлакатњои дунё (ИМА, Белгия, Франсия, Англия, Љопон, Булѓория ва Давлатњои муштарак ул-манофеъ) муайян намуданд.

Вирус њангоми микроскопияи электронї дар маводњои ќисман тоза кардашудаи саргини гўлосањои бемор ошкор карда шудааст. Бо сабаби васеъ пањн гардидан ва табобати камсамару ќиммат сирояти коронавирусии гўсола зарари калони иќтисодї меорад.



2. Таснифот. Оилаи Coronaviridae њамчун воњиди мустаќили таксономї баъди омўзиши хусусиятњои фарќкунандаи сирояти коронавирусї соли 1975 тасдиќ гардида буд. Оилаи коронавирусњо як ҷинсро дар бар мегиранд.

3. Морфологияи вирусњо. Коронавируси гов њиссачаи полиморфї ба шумор рафта, одатан шакли саќќо ва байзашаклро дошта, ќутраш аз 80 то 100 нм аст. Ќутри миёнаи вирионњои пурра 126 нм- ро ташкил медињад. Пардаи липидї, ки нуклиокапсидро ињота мекунад, дар сатњи худ шохањоро дар намуди «тољ» мустањакам менамояд. Ин шохачањо ба баргакњо монанданд, ки бо њиссачањои вирус ва танањои борики дарозиашон 10-12 нм пайвастанд. Дарозии умумии шохањо 10-23 нм мебошад. Онњо одатан дупластинагї буда, мунтазам як намудаш дар атрофи вирион љойгир шудааст ва дар баъзе њолатњо дарозиашон гуногунанд.

Њангоми тадќиќоти электронию микроскопии намунаи саргини гўсалањои гирифтори бемории диарея њиссачањои коронавирусии полиморфии андозаашон 90-180 нм ва шохањояшон сўзанакмонанд ошкор карда шуд.

Аз сабаби сохти махсуси морфологї доштан, шохачањо дар вирион бо осонї мешикананд. Аз ин рў њиссачањои коронавирусї онњоро пурра ё ќисман дар раванди яхкунонї ва обкунонї њангоми дурудароз нигоњдории маводи вирусдор дар њарорати 4 дараҷа ё дар раванди тозакунї ва консентратсиякунонии маводи вирусдор бо усули баландсуръати сентрифуга-кунонї гум мекунанд.

Геноми коронавируси гов ба геномњои коронавируси бронхити сироятии мурѓ, гепатити вирусии муш ва хук, ки дорои сегментњо мебошанд, монандї дорад.



4. Хешутабории антигенї. Бо усули имунопретсипитатсия ва иммуноэлектрофорези вохўранда дар асоси маводњои тозашудаи коронавируси гов ду-се антигени претсипитатсияшаванда ошкор карда шудааст. Дар ин тадќиќотњо зардобаи зиёдмасуни зидди хайлњои омўхташаванда ва хейли Небраска истифода карда шудаанд. Исбот карда шудааст, ки антигени асосии претсипитатсияшаванда ба сохтори мембра­нагии пардаи вирусї монанд аст.

Таѓйирпазирии нисбатан зиёди антигенї дар коронавирусњои, ки як намуд ё намудњои гуногуни њайвонотро сироят мекунанд, ба ќайд гирифта шудааст.

Имконияти вуљуд доштани дигар типњои зардобавии коронавируси гов аз тарафи Квебекс исбот гардиааст.

Натиљањои тадќиќот нишон доданд, ки дар аксуламали боздории гемагглютинатсия (АБГА) хайли эталонии КЛ-2-и коронавируси гов ба хайлњои КТ-85 ва КТ-87, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон дарёфт карда шудаанд, алоќаи антигении хешутаборї доранд. Охирин хайлњо аз рўйи хусусиятњои физикавию кимиёвї ва биологї ба хайли эталонии КЛ-2 коронавируси гов монанд буда, ќодиранд, ки дар гўсолањо гастроэнтерити саририро ба вуљуд биёранд.



5. Устувории вирус нисбат ба таъсиротњои физикавию кимиёвї. Коронавирусњо ба вирусњое мансубанд, ки дар муњити беруна устувории баланд надоранд ва хусусияти сирояткунонии худро баъди коркард бо њалкунандагони липидї пурра гум намуда, њангоми коркард бо дихлордифтористан баландињоро дар сатњи вирион нобуд месозанд. Вирус баъди 24 соати кишт намудан дар муњити 0,02%-и формалиндор ва баъди 18 соат дар муњите, ки 0,04 % мањлули формалин дорад, мањв мегардад. Коронавирусњо нисбат ба фенол (мањлули 0,5 % дар давоми 20 даќиќа), перманганати калий (1:20000 дар давоми 20 даќиќа) устувор мебошад. Нофаъолии вирус њангоми таъсири этанол (мањлулњои 50; 25; 12,5% дар њарорати хона дар давоми 3 даќиќа), формалин (мањлули 5% дар давоми 10 даќиќа дар њарорати хона) ва эфир (мањлули 10% дар давоми 24 соат дар њарорати 250С) мушоњида карда шудааст. Коронавирус таъсири сироятнокии худро дар њарорати 370С баъди 96 соат гум мекунад, лекин дар њарорати хона бошад, дар ин давра фаъолнокиаш бетаѓйир мемонад. Он бештар дар њарорати 500С дар давоми як соат нофаъол мегардад, лекин бо иштироки IM Mg CI2. сабук ба танзим медарояд.

Коронавируси гов нисбат ба трипсин, ки консентратсияи охиринаш аз 0,25% баланд аст, њассос мебошад, лекин тадќиќотњо нишон доданд, ки њиссиётнокиаш нисбат ба трипсин метавонад вобаста аз хайлњояш таѓйир ёбад. Фаъолияти гемаг­глютинатсионї ва сироятии хайлњои КТ- 85, КТ -87 ва КЛ 2 дар зери таъсири эфири 20% ва 5% баъди 30 даќиќаи гармкунии дусоата то 650С пурра гум шуд. Формалин бо консентратсияи 0,05% дар давоми 3 соат фаъолияти сироятнокии вирусро пурра нофаъол гардонида, ба фаоъолияти гемагглютинатсиониаш таъсир намерасонад.



6. Парвариши коронавируси гов. Коронавируси говро дар муњити инвитро парваридан нињоят мушкил аст. Аввалин бор ба C.Mebus ва дигарон, баъдтар Y.Zanba ва дигарон муяссар гардид, ки коронави­русњоро људо намуда, дар њуљайрањои аввалинбор трипсинкунонидашуда ва њалшавандаи ПЭК мутобиќ кунонанд.

Муддати дурудроз кишткунии вирус ба пастравии зањрогинии он оварда мерасонад.

Аз рўйи маълумотњои K.Sharpee репликатсияи вируси коронамнанд асосан дар њуљайрањои таф-риќашавандаи бофтаи эпителияи љаббандаи ќисмати рўдањои борики гўсолањо ба амал меояд.

Коронавируси говро њамчунин муясар гардид, ки дар парвардањои узвии трахеяи љанинњои 5-6 моњаи модаговњо, 1-2 моњаи гўсолањо ва ќисмати рўдањои борики љанинњои 6-7 моњаи модаговњо афзоиш дињанд. Як ќатор муњаќиќон парвариши коронавируси говро дар њалќањои рўдагии људокардашудаи гўсолањои навзоди фаллаширро истеъмол нанамуда, тавсия медињанд.

Афзоиши самараноки коронавирусњои гуногуни гов асосан дар хатти киштшавандаи њуљайрањои аденокарсиномаи рўдаи рости одам ба даст омада буд. Барои репродуксия ва људо намудани коронавирус истифодаи парвардањои њуљайрањои якуминбор трипсинкунонидашудаи гурда, њамчунин трахеяи љанини гов натиљаи хуб доранд.

Дар адабиётњо намудњои усул ва услубњое навишта шуданд, ки ба мутобиќшавии коронавируси аз саргини гўсолањои гирифтори диареяро дар парвардаи аввалиндараљаи њуљайрањои гурдаи љанини гов имконият медињанд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет