Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


Боби 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОЊАИ БАЙТОРЇ



жүктеу 7.62 Mb.
бет2/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42

Боби 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОЊАИ БАЙТОРЇ
Моддаи 5. Принсипњои асосии сиёсати давлатї дар соњаи байторї

1. Сиёсати давлатї дар соњаи байторї аз тарафи маќомоти ваколатдор амалї гардонида мешавад.

2. Сиёсати давлатї дар соњаи байторї ба принсипњои зерин асос ме­ёбад:

- таъмини мустаќилияти назорати давлатии байторї;

- иљрои њатмии санадњои меъёрии њуќуќии аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатии байторї ќабулгардида барои њамаи маќомоти давлатї, корхонаю муассисањо, дигар ташкилотњо, новобаста ба тобеияти идоравии онњо, шакли моликият, шахсони мансабдор, шањрвандон ва шахсони бешањрванд;

- таъмини назорати давлатии байторї њангоми истењсол, нигоњдорї, коркард ва савдои объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта;

- таъмини назорати давлатии байторї њангоми интиќоли борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта бо наќлиёти заминї, њавої ва роњи оњан;

- дастгирии чорабинињо доир ба рушди соњаи байтории давлатї ва хадамоти ху­сусї;

- таъмини маќомоти ваколатдори давлатии байторї бо захирањои дахлдори мо­лиявї;

- риояи ягонагии манфиатњои давлат, шахсони воќеї ва њуќуќї дар соњаи байторї;

- бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон љуброни арзиши њайвонот ва мањсулот он, ки бинобар ба саломатии њайвонот ва инсон хатарнок будани онњо аз тарафи маќомоти назорати давлатии байторї мусодира ва нобуд карда мешаванд;

- бо пешнињоди маќомоти ваколатдор тасдиќ намудани номгўи беморињои сироятии њайвонот, ки пешгирї, ташхис ва нобудсозии онњо аз њисоби маблаѓњои буљети љумњуриявї амалї гардонида мешаванд;

- њамоњангсозии фаъолияти маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар соњаи байторї;

- дастгирии давлатии тањќиќоти илмї дар соњаи тањияи усулњои нави ташхис, пешгирї ва табобати беморињои њайвонот;

- таъмини шаффофият њангоми тањия, ќабул ва амалисозии чорабинињои бењдошти байторї;

- рушди њамкорињои байналмилалї дар соњаи байторї.



Моддаи 6. Тањия ва ќабули чорабинињои

байторию санитарї

1. Тадбирњои бењдошти байторї дар њолатњои зерин тањия ва ќабул мегарданд:

- дар чањорчўбаи зарурати њифзи њаёт ва саломатии инсон ва њайвонот;

- бо дар назардошти замина ва нишондодњои илмии мављуда, стандартњо, дастурамалњо ва тавсияњои байналмилалї;

- дар асоси арзёбии тањдид ба њаёт ва саломатии њайвонот ва инсон, ки мутобиќи тарзу равишњои созмонњои байналмилалии соњавї амалї карда мешаванд;

- бо маќсади роњ надодан ба табъизи худсарона ё беасоси байни мамлакатњои шароиташон якхела ё монанд, аз љумла табъизи байни њудудњои минтаќавї ва бахшњои истењсолоти чорводории дохилї ва њудудњои минтаќавию бахшњои истењсолоти чорводории дигар мамлакатњо;

2. Њангоми арзёбии тањдид ба њаёт ва саломатии њайвонот ва инсон дар раванди тањия ва ќабул кардани чорабинињои бењдошти байторї маќомоти ваколатдор нуктањои зеринро бояд ба назар гирад:

- нишондодњои илмї, раванд ва усулњои истењсолот, назорат, интихоб ва санљиши намунањо, мављудияти беморињои хоса, мављудияти минтаќањои аз бемории сироятии озод ё минтаќањое (ноњияњое), ки сатњи беморињои сироятиашон паст аст, шароити дахл-дори муњити атроф, тадбирњои карантинї ва дигар тадбирњо;

- нишондодњои иќтисодї, аз љумла муайян намудани талафоти истењсолот ва савдо дар њолати воридшавї (пайдошавї), решагирї ва пањншавии беморињои сироятї;



- харољоти назорат ва нобудсозии беморињои сироятї;

- самаранокї ва арзиши роњњои дигари паст кардани хатар;

3. Њангоми мављудияти далелњои кофии илмї барои арзёбии объективии тањдид ё дар вазъиятњои фавќулодда маќомоти ваколатдор њуќуќ дорад дар асоси нишондодњои мављуда, аз љумла нишондодњои ташкилотњои байналмилалии соњавї ва маълумот оид ба тадбирњои бењдошти байтории дигар мамлакатњо тадбирњои муваќќатии бењдошти байториро ќабул намояд.

4. Тадбирњои бењдошти байтории ќабулшаванда бояд ба шароити бењдошти байтории минтаќае, ки мол истењсол шудааст ва бояд тањти экспертизаи бењдошти байторї ќарор дода шавад ё ба шароити минтаќае, ки он таъин шудааст, мутобиќат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити бењдошти байторї маќомоти ваколат­дор, инчунин бояд њолати саломатии њайвонотро дар Љумњурии Тољикистон, дар мамлакати содироткунанда, мављудияти беморї, наќшањои миллии назорат ва решакансозии беморињо, мављудияти минтаќањои аз беморї озод ё сатњи пасти беморї дошта, инчунин меъёрњо ва принсипњои дастурии ташкилотњои байналмилалии соњавии дахлдорро ба назар гирад.

5. Тадбирњои бењдошти байтории ќабулгардида сатњи баландтари њифзи њаёт ва саломатии њайвонот ва инсонро нисбат ба сатње, ки аз истифодаи тадбирњо дар асоси стандартњо, дастурамалњо ва тавсияњои байналмилалї ба даст меоянд, метавонанд таъмин намоянд, агар он ба таври илмї асоснок карда шуда ё ба ин сатњи муњофизат мувофиќ бошад.

6. Њангоми ќабули тадбирњои бењдошти байторї, аз љумла тадбирњои муваќќатие, ки дар њолатњои фавќулодда ќабул карда мешаванд, маќомоти ваколатдори давлатии байторї бояд нишондодњои нави илмиро ба инобат гирад.
Моддаи 7. Тадбирњои бењдошти байторї дар сурати мављуд набудани стандартњо, дастурамалњо ва тавсияњои байналмилалї

1. Агар стандартњои байналмилалї, дастурамалњо ва тавсияњо мављуд набошанд ё тадбири бењдошти байторї ба стандартњо, дастурамалњо ва тавсияњои байналмилалї мутобиќат накунад ва ё агар чунин тадбир ба савдо таъсири назаррас расонида тавонад, маќомоти ваколатдор бояд:

- дар бораи нияти тадбиќи тадбирњо дар марњилаи аввали тањияи он огоњинома нашр намояд;

- мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалї ба тарафњои манфиатдор оид ба молњое, ки нисбат ба онњо ин тадбир истифода бурда мешавад иттилоъ дињад ва ќабул кардани тадбири пешнињодшавандаро асоснок кунад;

- мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалї ва бо дархости маќомоти ваколатдори дигар мамлакатњо матни санади меъёрии њуќуќии амаликунандаи тадбири пешнињодшавандаро бо нишон додани фарќият аз стандартњо, дастурамалу тавсияњои байналмилалї дастрас намояд;

- барои пешнињоди мулоњизот мўњлати нињої муќаррар кунад ва бо дархости тарафњои манфиатдор машварат гузаронад.



2. Огоњинома оид ба молњо, ки нисбат ба онњо тадбир амалї карда мешавад ва асосноккунии тадбири пешнињодшаванда бояд аќаллан 75 рўз пеш аз оѓози ќабули амалиёт дастрас карда шаванд.
Моддаи 8. Пешнињоди иттилоот

1. Маќомоти ваколатдор тавассути маркази ягонаи иттилоотї бояд иттиллоот, њуљљатњо ва маълумотро мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалї оид ба масъалањои зерин пешнињод намояд:

- тадбирњои бењдошти байтории пешнињод ва ќабулгардида;

- тадбирњои назоратї, муоинавї, сертификатсияи мањсулот ва амалиёти карантинї;

- амалиёти арзёбии хатар ва усулњои муайян кардани сатњи зарурии њифзи саломатии њайвонот дар Љумњурии Тољикистон;

- узвият ва иштирок дар машваратњои байналмилалї ва минтаќавї, низоми њифз кардани саломатии њайвонот, мављудият ва мўњтавои санадњои њуќуќии байналмималии дутарафа ва бисёртарафа.


Моддаи 9. Судмандии тадбирњои бењдошти байторї

1. Тадбирњои бењдошти байтории дар мамлакатњои дигар ќабулгардида ба тадбирњои дар Љумњурии Тољикистон амалкунанда судманд њисобида мешаванд ба шарте, ки маќомоти ваколатдор муайян кунад, ки тадбирњои дар мамлакати дигар амалкунанда њаёт ва саломатии њайвонот ва одамонро ба андозаи баробар ё аз сатњи кунунии Љумњурии Тољикистон баландтар њифз мекунанд.



2. Ќарор оид ба эътироф кардани судмандии тадбирњои бењдошти байторї бояд нашр карда шавад.
Моддаи 10. Стандартњои сифати чорабинињои байторї, кор ва хиз­матрасонї

1. Стандартњои сифати чорабинињои байторї (кор ва хизматрасонї) тибќи тартиби муайяннамудаи маќомоти ваколатдор, инчунин стандартњои байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, муќар­рар карда мешаванд ва барои муассисањои байторї, шах­сони воќеї ва њуќуќии дар соњаи байторї ба соњибкорї машѓул дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон њатмї мебошанд.

2. Риоя накардани стандартњои љумњуриявии сифати чорабинињои байторї (кор ва хизматрасонї) аз тарафи субъектњои фаъолияти байторї метавонад барои ба љавобгарии маъмурї ва љиноятї кашидан, боздоштани фаъолияти онњо дар соњаи байторї ё бекор кардани иљозатнома барои фаъолият дар соњаи байторї бо тар­тиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон асос гардад.

3. Назорати риояи стандартњои љумњуриявии сифати чорабинињои байторї (кор ва хизматрасонї) аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.


Моддаи 11. Сохтори идоравии бењдошти байторї

1. Вазорату идорањо, корхонаю муассисањо ва дигар ташкилотњое, ки фаъолияти онњо бо нигоњдорї ва парвариши њайвонот, њифз ва фурўши мањсулоти он, хўрок ва доруворї барои ташхис, пешгирї ва табобати њайвонот алоќаманд мебошанд, метавонанд аз њисоби воси­тањои худї бе истифодаи маблаѓи буљети давлатї, сохтори истењсолии бай­торї дошта бошанд. Тартиби таъсис ва сохтори он аз тарафи маќомоти зикршудаи идоравї муайян карда меша­вад.

2. Сохтори идоравии бењдошти байторї фаъолияти худро тањти роњбарии методии маќомоти ваколатдор амалї мегардонад.
Моддаи 12. Иљозат додан ба фаъолияти

хусусии байторї
1. Фаъолияти хусусии байторї дар асоси иљозатнома сурат мегирад.

2. Иљозатнома барои фаъолияти хусусии байторї бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» дода мешавад.
Боби 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРЇ
Моддаи 13. Назорати давлатии байторї
1. Назорати давлатии байториро маќомоти ваколатдор амалї мегардонад.

2. Назорати давлатии байторї вазифањои зеринро дар бар мегирад:

- назорати риояи ќонунгузории байторї аз тарафи шахсони воќеї ва њуќуќї;

- назорати объектњо ва борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта;

- назорати гузаронидани чорабинињои ташкилию хољагидорї ва бай­торию пешгирикунанда дар объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта аз тарафи шахсони воќеї ва њуќуќї;

- назорат намудани истењсол, нигоњдорї, коркард ва фурўши мањсулоти њайвонот, ашёи хоми њай­вонот ва растанињо, воситањои пешгирї, ташхису табобати беморињои њайвонот, хўрок ва хўрокињои ба он иловашаванда бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун­гузории байтории Љумњурии Тољикистон;

- назорати интиќоли борњои тањти назорати байторї ќарордошта бо наќлиёти заминї, њавої ва роњи оњан;

- назорати ба талаботи бењдошти байторї мутобиќ будани сохтмон, таъмири биноњои чорводорї, корхонањои коркарди гўш­ту шир, дўкон, анборњо ва дигар объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта;

- назорати риояи рељаи нигоњдории микро­организмњо дар ташхисгоњњои байторї, пажўњиш­гоњњои тањќиќоти илмї ва корхонањои коркарди мањсулот ва ашёи хоми њайвонот;

- назорати ташкили харидан, нигоњ доштан, интиќол додан (расонидан) ва истифода кардани маводи байторї, ки аз њисоби маблаѓи буљети давлатї харидорї мешаванд, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

- назорати нигоњдорї ва истифодаи захирањои љумњуриявии дорую маводи байторї;

- назорати роњњои чорвогузар, њудуди чарогоњњо, љойњои обхўрии њайвонот, ќоида ва шаклњои нишонагузории онњо;

- назорати чорабинињои байторї оид ба њифзи њудуди Љумњурии Тољикистон аз ворид ва пањншавии ангезањои беморињои њайвонот, аз љумла беморињои номаълум (экзотикї) аз кишварњои дигар;

- назорати пеш бурдани њисоботи баќайдгирї ва њисоботдињии байторї, инчунин мутобиќи ќонун­гузории байтории Љумњурии Тољикистон пешнињод намудани онњо.

Моддаи 14. Принсипњои муоина ва назорати

давлатии байторї

1. Амалиёти муоина ва назорати давлатии байторї бояд ба таври зерин иљро карда шаванд:

- фавран, бе кашолкорї ва табъизи (дискриминатсия) нисбати молњои воридшаванда ва молњои ба њамин монанди мањсулоти ватанї;

- дар асоси далелњо ва иттилооте, ки барои гузаронидани амалиёт зарур мебошанд;

- њангоми огоњ кардани дархосткунанда оид ба мўњлати ба охир расидани амал, норасогињои дар дархост љойдошта, марњила ва натиљањои истењсолот;

- ба тарзе, ки њифзи сирри иттилоотї таъмин гардад;

- бо роњи гирифтани намунаю чошнї ба миќдоре, ки барои гузаронидани амалиёти назорат ва сертификатсия зарур мебошад;

2. Агар баъди муоина ва ё назорати давлатии байторї дар таснифоти мањсулот таѓйироте ошкор гардад, амалиёти муоина ва ё назорати мањсулоти таѓйирдодашуда дар њолати зарурат иљро карда мешавад, то ки ба талаботи дахлдор љавобгў будани мањсулот новобаста аз таѓйирёбї муайян гардад.

Моддаи 15. Назорати давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёт

1. Маќомоти назорати давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёт таъсис дода мешавад ва бо маќсади пешгирї ва пањншавии ба ќаламрави љумњурї ворид шудани беморињои сирояткунандаи њайвонот, беморињои барои њайвонот ва инсон умумї, инчунин мањсулоти њайвонот ва растанї, ки ба талаботи байторию санитарии Љумњурии Тољикистон љавобгў нест, фаъолият мекунад.

2. Љойњои кории маќомоти назорати давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёт дар минтаќаи ягонаи гум­рукї љойгир карда мешавад.

3. Ба гузаронидани борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон баъди санљиши мутобиќати борњо бо њуљљатњои байтории бо онњо њамроњбуда иљозат дода мешавад. Дар њолатњои зарурї чошнї ё намунаи борњо барои ташхиси озмоишї гирифта мешавад.

4. Расмигардонии гумрукии борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта танњо баъди аз назорат гузаштани онњо анљом дода мешавад.

5. Ба ворид намудан ё аз ќаламрави љумњурї гузаронидани борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта аз кишварњои аз љињати эпизоотї солим дар њолати риояи ќоида ва талаботи байторї, ки маќомоти ваколатдор тасдиќ намудааст, иљозат дода мешавад.

6. Воситањои наќлиёт, ки ба Љумњурии Тољикистон аз мамлакатњои аз љињати эпизоотї носолим ворид мешаванд, бо тартиб ва ќоидањои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи байторї, бояд њатман сироятзудої (дезинфексия) карда шаванд.

7. Нозирони байтории постгоњњои назорати байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёт њангоми иљрои вазифањои хизматї либоси махсуси нишони байторидошта мепўшанд.

8. Шахсони воќеї ва њуќуќї, ки фаъолияти онњо бо ворид намудани борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта алоќаманд аст, ўњда­доранд, ки ба шуъбањо ва дигар ташкилотњои назорати давлатии байторї дар сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон ва наќлиёт харољоти гуза­ронидани ташхиси бењдошти байторї ва сироятзудоиро бо тартиби муќаррар-намудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пардохт намоянд.
Моддаи 16. Назорати давлатии байторї њангоми интиќоли объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон

1. Объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта њангоми интиќол дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бояд њатман тањти назорати давлатии байторї бошанд.

2. Назорати давлатии байтории объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта њангоми интиќол, бор кардан ва фуровардан аз тарафи нозирони давлатии байтории њудуде, ки дар он мол бор карда ва фуроварда мешавад, инчунин њудудњое, ки хатсайри интиќол мегузарад, амалї карда мешавад.

3. Хатсайрњои интиќоли њайвоноти хољагї (роњњои чорвогузар) аз тарафи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар мувофиќа бо сарнозирони давлатии байтории њудуди маъмурии дахлдор муайян карда мешаванд.

4. Интиќоли њайвонот бе шањодатномаи байторї, раќами фардї ва шиносномаи байторї манъ аст.


Моддаи 17. Назорати давлатии байторї дар нуќтањои фурўш

1. Назорати давлатии байторї дар бозорњо ва дигар љойњо, ки фу­рўши њайвонот, мањсулоти њайвонот ва растанї ба роњ монда шудааст, њатмї мебошад.

2. Ба фурўши объектњо ва борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта, ки ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид карда шудааст, баъди аз ташхиси байторї ё бењдошти байторї гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз маќомоти ваколатдори давлатии байтории шањр ё ноњияе, ки дар он љо бори мазкур фурўхта мешавад, иљозат дода меша­вад.

3. Мањсулот баъди пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсияти молик ва мутобиќати он бо њуљљатњои байтории њамроњбуда барои ташхис ќабул карда мешавад.

4. Озмоишгоњњои давлатии ташхиси бењдошти байторї дар бозорњо барои мўњрзании гўшт ва дигар мањсулоти њайвоноту паррандаи забњшуда бояд мўњркоѓази нишондињандаи сифати мањсулот, дафтари баќайдгирї ва дигар њуљљатњо дошта бошанд.

5. Озмоишгоњи давлатии ташхиси бењдошти байторї њуќуќ дорад:

- њайвонот, мањсулоти он ва мањсулоти растаниро муоина кунад;

- њайвонот, мањсулоти он ва мањсулоти растании барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнокро мутобиќи Ќонуни мазкур аз фурўш боз дорад, мусодира ва нобуд кунад ё барои коркарди махсус фиристонад;

- мутобиќати борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордоштаро бо меъёрњои байторї муайян карда, санади ташхис дињад;

- безараргардонї (бесироятгардонї), коркард ё нобуд кардани мањсулот ва борњои тањти назорати давлатии байторї ќарордоштаро, ки ба талаботи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон љавобгў нестанд, ташкил кунад.

6. Тартиби гузаронидани ташхиси бењдошти байторї, аз фурўш боздоштан, мусодира ва нобуд кардан ё барои коркарди махсус фиристодани мањсулот ва борњои тањти назорати давлатии байторї ќарор­доштаи хатарнокро Ќонуни мазкур муайян мекунад.

7. Фурўши хўроквории истењсоли ѓайрисаноатї дар бозорњо танњо баъди ташхиси бењдошти байторї дар ташхисгоњњои ваколатдор ва аз тарафи фурўшандагон гирифтани хулосаи маќомоти назорати давлатии байторї дар бозорњо, ки мутобиќати чунин мањсулоти хўроквориро бо ќоидаю меъёрњои байторї тасдиќ мекунад, иљозат дода мешавад.

8. Фурўши мањсулоти њайвонот ё растанї дар љойњое, ки барои ин амал људо нашудааст ё аз ташхиси бењдошти байторї нагузаштааст, манъ аст. Дар њолати риоя нашудани ин талабот мањсулоти њайвонот ё растанї бо тартиби муайяннамудаи Ќонуни мазкур мусодира ва нобуд карда ё барои коркарди махсус фиристода мешавад.

9. Шахсони масъули нуќтањои савдо барои иљозат додан ба фурўши мањсулоти аз ташхиси бењдошти байторї нагузашта љавобгар мебошанд.

10. Фурўши њайвонот бе шањодатномаи байторї, раќами фардї ва шиносномаи байторї манъ аст.
Моддаи_18._Назорати_давлатии_байторї_њангоми_шикори_сайд'>Моддаи 18. Назорати давлатии байторї њангоми шикори сайд

Ташкилотњои шикорї вазифадоранд, ки барои коркарди сайд мутобиќи талаботи бењдошти байторї майдончањои махсус таљњизонад ва ташхиси бењдошти байтории сайдро, ки дар хўрок истифода мешавад, таъмин намояд.


Моддаи 19. Хуќуќ ва ўњдадорињои нозирони

давлатии байторї

1. Нозирони давлатии байторї дар фаъолияти худ мустаќил буда, талаботњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро ба роњбарї мегиранд.

2. Нозирони давлатии байторї њуќуќ доранд:

- ба объектњои тањти назоратбудаи њудуди дахлдор бе мамониат дароянд (бо пешнињоди шањодатномаи хизматї) ва барои муайян кардани њолати эпизоотї, ошкор намудани сабабњои бемории њайвонот, муайян кардани сифати бењдошти байтории мањсулоти њайвонот маълумоти зарурї гиранд.

3. Сарнозири давлатии байтории Љумњурии Тољикистон дар баробари њуќуќу ваколатњои пешбининамудаи Ќонуни мазкур, дар њолатњои мустасно метавонад ба Њукумати Љумњурии Тољи­кистон таклифу пешнињодњои дахлдор ирсол на­мояд.

4. Ба ваколати Сарнозири давлатии байтории Љумњурии Тољикистон ва муовини ў дохил мешаванд:

- ташкил ва амалї кардани назорати давлатии байторї дар Љумњурии Тољикистон;

- интишори санадњои иљрояшон њатмї бо маќсади амалї сохтани назорати давлатии байторї дар њудуди Љумњурии Тољикистон;

- дигар ваколатњое, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолиф нестанд.

5. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалї ме­гар­донанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишони фарќ­ку­нанда таъмин карда мешаванд.



Моддаи 20. Њифзи иљтимої ва њуќуќии

кормандони байторї

1. Кормандони соњаи байторї дар њолатњои маъюбї ё беморињои касбї, ки њангоми иљрои вазифањои хизматї, мубориза бо беморињои сирояткунанда ва њангоми муомилаи бевосита бо њайвонот гирифтор мешаванд, суѓуртаи њатмии давлатї карда мешаванл.

2. Мутахассисони байторї барои иљрои вазифањои хизматї бо воси­тањои наќлиёти махсуси хизматї таъмин карда мешаванд.

3. Дар давоми кор дар манбаъњои беморињои сироятии њайвоноти мубталои беморињои сирояткунан­да маоши вазифавии онњо ба андозаи дукарата аз њисоби Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї пардохта мешавад.



Моддаи 21. Тартиби гузаронидани санљиши

фаъолияти субъектњои хољагидор дар соњаи байторї

Санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор новобаста ба шаклњои моликият ва тобеияти идоравии онњо бо маќсади гузаронидани назорати давлатии риояи ќонунгузорї дар соњаи байторї мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор дар Љумњурии Тољикистон» амалї карда мешавад.




Боби 4. МАБЛАЃГУЗОРИИ СОЊАИ БАЙТОРЇ
Моддаи 22. Манбаъњои маблаѓгузории соњаи байторї ва назо­рати байторї

Маблаѓгузории соњаи байторї ва назорати бай­тории Љумњурии Тољикистон аз манбаъњои зерин маблаѓгузорї мешаванд:

- маблаѓи буљетњои њамаи сатњњо;

- маблаѓи фондњои маќсадноки байторї;

- даромад аз фаъолияти соњибкории ташкилотњои байторї;

- маблаѓгузории сармоягузорони лоињањои инноватсионии соњаи байторї;

- кредити бонкњо ва дигар ќарзњо;

- кўмакњои беѓаразона ё башардўстона ва ё маблаѓњои хайрияи шах­сони воќеї ва њуќуќї;

- дигар манбаъњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикис­тон манъ накардааст.
Моддаи 23. Маблаѓгузорї кардани соњаи байтории Љумњурии Тољикистон

1. Маќоми ваколатдори далатии байторї, сохторњои тобеи он, бевосита аз Буљети давлатї маб­лаѓгузорї карда мешаванд.

2. Банаќшагирии харољоти барои маблаѓгузории соњаи байтории Љумњурии Тољикистон аз маблаѓи Буљети дав­латї дар асоси харољоти молиявии ягонаи меъёрї барои фаъолияти соњаи байторї, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар ме­кунад ва дар ќисми харољоти буљети њамаи сатњњо дар як воњиди «Бай­торї» пешбинї мешавад, амалї мегардад.



Боби 5. ТАЛАБОТИ БЕЊДОШТИ БАЙТОРЇ ОИД БА ПЕШ­ГИРИИ БЕМОРИЊОИ ЊАЙВОНОТ ВА ТАЪ­МИ­НИ БЕ­ХА­­ТАРИИ МАЊСУЛОТИ ЊАЙВОНОТ
Моддаи 24. Назорати риояи талаботи байторию санитарї нисбат ба лоињакашї ва сохтмони корхонањо оид ба истењсол, коркард ва нигоњдории мањсулоти њайвонот

1. Њангоми лоињакашї ва сохтмони иншооти чорводорї, фабри­кањои паррандапарварї, корхона­њои шир, гўшт, хољагињои моњипарварї, дигар корхонањои истењсол, коркард ва нигоњдории мањсулоти њайвонот, хољагињои дењќонї (фермерї), коопе­ративњои истењсолї, љамъиятњои сањомї, ассотсиатсияњо, ташкилотњо ва хољагињои ёрирасони шахсии шањрвандон бояд муњайё намудани шароити бештар мусоид барои нигоњ доштани њайвонот, истењсоли мањсулоти хушсифат ва аз нигоњи байторию санитарї бехатар бу­дани мањсулоти њайвонот пешбинї карда шавад. Њангоми тањияи меъёрњои лоињакашии объектњои назорати байторї, њалли масъалањои љойгиронии онњо ва муќаррар намудани минтаќањои бењдошти байторї бояд ќоидањои байторї риоя шаванд.

2. Људо намудани ќитъањои замин барои сохтмон, тасдиќи меъёрњои лоињакашї ва њуљљатњои лоињавї барои сохтмон, таљдиди объектњои тањти назорати давлатии байторї ќарордошта, инчунин ба истифода додани иншооти сохта ва таљдидшуда њангоми мављуд будани хулосањои бењдошти байторї иљозат дода мешавад.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет