Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї



жүктеу 7.62 Mb.
бет3/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42

Моддаи 25. Талаботи бењдошти байторї ба

парвариш, хўроку обдињї, бо мошинњо бурдану ба дигар љойњо рондани њайвонот

1. Хўрок, об ва иловањои хўроки њайвонот бояд барои сињатии њай­вонот бехатар бошанд ва набояд нумўяњои афзоиши њайвонот, аз љумла гормонї ва дигар моддањои барои њайвонот, муњити зист ва инсон за­рарнокро дар сатњи зиёда аз меъёр дошта бошанд.

2. Меъёрњои бењдошти байтории бехатарї ва ё безарарии хўрок, иловањои хўроки њайвонот ва тартиби сертификатсияи онњо бо ќоидањои байторї муќаррар карда мешаванд. Меъёрњои бехатарї ва ё безарарии хўрок, иловањои хўроки њайвонот набояд аз меъёрњои дахлдори стандартњои байналмилалї ва њуљљатњои меъёрии ташкилотњои байналмилалии байторї муќаррарнамуда, ки Љумњурии Тољикистон узви онњо мебошад, фарќ кунанд.

3. Истењсол ва истифодаи хўрок, иловањои хўроки њайвонот ба маќсади муомилот аз рўи таъинот њангоми мављуд будани сертификат, ки маќомоти ваколатдор додааст, иљозат дода мешаванд.

4. Хўрок ва иловањои хўроки њайвоноти ба талаботи бењдошти байторї но­мутобиќ (сертификат­сиянашуда) бо ќарори маќомоти ваколатдор аз истењсолот ва истифода боздошта мешаванд ё аз тарафи соњибони онњо мутобиќи хулосаи бењдошти байторї истифода мешаванд.

5. Бо мошинњо бурдан ва ба љойњои дигар рондани њайвонот танњо њангоми мављуд будани њуљљатњои байтории њамроњбуда бо риояи талаботи бењдошти байторї оид ба пешгирии пайдоиш ва пањншавии беморињои њайвонот дар хатсайрњои бо маќомоти ваколатдор мувофиќа­шуда иљозат дода мешавад. Бо мошин бурдан ва рондани њайвонот аз њудудњои ноњияњо ва шањрњо, ки нисбат ба беморињои сироятии њайвонот вазъи номусоид доранд, манъ мебошад.



Моддаи 26. Талаботи бењдошти байторї ба ташкили забњи њай­вонот, истењсол, коркард, нигоњдорї, интиќол, фурўши гўшт, мањсу­лоти гўштї, шир, мањсулоти ширї, моњї, тухм, тухми моњї

1. Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки ба забњи њайвонот, истењсол, коркард, нигоњдорї, интиќол ва фурўши гўшт, мањсулоти гўштї, шир, мањсулоти ширї, моњї, тухм, тухми моњї машѓуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи бењдошти байтории шароити истењсолии онњо амалї мекунанд.

2. Аттестатсияи бењдошти байтории шароити истењсолї аз љониби маќомоти ваколатдор амалї карда мешавад.

3. Шахсони воќеї ва њуќуќї - роњбарон ё шахсони масъули нуќтањои хўроки умумї, барои таъмини талаботи бењдошти байтории шароити нигоњдорї ва коркарди гўшту мањсулоти гўштї, ширу мањсулоти ширї, моњию мањсулоти моњигї ва тухм љавобгар мебошанд.
Моддаи 27. Талаботи бењдошти байторї ба ташкили фурўши њай­вонот, мањсулоти њайвонот ва растанї дар нуќтањои савдо

1. Њангоми ташкили фурўши њайвонот, мањсулоти њайвонот ва растанї дар бозорњои савдои яклухт, чакана, озуќаворї ва ѓайра, бо маќсади пешгирии пай­доиш ва пањншавии беморињои барои њайвоноту инсон умумї ва пешгирии зањролудшавї аз хўрокињо бояд ќоидањои байторї иљро карда шаванд.

2. Ба фурўши мањсулоти њайвонот ва растанї њангоми мављуд будани сертификати мутобиќати сифати мањсулот иљозат дода мешавад.

3. Дар бозорњо барои ташкили назорати иљрои ќоидањои байторї, гузаронидани ташхисњои байторию санитарї, дигар чорабинињои махсус оид ба таъмини бехатарии мањсулоти фурўхташавандаи њай­вонот ва растанї аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорњо вазифаи идоракуниро ба ўњда доранд, бояд ташхисгоњњои бењдошти байторї таъсис дода шаванд. Кори ташхисгоњњои мазкур тиб­ќи низомномаи ташхисгоњњои байторию санитарї ба роњ монда мешаванд.


Моддаи 28. Талаботи бењдошти байторї ба њайвонот, мањ­сулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њайвонот, ки ба Љумњурии Тољикистон ворид карда мешаванд

1. Њайвонот, мањсулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њай­вонот ба Љумњурии Тољикистон бо риояи талаботи Ќонуни мазкур ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофкардаи Љумњурии Тољикистон, инчунин зимни мављудияти сертификат­њои байтории гувоњидињандаи (кафолатдињандаи) бехатарии бењдошти байторї, офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои њар як миќдори њайвонот, мањсулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њайвонот ворид карда мешаванд.

2. Ўњдадорињо оид ба иљрои талаботи Ќонуни мазкур ва кафолати риояи ќоидањои байторї њангоми ба њудуди Љумњурии То­љикистон воридсозии њар як миќдори њайвонот, мањсулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њайвонот бояд ќисми таркибии шартномаи ба расонидани њайвонот, мањсулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њай­вонот бошад.

3. Ба фурўши њайвонот, мањ­сулоти њайвонот, хўрок ва иловањои хўроки њайвонот, ки ба Љумњурии Тољикистон ворид карда шуда­аст, танњо баъди аз ташхиси байторї ё бењдошти байторї гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз маќомоти ваколатдори давлатии байтории шањр ё ноњияе, ки дар он бори мазкур фурўхта мешавад, иљозат дода меша­вад.


Моддаи 29. Нишонагузории њайвонот

1. Њайвонот аз рўи шаклу намунањои муќаррар­намудаи меъёру ќоидањои байторї бояд њатман нишонагузорї карда шаванд.

2. Нишонагузории њайвонот аз тарафи маќомоти ваколатдори давлатии байторї аз њисоби маблаѓи муомилоти буљети давлатї (Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї) амалї карда мешавад. Харољоти нишонагузории њайвонот бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон аз њисоби соњибони њайвонот пардохт мегардад.

3. Њар як чорво аз рўзи тавлид шудан бояд раќами инфиродии алоњида дошта бошад ва он дар шакли тамѓа ва ё ба шакли њалќа дар гўши њайвонот аз рўи ќоида ё ба тарзи дигар мустањкам карда шавад. Паррандањо, моњї, занбўри асал ва дигар њайвоноти хурд ба таври гурўњї нишонагузорї карда мешаванд.

4. Барои њар як чорво аз рўзи тавлид шудан шиносномаи инфиродии алоњидаи байторї тартиб дода мешавад, ки он бояд то рўзи фавташон нигоњ дошта, баъд аз рўи тартиби муќарраргардида ба бойгонї супорида шавад. Дар шиноснома нишонагузории инфиродии њайвон, зот, ранг, љинс, рўзу моњ ва соли тавлид даќиќ навишта мешавад. Дар шиноснома инчунин лаќаби њайвон, соњиби он, суроѓаи соњиби њайвон, рўзу моњ ва соли ба каси дигар до­дан (фурўхтан), раќами асноди фурўш ва санадњои суѓуртаи он зикр меёбанд. Дар шиноснома аз тарафи байторњо табобат карда шудани њайвон, яъне чї гуна ва кай табобат шудани њайвон, рафтори њайвон ба ин ё он тарзи табобат, имзои байторе, ки њайвонро табобат кардааст, ќайд карда мешавад.

5. Нишонагузории њайвонот барои муќаррар намудани зот, синну сол, љои тавлиди њайвон, инчунин барои назорати интиќоли (љойивазкунии) њайвон ва мањсулоту ашёи хоми он, пур кардани вараќањои бањисобгирї ва њисоботдињї аз тарафи маќомоти давлатии назорати байторї имконият медињад.


Боби 6. ТАЪМИНИ МУЊОФИЗАТ АЗ БЕМОРИ­ЊОИ ХАВФНОКИ УМУМИИ ЊАЙ­ВО­НОТ ВА ИН­СОН ВА ЗАЊР­ОЛУД­ША­ВЇ АЗ ХЎ­РОКИЊО
Моддаи 30. Барњамдињии манбањои эпизоотї ва бартараф кардани хавфи пайдошавї ва пањншавии беморињои сироятии њайво­нот

1. Барои барњамдињии манбањои эпизоотии беморињои махсусан хатарноки њайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва пањн­шавии ин беморињо бо ќарори маќо­моти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва дар асоси пешнињоду дастурњои маќомоти ваколатдори давлатии байтории њудуди маъмурї, метавонад карантин љорї намуда, њайвонот ё мањ­сулоти њайвонот мусодира ва дигар чорабинињои бењдошти байтории мањдудкунанда амалї гардонида шаванд.

2. Тартиби љорї (бекор) кардани карантин дар ќаламрави Љум­њурии Тољикистон, њудудњои дахлдори ноњияњо, шањрњо, дар объект­њои фаъолияти хољагидорї ва дигар намудњои фаъолият, дар гузаргоњњои сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, шартњои татбиќи карантин, дигар чорабинињои мањдудкунандаи бењдошти байторї ва номгўи беморињои сироятии њайвонот, ки боиси љорї намудани карантин, мусодираи њайвонот ва ё мањсулоти њайвонот ме­гар­дад, тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љум­њурии Тољикистон амалї мегардад.

3. Шахсони воќеї ва њуќуќї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољи­кистон њуќуќ доранд, ки ба онњо зарари дар натиљаи мусодираи њай­вонот ва мањсулоти њайвонот расонидашуда љуброн карда шавад. Тартиби љуброни зарарро дар натиљаи мусодираи њай­вонот ва мањсулоти њайвонот Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.


Моддаи 31. Ўњдадорињои шахсони воќеї ва њуќуќї, шахсони мансабдори маќомоти ваколатдор оид ба барњамдињии манбањои эпизоотии махсусан хатарноки беморињои њайво­нот

1. Шахсони воќеї ва њуќуќї - соњибони њайвонот ва мањсулоти њайвонот бо маќсади барњамдињии манбањои эпизоотии беморињои сироятии њайвонот ўњдадоранд:

- талаботи Ќонуни мазкур, инчунин ќарорњо, дастурњо ва хулосањои байторию санитарии нозирони дав­латии байториро иљро намоянд;

- чорабинињои муќарраршуда ва иловагии бењдошти байторї, аз љумла корњои сироятзудої, дезинсексионї ва дератизатсиониро амалї гардонанд;

- њайвоноти ба беморињои сироятї гирифторшударо нобуд созанд ва ё барои коркарди махсус ба корхонањо супоранд.

2. Шахсони мансабдори маќомоти ваколатдор барои гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотии дар Ќонуни мазкур пешбинишуда, ки барњамдињии манбањои эпизо­отии беморињои сироятии њайвонотро таъмин мена­моянд, ўњдадор мебошанд.


Моддаи 32. Ташхиси бењдошти байтории

мањсулоти њайво­нот

1. Гўшт, шир, тухм, моњї ва мањсулоти занбўри асал ва мањсулоти дигари њай­вонот барои муайян кардани сифат, муќаррар намудани бехатарии бењдошти байторї ва мувофиќ будани онњо барои истифода њамчун хўрокворї вољиби санљиши бењдошти байторї мебошанд. Ташхиси бењдошти байтории мањсулоти њайвонот аз љониби озмоишгоњњои маќомоти ваколатдор гузаронида мешавад. Озмоишгоњњои маќомоти ваколатдор барои сифат ва ташхиси беѓаразона му­тобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошанд.

2. Мањсулоти њайвонот, ки аз рўи натиљањои ташхиси бењдошти байторї барои истеъмол хавфнок шуморида мешаванд, мутобиќи хулосаи бењдошти байторї бояд дар шароити саноатї бехатар (безарар) гардонида, бо маќсади бартараф намудани зарарнокии онњо ба инсон, њайвонот ва муњити зист аз тарафи моликон мавриди коркард ќарор гирад ё нобуд карда шавад.

3. Фурўши мањсулоти мавриди истеъмол, ки бо тартиби муќарраршуда аз санљиши байторию санитарї нагузаштааст, манъ аст.



Моддаи 33. Сертификатсияи мањсулоти њайвонот

Мањсулоти саноатии њайвонот, ки хушсифатї ва бехатарии бењдошти байтории онњо дар асоси натиљањои санљиши бењдошти байторї муќаррар шудааст ва бо хулосаи бай­торию санитарї расман тасдиќ гардидааст, бояд сертификатсия куно­нида шавад.


Моддаи 34. Њамкории маќомоти идоравии бењдошти байторї, шах­сони мансабдор, сохторњои маќомоти ваколатдор, маќомоти давлатии назорати

санитарию эпи­демиологї ва маќомоти њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї

Маќомоти идоравии бењдошти байторї, шахсони мансабдор, сохторњои маќомоти ваколатдори Љум­њурии Тољикистон, маќомоти давлатии назорати бењдошти эпи­демиологї ва маќомоти њолатњои фавќу­лод­да ва мудофиаи гражданї дар доираи салоњияти худ њангоми ташкил ва гузаронидани чорабинињо оид ба њифзи ањолї аз беморињои умумии њайвоноту инсон ва зањролудшавї аз хўрокворї бояд мунтазам њамкорї намоянд.


Моддаи 35. Њуќуќу ва ўњдадорињои шахсони воќеї ва њуќуќї њан­гоми татбиќи чорабинињо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан

1. Шахсони воќеї ва њуќуќї њангоми татбиќи чорабинињо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани њайвонот њуќуќ доранд:

- сохторњои давлатї ё ѓайридавлатии байторї ва шах­сони воќеї ва њуќуќиеро, ки дар соњаи байторї бо фаъолияти соњибкорї маш­ѓуланд, интихоб намоянд;

- ташхис ва эмкунии профилактикии бамузди зидди беморињои њайвоноти дар номгўї беморињои њайвонот дохилбуда, ташхис ва пешгирии махсуси онњоро гузаронанд, ки барои тамоми шахсони воќеї ва њуќуќї аз њисоби буљети давлатї анљом дода мешаванд.

2. Њангоми сироятнопазир намудан шахсони воќеї ва њуќуќї ўњдадоранд талаботи нозирони байториро дар бораи гуза­ронидани эмкунии њатмї ба маќсади пешгирии беморињои њайвонот, ки аз рўи ни­шондодњои эпизоотї зарур мебошад, иљро намоянд.

3. Нисбат ба њайвоноте, ки соњибонашон талаботи нозирони бай­ториро дар бораи гузаронидани эмкунии њатмии њайвонот мутобиќи му­ќаррароти ќисми дуюми моддаи мазкур иљро накар­даанд, фурўшхтан интиќол додан ё ба љои дигар рондан, забњ ва коркарди он барои гўшт ва мањсулоти гўштї, фурўши гўшт ва мањсулоти гўштии он бе иљрои мањдудиятњои бењ­дошти байтории ќонунгузории байторї муќаррар­намуда иљозат дода намешавад. Барои иљро накардани талаботи мазкур соњибони њайвонот мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошанд.

4. Ташкилотњои суѓурта њангоми бастани шартномаи суѓуртаи њайвонот бояд дар он талаботро оид ба эмкунии њатмии њайвонот, ки ќисми дуюми моддаи мазкур пешбинї намудааст, дохил намоянд. Њангоми иљро накардани талаботи мазкур аз тарафи соњибони њайвонот пардохтњои суѓуртавии онњо бозгардонида намешавад.
Моддаи 36. Маблаѓгузорї барои ташхис ва

сироятнопазир намудан ва дигар чорабинињои зиддиэпизоотї

1. Маблаѓгузорї барои ташхис, сироятнопазир намудан ва дигар чорабинињои зиддиэпизоотї аз њисоби маблаѓњои буљети давлатии Љумњурии Тољи­кистон, маблаѓњои фондњои махсуси байторї ва дигар манбаъњои маб­лаѓгузорї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї гардонида мешавад.

2. Банаќшагирии харољоти маблаѓгузории чорабинињои зиддиэпизоотї (аз љумла харољоти ташхис ва сироятнопазир намудан) дар асоси меъёрњои харољоти молиявї, ки Њукумати Љумњурии Тољи­кистон ба ин маќсадњо муќаррар мекунад, амалї гардонида, ба ќисми харољоти буљети маќомоти ваколатдори давлатии байторї дар зерфасли «Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї» нишон дода мешавад.

3. Мавод барои гузаронидани тањќиќоти ташхисї ва дору­вории иммунобиологї, барои эмкунии профилактикии зидди беморињое, ки дар номгўї беморињои њайвонот дохил гардидаанд, инчунин ташхис ва пешгирии махсуси онњо барои тамоми шахсони воќеї ва њуќуќї новобаста ба шаклњои моликият аз њисоби буљети давлатї ба таври ройгон расонида мешаванд.

4. Доруворї барои сироятнопазир намудани њайвонот аз рўи нишондодњои эпизоотї ва сироятнопазир намудани беморињое, ки ба номгўї беморињои њайвонот дохил нашудаанд, аз њисоби буљетњои мањаллии Љумњурии Тољикистон, маблаѓњои фондњои махсуси байторї, соњибони њайвонот ва дигар манбаъњои маблаѓгузорї, ки ба ин маќсадњо љалб карда мешаванд, расонида мешавад.
Моддаи 37. Расонидани хизмати бамузди байторї

1. Ташкилотњои байторї ва соњибкорони инфиродї, ки дар соњаи байторї фаъолият мекунанд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон метавонанд ба шахсони воќеї ва њуќуќї хизмати бамузди байторї расонанд. Барои кор ва хизмати шахсони воќеї ва њуќуќии соњаи байторї соњибони њайвонот, новобаста ба манбаи ба даст овардани маводи байторї, бояд музд пардохт намоянд (буљети давлатї, грантњо, маблаѓњои башардўстона, донорї ва ѓайра).

2. Номгўи намудњои хизмати бамузди байторї ва тартиби расонидани онро Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад.

3. Ташкилотњои байторї, шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї, ки дар соњаи байторї фаъолият мекунанд, новобаста ба шакли моликият ўњдадоранд, ки бањисобгирии омории байторї тартиб дињанд ва ба маќомоти давлатии болоии идоравии соњаи байторї ва маќомоти ваколатдори давлатии соњаи омори Љумњурии Тољикистон њисобот пешнињод намоянд.

4. Маблаѓњое, ки корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњои байтории давлатї аз фаъолияти хизмати бамузди байторї ба даст меоранд, ба маќсадњои рушди соњаи байтории Љумњурии Тољикис­тон тавассути системаи фондњои инкишофи соњаи байторї аз рўи тар­тиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон харљ карда мешаванд.
Боби 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРЇ
Моддаи 38. Муносибатњои тарафайни ташкилотњои илмї ва маќомоти ваколатдор

1. Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон, муассисањои тањсилоти касбї якљоя бо маќомоти ваколатдори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон равияњои афзалиятноки мавзўъњои илмии хусусиятњои таљрибавї доштаро му­айян намуда, барномаи њифзи сињатии њайвонот ва назорати давлатии байториро њамоњанг месозанд ва консепсияи рушди байторї ва илми байториро тањия, пешнињод ва тасдиќ мекунад.

2. Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон, муассисањои тањсилоти касбї ва маќомоти ваколат­дори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон экспертизаи комплексии барномањои илмии соњавї, барномањои маќсадноки љумњуриявиро дар соњаи байторї якљоя татбиќ намуда, барои амалї кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардњои илми байторї тавсияњо пешнињод мекунанд.

3. Маќомоти ваколатдори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон самтњои афзалиятноки корњои тадќиќоти илмиро, ки ба душворињои соњаи байторї дар минтаќа алоќаманд мебошанд, муайян карда, барномањои корњои зикршавандаро дар њаљми маблаѓи дар буљети он тасдиќшуда маблаѓгузорї менамояд.


Моддаи 39. Такмили ихтисос ва касбомўзии

кор­ман­дони соњаи байторї

1. Такмили ихтисос ва касбомўзии кормандони соњаи байторї аз љониби маќомоти ваколатдори давлатии байтории Љумњурии Тољикистон муайян мегардад.

2. Роњбарони маќомоти ваколатдор, ташкилоту муас­сисањои байторї ўњдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байторї шароити зарурї муњайё намоянд.

Моддаи 40. Фаъолияти истењсолї дар

соњаи байторї

1. Фаъолияти истењсолї дар соњаи байторї фаъолиятест, ки барои истењ­соли доруворї бо маќсади ташхис, пешгирї ва табобати њайвонот, ас­боб­њои байторї, зоотехникаи байторї ва таљњизоти байторї равона карда шудааст.

2. Ташкили истењсол ва хариди доруворї барои ташхис, пешгирї ва табобати њайвонот, инчунин истењсоли асбобњои байторї, зоотехникаи байторї ва таљњизоти байторї мутобиќи конунгузории Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешавад.
Моддаи 41. Дастгирии давлатии фаъолияти истењсолї дар соњаи бай­торї

Бо маќсади таъмини офияти эпизоотї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон дастгирии давлатии саноати байторї ва истењсоли дору­вории барои ташхис, пешгирї ва табобати њайвонот дар доираи маблаѓгузории буљетї, љалби грантњои ташкилотњои байналмилалї ва маблаѓњои махсуси хизматрасонї аз дастгирии давлатї бархурдор мешавад.



Боби 8. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
Моддаи 42. Њалли бањсњо њангоми фаъолият дар соњаи байторї

Бањсњо дар соњаи байторї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи суд њал карда мешаванд.


Моддаи 43. Љавобгарї барои вайрон кардани Ќонуни мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.


Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соќит донистани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї»
Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи байторї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 2003, №12 мод. 701; с. 2005, №12, мод, 632; с. 2007, №7, мод. 688) аз эътибор соќит дониста ша­вад.
Моддаи 45. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.


Президенти

Љумњурии Тољикистон

Эмомалї Рањмон
ш.Душанбе

29 декабри соли 2010

674


ЌОНУНИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
«Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї»
Моддаи 1. Ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи байторї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 2010 с., №12 ќ. 1 м. 833) таѓйиру иловањои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати дувоздањум бо мазмуни зайл илова карда шавад;

«- табъиз (дискриминатсия) – муќаррар намудан њуќуќи пасттар барои ягон давлат шахсони воќеи ва њуќуќии он нисбат ба давлати дигар, шахсони воќеи ва њуќуќии он».

2. Дар моддаи 4:

-ба сархати якум пеш аз калимаи «пешбурди» калимањои «тасдиќ ва» илова карда шаванд;

-дар сархати шашум калимањои «мањсулоти моњигї ва тухм» ба калимањои «мањсулоти моњигї, тухм ва мањсулоти занбўри асал.» иваз карда шаванд;

-сархати дувоздањум дар тањрири зайл ифода карда шавад:

-њифзи ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз воридшавї ва пањншавии ангезандањои беморињои карантинии њайвонот аз ќаламрави давлатњои дигар ё минтаќањои карантинї;

- сархати сенздањум дар тањрири зайл илова карда шавад:

«- баъд аз гузаштани санљиши муайан ва ба ќайдгирии давлатї додани иљозат барои воридоти мањсулоте, ки дорои нумўяњои биологї, антиби­отикњо, маводи гормонии барои сураътбахшї ба нумў ва афзоиши мањсулнокии њайвонот истифодашаванда буда, радиатсияи баланд дорад ва аз љињати ирсї дигаргун (модификатсия) карда шудааст».

3. Дар сархати якуми ќисми 2 моддаи 6 калимаи «сироятии» ба калимаи «сироятї» иваз карда шавад.

4.Ба сархати нухуми ќисми 2 моддаи 13 баъд аз калимаи «назорати» калмаи «шароити» илова карда шавад.

5.Дар моддаи 16:

-ба ќисми 3 баъд аз калимањои «њудуди маъмурии дахлдор» калимаҳои "бо дарназардошти вазъи эпизоотии мањал» илова карда шаванд.

-дар ќисми 4 калимањои «ва шиносномаи ба "ё калимањои шиносномаи» иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 17:

- ба ќисми 2 баъд аз калимањои «ворид карда шудааст,», калимањои «интихобан њангоми шўбња пайдо кардан ба сифати он» илова карда шаванд;

-дар ќисми 10 калимањои «ва шиносномаи» ба калимањои « ё шиносномаи» иваз карда шаванд.

7. Дар ном ва ќисми 5 моддаи 25 калимаи «мошинњо» ва «мошин» ба калимаи «наќлиёт» иваз карда шаванд.

8.Дар моддаи 26:

- ба ном ва ќисми 1 баъд аз калимањои «тухми моњї» калимањои «,ашёи хоми аз њайвонот гирифташуда ва мањсулоти занбўри асал.» илова карда шаванд;

-дар ќисми 3 калимањои «мањсулоти моњигї ва тухм» ба калимањои «мањсулоти моњигї, тухм ва мањсулоти занбўри асал» иваз карда шаванд.

9. Дар ќисми 1 моддаи 27 баъд аз калимаи « байторї» ба калимањои «ва бењдоштї» илова карда шаванд.

10. Дар ќисми 3 моддаи 28 баъд аз калимањои «ворид карда шудааст», калимањои «интихобан њангоми шубња пайдо кардан ба сифати он» илова карда шуда, калимањои «ё бењдошти» ба калимањои «ва бењдошти» иваз карда шаванд.

11. Дар моддаи 29:

- ба ќисми 3 љумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «нчунин аз микрочипњо ва аломатгузорї дар гўш истифода кардан мумкин аст.»:

- ќисми 4 дар тањрири зайл ифода карда шавад:

«4. Тибќи талаботи байналмилалї барои њайвонњои бемањсул аз рўзи зоидашавиашон дар давоми си рўз шиносномаи инфиродии алоњидаи байторї тартиб дода мешавад, ки он бояд то рўзи фавташон (забњашон) нигоњ дошта, сипас аз рўи тартиби муќарраргардида ба бойгонї супорида шавад.».

12. Дар моддаи 33 калимањои «сертификатсия кунонида шавад» ба калимањои «ба он сертификати мутобиќати мањсулот дода шавад» иваз карда шаванд.

13. Ба ќисми 2 моддаи 35 баъд аз калимањои «нишондодњои эпизоотї» калимањои «ва беморињои дар рўйхати Бюрои Байналмилалии Эпизоотї дохилбуда» илова карда шаванд.



Моддаи 2. Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.
Президенти

Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон


ш.Душанбе

3 июли соли 2012

854




Ќонуни

Ҷумњурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАЊСУЛОТИ ХЎРОКВОРЇ

Ќонуни мазкур муносибатњои ҷамъиятиро дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї дар Ҷумњурии Тоҷикистон бо маќсади њифзи њаёту саломатии инсон, манфиатњои истеъмолкунандагон, олами набототу њайвонот ва муњити зист танзим менамояд.


БОБИ 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ
Моддаи 1. Доираи амали Ќонуни мазкур

1. Ќонуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми истењсол, коркард, њамлу наќл, нигоњдорї, фурўши мањсулоти хўрокворї ва ҷузъњои он, њамчунин мањсулоти хўрокњои парњезї, кўдакона ва иловањои фаъоли биологї татбиќ мегардад. Муќаррароти Ќонуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба мањсулоти хўрокворї алоќаманд низ пањн мегардад.

2. Муќаррароти Ќонуни мазкур нисбат ба њайвоноти зинда, агар онњо бо маќсади тайёр намудани мањсулоти хўрокворї барои фурўш ба ањолї пешбинї нашуда бошанд, нисбат ба растанињо то ҷамъоварии њосили онњо ва мева, мањсулоти косметикї тамоку ва мањсулоти он татбиќ намегардад.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет