Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми нигоњдорї ва њамлу наќли онњо



жүктеу 7.62 Mb.
бет6/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42

Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми нигоњдорї ва њамлу наќли онњо

1. Нигоњдорї ва њамлу наќли мањсулоти хўрокворї бояд дар шароите анҷом дода шавад, ки нигоњдошти бехатарии онњоро таъмин намояд.

2. Шахсони воќеї ва њуќуќї, ки нигоњдорї ва њамлу наќли мањсулоти хўроквориро анҷом медињанд, ўњдадоранд талаботи њуҷҷатњои меъёриро нисбат ба шароити нигоњдорї ва њамлу наќли мањсулоти хўрокворї риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати мањсулот бо навиштаҷоти махсус тасдиќ намоянд.

3. Нигоњдории мањсулоти хўрокворї танњо дар биноњо ва иншооти махсус ҷињозонидашуда, ки ба талаботи меъёру ќоидањои сохтмонї, санитарї ва байторї мутобиќ мебошанд, иҷозат дода мешавад.

4. Барои њамлу наќли мањсулоти хўрокворї бояд воситањои наќлиёте истифода шаванд, ки барои ин маќсадњо махсус ҷињозонида шуда, шиносномаи санитарї доранд, ки дар асоси ташхиси гигиенї бо тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї дода мешавад.

5. Агар њангоми нигоњдорї ва њамлу наќли мањсулоти хўрокворї ба вайронкорї роњ дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятњои хатарнок гарданд, шахсони воќеї ва њуќуќие, ки нигоњдорї ва њамлу наќли мањсулоти хўроквориро амалї мекунанд, ўњдадоранд дар ин бора соњибон ва ќабулкунандагони мањсулоти хўроквориро хабардор намоянд.

6. Чунин мањсулоти хўрокворї  фурўхта намешаванд ва намунањои ин мањсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва ќабули ќарор оид ба истифодаи чунин партовњо ё нобуд кардани онњо ба маќоми дахл-дори давлатї фиристода мешавад.
Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї њангоми фурўхтани онњо

1. Дар савдои чакана фурўхтани мањсулоти хўроквории коғазпеч ва борбандинашуда иҷозат дода намешавад, ба истиснои мањсулоти хўроквории намудњои муайян, ки номгўи онњоро маќоми ваколатдори давлатї оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  Ҷумњурии Тоҷикистон дар мувофиќа бо маќомоти ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологї ё байторї муќаррар менамояд.

2. Назорати давлатии фурўши мањсулоти хўроквории истењсоли ғайрисаноатї дар бозорњо танњо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байторї дар озмоишгоњњои аккредитатсияшудаи байторї ва аз тарафи фурўшанда гирифта шудани хулосаи маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї оид ба назорати байторї, ки мутобиќати чунин мањсулоти хўроквориро бо талаботи меъёру ќоидањои байторию санитарї тасдиќ мекунанд, иҷозат дода мешавад.

3. Дар њолате ки, агар њангоми фурўхтани мањсулоти хўрокворї ба вайронкорї роњ дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятњои хатарноки  мањсулоти хўрокворї шудааст, шахсони воќеї ва њуќуќие, ки мањсулоти хўроквориро мефурўшанд, ўњдадоранд чунин мањсулоти хўроквориро аз фурўш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, мањсулоти хўроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовњо ё нобуд кардани онњоро бо тартиби муќарраршуда ташкил намоянд.


Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии мањсулоти хўроквории воридотї

1. Мањсулоти хўроквории воридшаванда бояд ба талаботи њуҷҷатњои меъёрї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї  мутобиќ бошанд.

2. Воридоти мањсулоти хўрокворие, ки хатарнок, ќобили истеъмол набошанд, нодуруст тамғазанї шуда бошанд, ба талаботи регламентњои техникї, санитарию эпидемиологї ё байторї ва фитосанитарї мутобиќ набошанд, манъ карда мешавад.

3. Ба муомилоти озод баровардани мањсулоти њатман сертификатсияшаванда дар ќаламрави гумрукии Ҷумњурии Тоҷикистон бо тартиби муќарра­рнамудаи Кодекси гумруки Ҷумњурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

4. Шахсоне, ки ба ќаламрави  Ҷумњурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сарњадї намудњо ва њаҷми тамоми мањсулоти хоми хўроквории аз њайвонот ва растанињо њосилшударо, ки барои истеъмоли шахсї ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин мањсулот ба Ҷумњурии Тоҷикистон, агар онњо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, тањдиди хатари зиёди сирояти бемории њайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмњои зараровар ҷой дошта бошанд, манъ мебошад.

5. Ба ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон ворид намудани мањсулоти хўрокворї бе њуҷҷатњое, ки мутобиќи талаботи њуҷҷатњои меъёрї бехатарии чунин мањсулоти хўроквориро тасдиќ мекунанд, манъ аст.

6. Дар бунгоњњои гузариши Сарњади давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии мањсулоти хўроквории воридшаванда бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

7. Дар њолате ки, агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологї, назорати давлатии байторї ва назорати давлатии фитосанитарї дар Ҷумњурии Тоҷикистон нисбат ба бехатарии мањсулоти хўроквории воридшаванда ба таври асоснок шубња намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваќќатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин мањсулоти хўроквориро бо тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ќарор ќабул мекунанд.

8. Агар мањсулоти хўроквории воридшаванда хатарнок њисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологї, назорати давлатии байторї ва назорати давлатии фитосанитариро дар Ҷумњурии Тоҷикистон амалї менамоянд, дар доираи ваколатњои худ ба ќаламрави  Ҷумњурии Тоҷикистон ворид намудани чунин мањсулоти хўроквориро манъ мекунанд ва дар борхати мањсулот ќайд мекунанд, ки ин мањсулоти хўрокворї барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурўхта нашаванд.

9. Соњиби мањсулоти хўроквории хатарнок ўњдадор аст, ки дар давоми 10 рўзи корї онњоро аз ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон берун барорад. Дар њолати ошкор намудани организмњои карантинии зараровар дар мањсулоти хўрокворї, соњиби чунин мањсулот ўњдадор аст онњоро таъҷилан аз ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон берун барорад. Агар мањсулоти хўроквории хатарнок дар мўњлати муќарраршуда берун аз ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онњо мутобиќи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон њамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд.


Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истењсолї барои бехатарии мањсулоти хўрокворї

1. Шахсони воќеї ва њуќуќї, ки фаъолиятро оид ба истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї анҷом медињанд, ўњдадоранд ташкил ва гузаронидани санҷиши бехатарии истењсоли онњо, риояи талаботи њуҷҷатњои меъёрию техникиро нисбат ба шартњои истењсол ва муомилоти  мањсулоти хўрокворї амалї намоянд.

2. Назорати истењсолии бехатарии мањсулоти хўрокворї мутобиќи барномаи назорати истењсолот амалї карда мешавад, ки аз тарафи шахсони воќеї ё њуќуќї  дар асоси регламентњои техникї ва њуҷҷатњои техникї тањия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истењсолї барои бехатарии мањсулоти хўрокворї, методикаи чунин назорат ва методикаи санҷиши шароити истењсол ва муомилоти онњо муайян карда мешавад.

Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї анҷом медињанд

1. Кормандоне, ки бо кори ба истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, хизматрасонї  дар соњаи савдои чаканаи мањсулоти хўрокворї ва мањсулоти хўроки умумї вобаста мебошанд, њангоми иҷрои корњое, ки алоќаи бевоситаи корманд бо мањсулоти хўрокворї, мавод ва маснуот пайдо мешавад, њангоми ба кор даромадан муоинаи њатмии ќаблї ва даврагии тиббї, инчунин бо тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи тандурустї аз курсњои омўзиши гигиенї мегузаранд.

2. Бемороне, ки гирифтори беморињои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эњтимолияти ба чунин беморињо гирифтор буданашон ҷой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони беморињои гузаранда алоќа доранд, шахсоне, ки пањнкунандаи беморињои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятњои истењсол ва муомилоти мањсулоти хўрокворї, мавод ва маснуот метавонанд барои пањншавии чунин беморињо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи ќаблї ва даврагии тиббї ва курси омўзиши гигиенї нагузаштаанд, ба корњое, ки њангоми иҷрои онњо алоќаи бевоситаи корманд бо мањсулоти хўрокворї, мавод ва маснуот амалї мегардад, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 35. Аз муомилот баровардани мањсулоти хўроквории хатарнок

1. Истењсолкунанда ё тањвилгар ўњдадор аст, мањсулоти хўроквории хатарнокро мустаќилона ё дар асоси ќарордоди маќомоти давлатии назорат ва санҷиш аз муомилот барорад.

2. Агар истењсолкунанда ё тањвилкунанда шубња кунад ва ё муќаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї дар њама гуна марњилањои истењсолот, коркард ва муомилоти мањсулоти хўрокворї вайрон карда шуда, дигар тањти назорати бевоситаи ў ќарор намегиранд, ў бояд дар ин бора маќомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огоњ намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин мањсулот ташаббускор бошад. Агар мањсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истењсол­кунанда ё тањвилгар ўњдадор аст бо усулњои самаранок ва возењу равшан сабабњои баровардани мањсулот аз муомилот ва њангоми зарурат, агар таъмини сатњи баланди њифзи саломатї бо дигар чорањо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки мањсулотро баргардонанд.

3. Дар њолате ки, агар истењсолкунанда ё тањвилгари мањсулоти хўроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онњо чора наандешад, чунин мањсулоти хўрокворї аз тарафи маќомоти дахлдори ваколатдори давлатї аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби муќарраргардида барои коркард њамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.


Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовњо, нобуд

кардани мањсулоти хатарнок

1. Барои мањсулоти хўроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологї, байторї, фитосанитарї, молшиносї ва ғ.) аз ҷониби маќомоти назорат ва санҷиши давлатї бо маќсади муайян кардани имконияти истифодаи партовњои онњо ё нобуд кардан анҷом дода мешавад.

2. Мањсулоти хўрокворие, ки соњиби онњо баромади онњоро тасдиќ карда наметавонад ва онњо нишонањои вайроншавї дошта, аз њамин сабаб ба њаёт ва саломатии инсон тањдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард њамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.

3. То фиристодан барои коркард њамчун партов ё нобуд кардани мањсулоти хўроквории хатарнок соњиби онњо ўњдадор аст, дар њузури намояндаи маќомоти назорат ва санҷиши давлатї хусусиятњои чунин мањсулоти хўроквориро бо њама гуна усулњои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онњоро аз рўи таъинот истисно менамояд, тағйир дињад.

4. Мањсулоти хўроквории хатарнок ба нигоњдории муваќќатї фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин мањсулоти хўрокворї дар мўњлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.

5. Мањсулоти хўроквории дар нигоњдории муваќќатї ҷойгирбуда ба таври ҷиддї ба њисоб гирифта мешаванд. Барои нигоњдории чунин мањсулоти хўрокворї соњиби онњо масъул мебошад.

6. Дар асоси натиҷаи ташхиси мањсулоти хўроквории хатарнок маќомоти дахлдори назорат ва санҷиши давлатї оид ба истифодаи партовњо ё нобуд кардани онњо ќарор ќабул мекунад.

7. Соњиби мањсулоти хўроквории хатарнок интихоби усулњо ва шароити коркарди партовњо ё нобуд кардани онњоро мутобиќи талаботи њуҷҷатњои меъёрї ё техникї бо маќомоти назорат ва санҷиши давлатї оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин мањсулоти хўрокворї усулњо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он ќарор ќабул намудааст, мувофиќа мекунад.

8. Имконияти истифодаи мањсулоти хўроквории хатарнок ба сифати хўроки њайвонот бо хадамоти давлатии байторї мувофиќа карда мешавад.

9. Хароҷоти ташхис, нигоњдорї, њамлу наќл, коркарди партовњо ё нобуд кардани мањсулоти хўроквории бесифат ва хатарнокро соњиби онњо пардохт мекунад.

10. Соњиби мањсулоти хўроквории хатарнок ўњдадор аст ба маќоми назорат ва санҷиши давлатї, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онњо ќарор ќабул кардааст, њуҷҷат ё тибќи тартиби муќарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки воќеияти истифодаи партовњо ё нобуд карда шудани чунин мањсулоти хўроквориро тасдиќ мекунад, пешнињод намояд.

11. Маќомоти назорат ва санҷиши давлатї, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани мањсулоти хўроквории хатарнок ќарор ќабул намудаанд, ўњдадоранд назорати истифодаи партовњо ё нобуд кардани онњоро бо маќсади пешгирии эњтимолияти зањролудшавии одамон ва њайвонот, пањншавии беморињо, инчунин ифлосшавии муњити зист анҷом дињанд.



БОБИ 5. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 37. Арзиши хизматрасонї

Тамоми пардохтњо вобаста ба њама гуна амалњои маъмурї, тањќиќоти озмоишї, ташхисњо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї бояд аз арзиши аслии онњо зиёд набошанд.



Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатї

Назорати давлатии объектњое, ки бояд тањти назорати давлатии санитарию эпидемиологї ва байторї ќарор гиранд, аз њисоби маблағи буҷетї амалї карда мешавад.


Моддаи 39. Ҷавобгарї барои риоя накардани Ќонуни мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур мутобиќи ќонунгузории Ҷумњурии Тоҷикистон ба ҷавобгарї кашида мешаванд.



Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соќит донистани Ќонуни Ҷумњурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокворї"

Ќонуни Ҷумњурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокворї" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, с. 2002,  №4, ќ. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор соќит дониста шавад.


Моддаи 41.Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

Ќонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дода шавад.



Президенти

Ҷумњурии Тоҷикистон

Эмомалї  РАЊМОН

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012,

890
ЌОНУНИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
(Ахбори Маљлиси Оли Љумњурии Тољикистон с.2011, №7-8, мод. 606; с.2012, №4, м.252; с.2012, №7, м.686)

Дар бораи низоми иљозатдињї

Ќонуни мазкур асосњои њуќуќї, ташкилї ва иќтисодии низоми иљозатдињї, номгўи истисноии фаъолиятњои дар асоси иљозати маќоми ваколатдори давлатї амалишаванда, тартиби додани њуљљатњои иљозатдињиро ба субъектњои фаъолияти соњибкорї муайян намуда, шаклњои њуљљатњои иљозатдињиро муќаррар карда, њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандон, муњити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.


БОБИ 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

Моддаи 1. Мафњумњои асосї

Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода мешаванд:



- њуљљати иљозатдињї – њуљљати маъмурии дорои хусусияти иљозатдињии аз љониби маќоми иљозатдињанда додашуда, ки њуќуќи шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродиро барои амалї намудани фаъолият ё амали муайян дар давоми мўњлати муќарраргардида бо риояи њатмии шартњои иљозатдињї тасдиќ менамояд. Њуљљати иљозатдињї дар шакли иљозат, сертификат, хулоса, тасдиќнома, муво­фи­ќа­кунонї, дастхатгузорї (визагузорї), шањодатно­ма, аттестати тахассусї, навиштаљоти иљозатдињї, гувоњнома, санади бањодињї (арзёбї), аккредитатсия ва дигар намудњои њуљљатњои дорои хусусияти иљозатдињї, ба истиснои иљозатнома (литсензия) дода мешавад;

- низоми иљозатдињї – маљмўи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соњибкорї аз љониби маќомоти иљозатдињанда, ки ба додан, азнав­барасмиятдарорї, боздоштан, барќарор намуда­ни амал ва бекор кардани њуљљати иљозатдињї, додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї, пешбурди Фењристи ягонаи давлатии электронии њуљљатњои иљозатдињї, назорати риояи шартњои иљозатдињї аз љониби шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї, додани амрномањо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартњо алоќаманд мебошанд;

- шартњои иљозатдињї – маљмўи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур, ки иљрои онњо аз љониби аризадињанда ва (ё) дорандаи њуљљати иљозатдињї њангоми амалї кардани намуди дахлдори фаъолияти соњибкорї њатмї мебошад;

- маќоми иљозатдињанда – маќоми ваколатдори давлатие, ки тибќи Ќонуни мазкур њуќуќи додани њуљљати иљозатдињиро дорад;

- аризадињанда – шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродие, ки ба маќоми иљозатдињанда ариза ва њуљљатњои заруриро барои гирифтани њуљљати иљозатдињї пешнињод намудааст;

- дорандаи њуљљати иљозатдињї – шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродие, ки барои амалї кардани намуди муайяни фаъолият ё амал њуљљати иљозатдињї дорад;

- масъулияти изњоршуда – аз љониби аризадињанда изњор кардани масъулияти худ оид ба риоя намудани шартњои иљозатдињї њангоми амалї намудани соњибкорї;

- маъќулдонии худ аз худ – расмиёте, ки дар натиљаи он њуљљати иљозатдињї дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва барќароршуда њисо­бида мешавад, агар маќоми иљозатдињї вобаста ба ариза дар мўњлат ва бо шартњое, ки Ќонуни мазкур пешбинї кардааст, бо огоњонидани аризадињанда ќарор ќабул накарда бошад;

- равзанаи ягона – расмиёти соддакардашудаи баррасии ариза барои додани њуљљати иљозатдињї ва санљиши иттилооти пешнињодгардида ва (ё) барои тасдиќ ба маќомоти ваколатдор супурдани он, агар бо дигар ќонун тасдиќ намудани он бе љалби аризадињанда ба ин раванд пешбинї гардида бошад;

- фењристи њуљљатњои иљозатдињї – маљмўи маълумот оид ба њуљљатњои иљозатдињии додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барќа­роркар­да­шуда ва бекоркардашуда, ки аз љониби њар як маќоми иљозатдињанда пеш бурда мешавад;

- Фењристи ягонаи давлатии электронии њуљљатњои иљозатдињї – манбаи љамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба њуљљатњои иљозатдињие, ки дар низоми мустаќим (он-лайн) дастрас мебошад.
Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи низоми иљозатдињї

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи низоми иљозатдињї ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољи­кистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, иборат мебошад.


Моддаи 3. Меъёрњои муайянкунии намудњои

фаъолияте, ки бо додани њуљљатњои иљозатдињї танзим карда мешаванд

Ба намудњои фаъолияти бо роњи додани иљозат танзимшаванда чунин намудњои фаъолияте мансубанд, ки ба яке аз меъёрњои дар сархатњои якум ва дуюм, инчунин њатман ба меъёри дар сархати сеюми њамин модда пешбинигардида љавобгўй бошанд:

- зарурати истифодабарии захирањои мањдуди давлатї;

- зарурати муќаррар намудани шартњо ва талаботи махсус нисбат ба фаъолият ва санљиши риояи онњо дар љараёни амалї намудани фаъолият бо маќсади роњ надодан ба расонидани зиён ба њуќуќ, манфиатњои ќонунии шањрвандон, муњити зист ва амнияти давлат;

- додани њуљљати иљозатдињї дигар расмиёти танзимкунандаи фаъолияти субъектњои соњибкориро, ки ќонунгузорї барои људо намудани захирањои мањдуди давлатї ва (ё) барои таъмин намудани риояи шартњо ва талаботи махсус бо маќсади роњ надодан ба расонидани зиён ба њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандон, муњити зист ва амнияти давлат муќаррар намудааст, такрор намекунад.
Моддаи 4. Салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи низоми иљозатдињї

Ба салоњияти Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи низоми иљозатдињї инњо дохил мешаванд:

- муайян намудани маќоми ваколатдори давлатї оид ба танзими низоми иљозатдињї;

- тасдиќи ќоидањои пешбурди Фењристи ягонаи давлатии электронии њуљљатњои иљозатдињї;

- тасдиќи ќоидањои пешбурди фењристи њуљљатњои иљозатдињї.
Моддаи 5. Ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи танзими низоми иљозатдињї

Ба ваколатњои маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи танзими низоми иљозатдињї дохил мешаванд:

- гузаронидани мониторинг вобаста ба татбиќи Ќонуни мазкур;

- ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намудани иттилооти њарсола аз рўи натиљањои мониторинги гузаронидашуда;

- натиљагирї аз таљриба дар танзими фаъолияти соњибкорї бо роњи додани њуљљатњои иљозатдињї, тањия ва пешнињоди таклифњо оид ба такмили ќонунгузорї дар соњаи танзими низоми иљозатдињї;

- санљиши санадњои бањодињии таъсири танзимноки лоињањои санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи низоми иљозатдињї ва пешнињоди хулоса бо муњокимаи њатмї бо субъектњои фаъолияти соњибкорї ва иттињодияњои онњо;

- пешбурди Фењристи ягонаи давлатии электронии њуљљатњои иљозатдињї.
Моддаи 6. Ваколатњои маќомоти давлатии иљозатдињанда

Ба ваколатњои маќомоти давлатии иљозатдињанда дохил мешаванд:

- додани њуљљатњои иљозатдињї;

- азнавбарасмиятдарории њуљљатњои иљозатдињї;

- боздоштани амали њуљљатњои иљозатдињї;

- додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљатњои иљозатдињї;

- дароз кардани мўњлати амали њуљљатњои иљозатдињї;

- рад кардан аз додани њуљљатњои иљозатдињї;

- ќатъ кардани мўњлати амали њуљљатњои иљозатдињї;

- бекор кардани њуљљатњои иљозатдињї дар њолатњои муќаррарнамудаи моддаи 28 Ќонуни мазкур;

- пешбурди фењристи њуљљатњои иљозатдињї;

- назорати риояи талабот ва шартњои њуљљатњои иљозатдињї аз љониби дорандагони њуљљатњои иљозатдињї.


Моддаи 7. Амали њуљљати иљозатдињї

1. Намуди фаъолияте, ки барои амалї намудани он њуљљати иљозатдињї дода шудааст, танњо аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродии њуљљати иљозатдињиро гирифта, иљро шуда метавонад.

2. Амали њуљљати иљозатдињї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон пањн мегардад.

3. Дар њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва (ё) санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон пешбинї намудаанд, амали њуљљати иљозатдињї метавонад берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон низ пањн гардад.


Моддаи 8. Мўњлати амали њуљљати иљозатдињї

Њуљљати иљозатдињї ба мўњлати номањдуди амал ва барои намудњои фаъолияте, ки бояд иљозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мўњлати амали иљозатнома дода мешавад.


Моддаи 9. Маблаѓгузорї ва пардохтњо барои

додани њуљљатњои иљозатдињї

1. Маблаѓгузорї ва пардохтњо барои додани њуљљатњои иљозатдињї дар доираи маблаѓњое амалї мегарданд, ки аз буљетњои дахлдор барои нигоњдории маќомоти иљозатдињанда људо карда мешаванд.

2. Барои баррасии ариза оид ба додани њуљљати иљозатдињї барои намудњои фаъолияти дар Ќонуни мазкур пешбинишуда, пардохти иљозатдињї баробар ба як нишондињанда барои њисобњо ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад.

3. Барои додани њуљљати иљозатдињї баробар ба ду нишондињанда барои њисобњо пардохт ситонида мешавад.

4. Маблаѓњои пардохти иљозатдињї ба буљети давлатї гузаронида мешаванд.

5. Дар сурати тамдиди мўњлати амали њуљљати иљозатдињї баробар ба додани њуљљати иљозатдињї пардохт ситонида мешавад.



Моддаи 10. Коргузорї дар соњаи додани њуљљатњои иљозатдињї

1. Нисбати њар як шахси њуќуќї ва соњибкори инфиродие, ки барои гирифтани њуљљати иљозатдињї ариза додааст, маќоми иљозатдињанда парванда тартиб дода, барои њар як намуди њуљљати иљозатдињї, пешбурди дафтари баќайдгирии аризањо ва њуљљатњои иљозатдињии додашударо ба роњ мемонад.

2. Дар парванда њамаи њуљљатњое, ки аз тарафи аризадињанда ворид шудаанд, инчунин нусхањои ќарорњо ва амрномањои маќоми иљозатдињанда марбут ба аризадињанда нигоњ дошта мешаванд.

3. Дар дафтари баќайдгирии аризањо ва њуљљатњои иљозатдињии додашуда маълумот оид ба аризадињанда, санаи ворид шудани њуљљат, сана ва раќами ќарорњои ќабулнамудаи маќоми иљозатдињанда, санаи додани њуљљати иљозатдињї ва имзои шахси масъул ва шахсе, ки њуљљати иљозатдињї гирифтааст, сабт карда мешаванд.

4. Маќоми иљозатдињанда фењристи њуљљатњои иљозатдињии додашударо тањия менамояд ва пеш мебарад.

5. Дар фењристи њуљљатњои иљозатдињї маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

- маълумот оид ба аризадињанда (номи шахси њуќуќї, барои соњибкори инфиродї - насаб, ном ва номи падар);

- намуди њуљљати иљозатдињї;

- сана ва раќами ќарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани њуљљати иљозатдињї;

- силсила, раќам ва санаи додани њуљљати иљозатдињї;

- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он, додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї;

- асос, сана ва раќами ќарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартараф кардани вайронкунии шартњои њуљљати иљозатдињї;

- асос, сана ва раќами ќарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барќарор кардани амали њуљљати иљозатдињї;

- асос, сана ва раќами ќарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани њуљљати иљозатдињї;

- асос, сана ва раќами ќарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи ќатъ намудани њуљљати иљозатдињї.

6. Иттилооти дар фењристи њуљљатњои иљозатдињї мављудбуда ошкоро ва дастрас мебошад.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет