Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии мањсулоти хўрокворї



жүктеу 7.62 Mb.
бет5/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42

Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии мањсулоти хўрокворї

1. Шахсони воќеї ва њуќуќї, ки фаъолиятро дар соњаи истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, хизматрасонї дар соњаи савдои чаканаи мањсулоти хўрокворї ва дар соњаи хўроки умумї амалї мегардонанд, ўњдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин маќомоти дахлдори  ваколатдори давлатї оид ба назорат ва санҷиши бехатарии мањсулоти хўрокворї оид ба риояи талаботи њуҷҷатњои меъёрии дахлдор њангоми истењсол ва гардиши мањсулоти хўрокворї ва хизматрасонї маълумоти эътимоднок пешнињод намоянд.

2. Маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологї, назорати байторї ва назорати фитосанитарї ва карантинии растанињо) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии мањсулоти хўрокворї, риояи талаботи њуҷҷатњои меъёрї њангоми истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, хизматрасонї дар соњаи савдои мањсулоти хўрокворї ва хўроки умумї, мањсулоти хўроквории нави дахлдор тадбирњои пешгирии мањсулоти хўроквории хатарнок таъмин менамоянд.

3. Маќомоти дахлдори  ваколатдори давлатї мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалї ба воситаи маркази ягонаи иттилоотї ба шахсони манфиатдор иттилоот, њуҷҷат ва маълумоти ба инњо вобастаро пешнињод менамоянд:

- чорањои пешнињодшуда ва ќабулшуда дар соњаи бехатарии мањсулоти хўрокворї;

- чорањои назорат, санҷиш ва сертификатсияи мањсулоти хўрокворї;

- расмиёти арзёбии тањдид ва усулњои муайян намудани сатњи зарурии њифзи њаёт ва саломатии инсон дар Ҷумњурии Тоҷикистон;

- узвият ва иштирок дар ҷаласањои байналмилалї ва минтаќавї, низоми њифзи њаёт ва саломатии инсон, мавҷудият ва мазмуни созишномаю шартномањои дуҷониба  ва бисёрҷониба.


БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЊАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАЊСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 16. Салоњияти Њукумати

Ҷумњурии Тоҷикистон

Ба салоњияти Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї мансубанд:

- тањияи сиёсати ягонаи давлатї;

- тањия ва татбиќи барномањои маќсаднок ва илмию техникї;

- бамеъёрдарории давлатї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї ва ќабули санадњои меъёрї дар доираи салоњияти худ;

- амалї сохтани њамкории байналмилалї дар соњаи бехатарии мањсулоти хўрокворї;

- таъсиси Шўрои њамоњангсоз оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї;

- амалї намудани ваколатњои дигаре, ки ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон пешбинї намудааст.


Моддаи 17. Ваколатњои маќоми ваколатдори

давлатї дар соњаи тандурустї

1. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї оид ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї ваколатњои зерин дорад:

- мусоидат ба таъсиси таҷрибаи зарурии пешбурди истењсолот дар тамоми марњилањои коркарди мањсулоти хўрокворї мутобиќи тамоми силсилаи истењсол, коркард, фурўш, њамлу наќл, нигоњдорї ва методикаи тањлили таваккалњо ва назорат дар нуќтањои хатарнок ё методикаи њаммонанде, ки сатњи баланди бехатарии мањсулоти хўроквориро таъмин менамояд;

- њамкорї бо вазорату  идорањои дахлдори давлатњои хориҷї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўроквории ворид ва содиршаванда;

- татбиќи барномањои маърифатї барои истењсолкунан­дагон, фурўшандагон ва истеъмолкунандагони мањсулоти хўрокворї;

- таъсис ва вусъат додани системаи мушоњидавии мањсулоти хўроквории ворид ва содиршаванда;

- назорати беморињои ба воситаи мањсулоти хўрокворї гузаранда, гузаронидани тафтиши даќиќи зањролудшавї аз хўрокворї;

- њамкорї бо пажўњишгоњњо ва озмоишгоњњои илмию тањќиќотї барои муайян намудани моњияти беморињои ба воситаи мањсулоти хўрокворї гузаранда;

- тањия ва тасдиќи талаботи санитарию гигиенї дар объектњое, ки бо истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, иловањои хўрокворї, хушбўй­кунандањо, иловањои хўрокворї, воситањо ва маводи ёрирасон машғул мебошанд;

- тасдиќи меъёрњои њатмии бехатарии мањсулоти хўрокворї ва дигар меъёрњои санитарї ва талаботе, ки бехатарии зарурии мањсулоти хўроквориро таъмин мекунанд;

- амалигардонии назорати давлатї барои иҷрои меъёрњои санитарї дар ќисмати риояи талаботи ќонунгузории санитарї, ки њифзи њаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натиҷањои он;

- амалигардонии назорати давлатии ҷорї намудани методикаи тањлили таваккалњо дар  нуќтањои назорати тањдидомез ва низоми њаммонанди таъмини бехатарї, ки аз тарафи истењсолкунандагони мањсу­лоти хўрокворї, иловањои хўрокворї, хушбўйкунан­дањо ва маводи ёрирасон барои коркарду истењсол дар объектњои тањти назоратбуда;

- гузаронидани назорати давлатї ва (ё) санҷиши давлатии объектњои истењсол, коркард ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, иловањои хўрокворї, хушбўй­кунан­дањо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилањои пешќадам тибќи принсипњои таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї;

- додани сертификати гигиенї ба мањсулоти хўрокворї аз рўи дархости тарафњои манфиатдор дар асоси натиҷаи ташхиси санитарию эпидемиологї;

- таъин ва гузаронидани тањќиќњои озмоишї барои арзёбии бехатарии мањсулоти хўрокворї дар объектњои тањти назоратбуда;

- тасдиќи номгўи референс - озмоишгоњњо барои гузаронидани тањќиќоти арбитражии мањсулоти хўроквории тањти назоратбуда;

- назорати мањсулоти хўроквории воридотї ва транзитии тањти назоратбуда;

- ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии мањсулоти хўрокворї;

- муќаррар намудани даврањои назорати давлатї дар объектњои истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї дар асоси тањлили таваккалњо;

- муайян ва тасдиќ намудани номгўи мањсулоти хўрокворї, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;

- иштирок дар кори Шўрои њамоњангсоз оид ба масъалањое, ки ба ваколатњои он дохил мешаванд, аз ҷумла тањия ва аз нав баррасї намудани талаботи санитарию гигиенї;

- амалигардонии мувофиќат, шартњои техникии истењсоли мањсулоти хўрокворї, регламентњои техникї ва стандартњое, ки ба объектњои мањсулоти хурокворї истифода мешаванд, лоињаи объектњои истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, методикањои ченкунї ва усулњои санҷиши мањсулоти њўрокворї дар масъалаи риояи тадбирњои санитарии  дахлдор;

- тасдиќи номгўй, методикањои ченкунї ва усулњои санҷиши мањсулоти хўрокворї оид ба масъалаи риояи чорањои санитарии дахлдор, озмоишгоњњое, ки барои њаммонандкунї, санҷиш ва арзёбии самаранокии мањсулоти хўроки парњезї, мањсулоти хўроквории функсионалї ва иловањои хўрокворї пешбинї шудаанд;

- пешбурди фењристи хулосањои ташхиси санитарию эпидемиологї.


Моддаи 18. Ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи кишоварзї

1. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи кишоварзї ва таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї ваколатњои зерин дорад:

- дар объектњои  чорводорї мањсулоти хўроквории коркарднашудаи аз набототу њайвонот пайдогардида ва муомилоти мањсулоти кишоварзї назорати давлатии байторию санитарї ва фитосанитарї гузаронида, хулосањои марбутаи байторию фитосанитарї медињад, ки шањодати бехатарии онњо мебошанд;

- назорати иҷрои чорањои байторию фитосанитариро дар ќисмати риояи талаботи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Ҷумњурии Тоҷикистон, ки њифзи олами њайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз беморињои ба воситаи њайвонот гузаранда (зоонозњо) танзим менамоянд, ҷорї ва амалї менамояд;

- ба истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї оид ба масъалањои низоми тањлили таваккалњо дар нуќтањои назорати тањдидомез ё системањои њаммонанди таъмини бехатарї машварат медињад ва омўзиш мегузаронад;

- назорати давлатии ҷорї намудани низоми тањлили таваккалњо  ва назорат дар нуќтањои тањдидомез ва низомњои њаммонанди таъмини бехатарї, ки онњоро истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї истифода мебаранд ва тањти назорати хадамоти объектњои байторї ва фитосанитарї ќарор доранд, амалї мегардонад;

- бо дархости тарафњои манфиатдор дар асоси назорати давлатї ё натиҷаи арзёбии мањсулоти хўрокворї, ки тањти назорати хадамоти байторї ќарор доранд, ба мањсулоти хўрокворї сертификатњои байторї медињад;

- дар доираи ваколатњои худ назорати байторї ва фитосанитарии мањсулоти хўроквории воридотї ва транзитиро мегузаронад;

- методикаи ченкунї, усулњои санҷиши мањсулоти хўрокворї ва номгўи онњоро дар объектњои байторию фитосанитарии тањти назоратбуда тасдиќ мекунад;

- номгўи референс-озмоишгоњњое, ки тањќиќоти арбитражии мањсулоти хўроквории тањти назорати хадамоти байторию фитосанитарї бударо анҷом медињанд, тасдиќ менамояд;

- давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектњои истењсоли мањсулоти хўроквории аз њайвоноту растанињо њосилшударо, ки тањти назорати хадамоти байторию фитосанитарї мебошанд, дар асоси тањлили таваккал муќаррар мекунад;

- талаботи байторию санитарї ва фитосанитариро барои объектњои истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, ки тањти назорати хадамоти байторї ва фитосанитарї ќарор доранд, муќаррар ва тасдиќ менамояд;

- андозањои њатмии бехатарии мањсулоти хўроквориро, ки тањти назорати хадамоти байторї ва фитосанитарї ќарор доранд, тасдиќ мекунад;

- фењристи хулосањои ташхиси байториро пеш мебарад;

-  системаи мушоњидавии мањсулоти хўроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатњои худ таъсис ва ривоҷ медињад.

2. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи кишоварзї назорат ва санҷиши давлатиро барои мањсулоти хўроквории зерин амалї мегардонад:

- мањсулоти хўроквории коркарднашудаи аз њайвонот ва растанињо њосилшуда (бо иловаи истењсоли аввалия ва мањсулоти коркарди аввалия дар объектњое, ки танњо коркарди аввалия иҷро мегардад);

- тамоми мањсулоти аз њайвонот ва растанињо тайёршуда, ки дар бозорњо ба фурўш бароварда мешаванд;

-  мањсулоти аз њайвонот ва растанињо њосилшуда, ки аз  бунгоњњои гузариши сарњади давлатї гузаронида мешаванд.

3. Маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи байторї назорати санитарию байтории истењсоли мањсулоти хўроквориро дар корхонањое, ки мањсулоти хўроквории аз њайвонот њосилшударо барои коркарди аввалия њамчун ашёи хом истифода мебаранд, амалї мегардонад, ба истиснои корхонањои хўроки умумї ва савдо ва корхонањои нигоњдории яклухти мањсулоти хўроквории коркарднашудаи аз њайвонот њосилшуда.


Моддаи 19. Ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї оид ба стандартизатсия, метрология,

сертификатсия ва нозироти савдо

Ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї аз инњо иборат мебошанд:

- татбиќи сиёсати давлатї дар соњаи бамеъёрдарории техникї, стандартонї ва сертификатсияи мањсулоти хўрокворї;

- тањия, ташкили кор оид ба тасдиќи регламентњои техникї, стандартњо ва шартњои техникї барои мањсулоти хўрокворї;

- гузаронидани назорати метрологї ва санҷиши таҷњизоти корхонањое, ки дар онњо коркарди мањсулоти хўрокворї амалї карда мешаванд, нуќтањои фурўши мањсулоти хўрокворї, озмоишгоњњое, ки ба саноати хўрокворї вобаста мебошанд;

- ваколатдоркунонии озмоишгоњњо ва сертификатсияи низоми бехатарии истењсоли мањсулоти хўрокворї;

- гузаронидани назорати давлатї барои риояи њатмии талаботи регламентњои техникї ва бањодињии мутобиќат ба талаботи регламентњои техникї дар соњаи истењсол, њамлу наќл, нигоњдорї, фурўш ва воридоти мањсулоти хўрокворї;  

- муќаррар намудани тартиби коркарди партовњо ва нобуд кардани мањсулоти хўрокворие, ки ба талаботи регламентњои техникї мутобиќ намебошанд.


Моддаи 20. Шўрои њамоњангсоз оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї

1. Шўрои њамоњангсоз оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї (минбаъд - Шўрои њамоњангсоз) мутобиќи Ќонуни мазкур бо маќсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии мањсулоти хўрокворї, барои таъмини сатњи зарурии њифзи њаёт ва саломатии инсон, њифзи олами њайвонот ва наботот пешнињод ва дастгирии илмї ва экспертї барои ќабули ќарорњои мушаххас, инчунин тањияи санадњои меъёрии њуќуќї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї таъсис дода мешавад.

2. Шўрои њамоњангсоз аз њисоби намояндагони вазорату идорањои ваколатдор дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї, инчунин аз њисоби намояндагони маъруфи ҷамъиятї, илмї ва экспертњо, ки фаъолияти касбии онњо бо таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шўрои њамоњангсоз дар асоси низомномаи тасдиќнамудаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЊАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАЊСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 21. Танзими давлатї дар соњаи таъмини

бехатарии мањсулоти хўрокворї

1. Талабот ба бехатарии мањсулоти хўрокворї, шароити истењсол, омодасозї ва муомилоти онњо, бехатарии хизматрасонї дар соњаи савдои чаканаи мањсулоти хўрокворї ва хўроки умумї аз рўи меъёру ќоидањои дахлдори санитарї, байторї, фитосанитарї ва регламентњои техникї муќаррар карда мешаванд.

2. Регламентњои техникї, меъёру ќоидањои санитарї, байторї ва фитосанитарї бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон тасдиќ карда мешаванд.

3. Талабот ба бехатарии мањсулоти хўрокворї, ки аз рўи регламентњои техникї, меъёру ќоидањои санитарї, байторї ва фитосанитарї барои шахсони воќеию њуќуќї, ки фаъолиятро оид ба истењсол ва муомилоти  мањсулоти хўрокворї, хизматрасонї дар соњаи савдои чаканаи мањсулоти хўрокворї ва хўроки умумї амалї мегардонанд, њатмї мебошанд.



Моддаи 22. Арзёбї ва тасдиќи мутобиќат

1. Намудњои муайяни мањсулоти хўрокворї, мавод, маснуот ва хизматрасонї дар соњаи савдои чаканаи мањсулоти хўрокворї ва хўроки умумї мутобиќи талаботи њуҷҷатњои меъёрї арзёбї ва тасдиќ карда мешаванд.

2. Мутобиќати мањсулоти хўрокворї, мавод ва маснуот ба талаботи њуҷҷатњои меъёрї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон аз тарафи истењсолкунандагон тасдиќ карда мешаванд.

3. Шахсони воќеї ва њуќуќї, ки фаъолиятро оид ба истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, мавод ва маснуот амалї мегардонанд, њуќуќ доранд бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон сертификатсияи ихтиёрии мањсулотро гузаронанд.

4. Дар њолате, ки агар истењсолкунандаи мањсулоти хўрокворї ё иҷрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар соњаи савдои чакана ё хўроки умумї талаботи њуҷҷатњои меъёрии муќарраршударо вайрон кунад, маќоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ўњдадор аст то бартараф кардани вайронкории ҷойдошта истењсол, фурўши мањсулоти хўрокворї ва иҷрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкорї имконпазир набошад, маќоме, ки сертификатро додааст, амали онро ќатъ мегардонад.
Моддаи 23. Назорати давлатї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї

1. Назорати давлатї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї аз тарафи маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї дар соњаи  назорати  санитарию эпидемиологї, назорати байторї, назорати  фитосани­тарї ва карантини растанињо ва дар соњаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобиќи ваколатњои дар моддањои 17, 18 ва 19 Ќонуни мазкур зикргардида амалї карда мешавад.

2. Назорати давлатии фаъолияти субъектњои хоҷагидор оид ба истењсол ва фурўши мањсулоти хўрокворї, новобаста ба шаклњои моликият, бо роњи гузаронидани назорати наќшавї ва ғайринаќшавї (бе огоњонидани пешакї) мутобиќи сатњи таваккал ва тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис­тон амалї карда мешавад.

3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи њама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Ќонуни мазкур дахл дорад, инњоро инъикос менамояд:

- таваккалњои вобаста ба объект, инчунин технологияи истењсол ва (ё) коркард;

- натиҷањои назорати давлатии ќаблї;

- боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор барои таъмини риояи  талаботи дахлдори санитарї, байторї ва регламентњои техникї истифода бурда мешаванд;

- мавҷуд будани эњтимолияти иҷро нагардидани талаботи Ќонуни мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї аз тарафи субъекти хоҷагидор.

4. Дар бунгоњњои иҷозатдињии Сарњади давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон ва бунгоњњои барасмиятдарории гумрукї мањсулоти хўрокворї, ки ба ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, назорат ва санҷиши давлатии онњо дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї аз тарафи маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї дар соњаи назорати санитарию эпидемиологї, назорати байторї, назорати фитосанитарї, карантини растанињо ва дар соњаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумњурии Тоҷикистон амалї гардонида мешавад.

Моддаи 24. Мониторинги бехатарии мањсулоти хўрокворї ва саломатии ањолї

1. Бо маќсади муайян намудани самтњои афзалиятноки сиёсати давлатї дар соњаи таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї, њифзи саломатии ањолї, инчунин бо маќсади тањияи чорањо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли мањсулоти хўроквории хатарнок аз тарафи маќомоти назорат ва санҷиши давлатї якҷоя бо маќомоти иҷроияи њокимияти давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон мониторинги бехатарии мањсулоти хўрокворї ва саломатии ањолї ташкил ва гузаронида мешавад.

2. Мониторинги  бехатарии мањсулоти хўрокворї ва саломатии ањолї мутобиќи низомномаи тасдиќнамудаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАЊСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї

1. Мањсулоти хўроквории барои фурўш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддањои зарурї ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии мањсулоти хўрокворї дар ќисмати нишондодњои органолептикї ва физикию кимиёвї ҷавобгў бошад, ба талаботи муќаррарнамудаи њуҷҷатњои меъёрї оид ба таркиби кимиёвии иҷозатдодашуда (аз ҷумла радио­активњо), моддањои биологї ва пайвастагињои онњо ва дигар организмњои биологї, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобиќат намоянд.

2. Арзишнокии ғизоии мањсулоти хўроки кўдакона бояд ба њолати функсионалии организми кўдак бо назардошти синни ў мутобиќ бошад. Мањсулоти хўроки кўдакона бояд барои саломатии кўдакон бехатар бошанд.

3. Мањсулоти хўроки парњезї бояд дорои хусусиятњое бошад, ки имкон дињад онњо њамчун хўроквории табобатї ва пешгирї аз беморї мутобиќи талаботи муќаррарнамудаи маќомоти ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї ва талабот нисбат ба ташкили хўроквории парњезї истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.


Моддаи 26. Талабот ба истењсоли мањсулоти хўроки парњезї, мањсулоти хўроквории функсионалї ва иловањои хўрокворї

1. Мањсулоти хўрокворие, ки барои истењсоли хўроки парњезї, мањсулоти хўроквории функсионалї ва иловањои хўрокворї (парњезї) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрњои њатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси парњезї мувофиќи меъёрњои санитарї ва регламентњои техникї ќабулшуда мутобиќ бошанд.

2. Иловањои хўрокворї (парњезї) метавонанд ба мањсулоти хўроквории алоњида бо назардошти сатњи дохилкунї, ки дар меъёрњои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати мањсулоти хўроквории мустаќил истењсол мешавад, дохил карда шаванд.
Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии мањсулоти нави хўрокворї

1. Њангоми коркарди мањсулоти нави хўрокворї, ҷараёни технологии нави истењсол, борбандї, нигоњдорї, њамлу наќл, тамғазанї ва фурўш, шахсони воќеї ва њуќуќї бояд талаботи бехатарии чунин мањсулоти хўроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин мањсулоти хўрокворї њангоми истењсол ва муомилоти онњо иттилоот дињанд, барномањои назорати истењсолиро барои бехатарии чунин мањсулоти хўрокворї ва методикаи санҷиши онњо тањия кунанд, инчунин мўњлати истеъмоли ин навъи мањсулоти хўроквориро муќаррар намоянд.

2. Мўњлати истеъмоли мањсулоти хўрокворї барои он мањсулоти хўрокворие, муќаррар мешавад, ки бо гузашти мўњлати муайян аз лањзаи истењсол сифати онњо коњиш ёфта, хусусиятњое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он ќобилияти истеъмолии худро барои истифода аз рўи таъинот гум мекунанд.

3. Нишондодњои бехатарии мањсулоти нави хўрокворї, мўњлати истеъмоли онњо, талабот ба борбандї ва тамғагузорї иттилоот дар бораи мањсулоти хўрокворї, шартњои истењсол ва муомилоти онњо, барномањои назорати истењсолї оид ба таъмини бехатарї, методикаи санҷишњо, усулњои коркарди партовњо ё нобуд кардани мањсулоти хўроквории хатарнок бояд ба њуҷҷатњои техникї дохил карда шаванд.

4. Лоињаи њуҷҷатњои техникї ва намунањои таҷрибавии мањсулоти нави хўрокворї вобаста ба намуди истењсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологї ё байторї гузарад.

5. Талаботи њуҷҷатњои техникии тасдиќшуда барои шахсони воќеї ва њуќуќї, ки фаъолиятро оид ба истењсол ва муомилоти намудњои мушаххаси мањсулоти хўрокворї амалї мегардонанд, њатмї мебошанд.




Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми истењсоли онњо

1. Мањсулоти хўроквории дар Ҷумњурии Тоҷикистон истењсолшуда бояд бехатар, аз ҷињати гигиенї тоза, ќобили истеъмол ва дуруст тамға зада шуда бошанд ва мутобиќи њуҷҷатњои техникї њангоми риояи талаботи регламентњои техникї, меъёру ќоидањои санитарї ва байторї истењсол шаванд.

2. Барои истењсоли мањсулоти хўрокворї бояд ашёи хоми хўрокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онњо ба талаботи њуҷҷатњои меъёрї мутобиќ бошанд.

3. Њангоми истењсоли мањсулоти хоми хўрокворї ба истифодаи иловањои хўрокворї, нумўяи (стимулятори) афзоиши њайвонот, аз ҷумла дорувори­њои гормоналї, воситањои доругї, пеститсидњо, агрохими­катњое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологї ва байторию санитарї (ё ташхиси озмоишгоњи агрохи­миявї) гузаронида шудаанд, бо тартиби муќаррар­намудаи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

4. Ба мањсулоти хоми хўроквории аз њайвонот њосилшуда барои истењсоли мањсулоти хўрокворї тайёршаванда танњо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарї ва аз тарафи истењсолкунанда гирифтани хулосаи маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї оид ба назорати байтории Ҷумњурии Тоҷикистон, ки мутобиќати мањсулоти хоми хўроквории аз њайвонот њосилшавандаро ба талаботи меъёрњои байторї тасдиќ мекунад, иҷозат дода мешавад.

5. Њангоми истењсоли мањсулоти хўрокворї, инчунин истеъмол дар хўрок, метавонанд иловањои хўрокворї ва иловањои фаъоли биологї истифода карда шаванд. Иловањои хўрокворї ва иловањои фаъоли биологї, ки њангоми истењсоли мањсулоти хўрокворї истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.

6. Мавод ва маснуоти дар ҷараёни истењсоли мањсулоти хўрокворї истифодашуда бояд ба талаботи њуҷҷатњои меъёрї оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобиќ бошанд.

7. Истењсолкунанда бояд истењсоли мањсулоти хўроквории хатарнокро дар мўњлати зарурї барои бартараф кардани сабабњое, ки истењсоли чунин мањсулоти хўроквориро ба миён овардаанд, њатман боздорад. Дар њолате, ки агар бартараф намудани чунин сабабњо имконнопазир бошад, ў ўњдадор аст истењсоли мањсулоти хўроквории хатарнокро ќатъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин мањсулоти хўро­квориро таъмин намояд, тибќи тартиби муќарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовњо ё нобуд кардани онњоро ташкил намояд.

8. Маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї дар соњаи бехатарии мањсулоти хўрокворї ўњдадоранд меъёрњо ва муќарраротро оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї, аз ҷумла мањсулоти хўроки парњезї ва кўдакона, иловањои хўрокворї ва фаъоли биологї барои таъмини мутобиќати онњо бо меъёрњои ќабулшудаи байналмилалї дар давоми на камтар аз 5 сол ё њангоми пайдо шудани маълумоти нави илмї аз нав баррасї намоянд.
Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми коғазпечкунї, борбандї ва тамғазании онњо

1. Мањсулоти хўрокворї бояд дар шароити аз ҷињати гигиенї тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддањои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе коғазпеч ва борбандї шуда бошанд, ки бехатарии онро њангоми нигоњдорї, њамлу наќл ва фурўш таъмин карда шаванд.

2. Шахсони воќеї ва њуќуќие, ки коғазпечкунї ва борбандии мањсулоти хўроквориро амалї мегардонанд, ўњдадоранд талаботи њуҷҷатњои меъёриро барои коғазпечкунї ва борбандии мањсулоти хўрокворї, тамғазании онњо, инчунин маводи истифодабариро барои борбандї ва тамғазании мањсулоти хўрокворї риоя намоянд.

3. Дар тамғакоғазу тамғаи бор ё тавсиякоғазњои мањсулоти хўроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки номгўи онро ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон дар бораи њифзи њуќуќи истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди мањсулоти хўрокворї бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:

- номи мањсулоти хўрокворї;

-  ном, суроғаи пурра ва раќами телефони истењсолкунанда, барои мањсулоти хўроквории воридшаванда бошад, суроғаи пурра ва раќами телефони воридкунанда;

- шумораи вазни холиси мањсулоти хўрокворї дар ченакњои ягонаи муќарраршуда (вазн, њаҷм ё адад);

- таркиби мањсулоти хўрокворї бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онњо, аз ҷумла иловањои хўрокворї, хушбўйкунандањое, ки дар истењсоли онњо истифода шудаанд;

- арзишњои калория ва ғизонокї бо нишон додани шумораи сафедањо, карбогидрадњо ва равғанњо дар ченакњои ягонаи муќарраршуда барои 100 грамми мањсулоти хўрокворї;

- мўњлат ва санае, ки то он мањсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истењсол ва мўњлати ќобили истеъмол будани он;

- шароити нигоњдорї ва истифода, агар мањсулоти хўрокворї барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигоњдорї ва истифодабариро талаб намояд;

- эњтиёткорї њангоми истеъмоли мањсулоти хўрок­ворї барои гурўњњои муайяни ањолї (кўдакон, занњои њомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин мањсулот њангоми истеъмол ба саломатии онњо зарар расонида тавонад.

4. Барои баъзе намудњои мањсулоти хўрокворї, ки ба регламентњои техникии дахлдор  мутобиќ мебошанд, мумкин аст ғайр аз муќаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи њатмии махсус барои тамғакоғазкунї муќаррар карда шавад.

5. Матни тамғакоғазкунии мањсулоти хўроки парњезї, мањсулоти хўроквории функсионалї ва иловањои фаъоли биологї ба таври њатмї аз тарафи маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї тасдиќ карда мешавад. Тартиби тасдиќи матни тамғакоғазкунии мањсулоти хўроки парњезї, мањсулоти хўроквории функсионалї ва иловањои фаъоли биологиро маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї муќаррар мекунад.

6. Тамғакоғазњои мањсулоти хўрокворї, ки барои онњо рамзњо истифода мешаванд, бояд рамзњоеро дошта бошанд, ки онњоро ташкилотњои дахлдори байналмилалї ва минтаќавї оид ба масъалањои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техникї тасдиќ кардаанд.

7. Навиштаҷот дар тамғакоғази мањсулоти хўрокворї, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, ќаллобиро пешгирї мекунад ё як мањсулоти хўроквориро аз дигар, ба монанди "пурра табиї", "органикї" "аслї", "бе организмњои аз ҷињати генетикї модификатсияшуда" ва ғайра фарќ мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор, ки барои иҷрои муќаррароти Ќонуни мазкур нашр шудаанд, санҷида мешаванд.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет