Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


БОБИ 2. ПРИНСИПЊОИ ТАНЗИМИ НИЗОМИ ИЉОЗАТДИЊЇ



жүктеу 7.62 Mb.
бет7/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   42

БОБИ 2. ПРИНСИПЊОИ ТАНЗИМИ НИЗОМИ ИЉОЗАТДИЊЇ

Моддаи 11. Принсипњои асосии низоми иљозатдињї

1. Принсипњои асосии низоми иљозатдињии Љумњурии Тољикистон аз инњо иборат мебошанд:

- шаффофияти ќабули ќарорњо, танзимкунї ва пешбинишаванда будани љараёни додани њуљљатњои иљозатдињї;

- муќаррар намудани тартиби ягонаи додани њуљљатњои иљозатдињї;

- масъулияти изњоршуда;

- равзанаи ягона;

- маъќулдонии худ аз худ;

- мутаносибии манфиатњои љомеа ва њуќуќњои субъектњои фаъолияти соњибкорї њангоми муќаррар намудани зарурати пешбурди њуљљати иљозатдињї;

- арзёбии таъсири танзимкунанда дар њолати љорї кардани намудњои нави њуљљатњои иљозатдињї.

2. Њама гуна шубња, ихтилофот ва нофањмињо дар санадњои меъёрии њуќуќї, ки бо низоми иљозатдињї алоќаманд мебошанд, ба манфиати субъекти фаъолияти соњибкорї шарњ дода мешаванд.


Моддаи 12. Шаффофияти ќабули ќарорњо, танзимкунї ва пешбинишаванда будани љараёни додани њуљљатњои иљозатдињї

1. Маќомоти иљозатдињанда ўњдадоранд, ки дар бораи лоињањои санадњои меъёрии њуќуќї оид ба низоми иљозатдињї иттилоъ дињанд ва шаффофияти фаъолияти худро рољеъ ба ќабули ќарорњо бо роњи љалб намудани субъектњои фаъолияти соњибкорї дар љараёни тањияи санадњои меъёрии њуќуќї ва ќабули ќарорњо оид ба низоми иљозатдињї таъмин намоянд.

2. Маќомоти иљозатдињанда шаффофияти танзими низоми иљозатдињиро тавассути дастрасии озод ба тањияи лоињањои санадњои меъёрии њуќукї ва интишори онњо тибќи Ќонуни мазкур таъмин менамоянд.

3. Маълумот оид ба њуљљатњои иљозатдињї ба Фењристи ягонаи давлатии электронии њуљљатњои иљозатдињї (минбаъдФењристи электронї) баъди интишори онњо дар нашрияњои расмї ворид карда мешаванд.

4. Дастрасї ба Фењристи электронї ройгон буда, аз тариќи шабакаи интернет амалї карда мешавад.
Моддаи 13. Тартиби ягонаи додани

њуљљатњои иљозатдињї

1. Тартиби ягонаи додани њуљљатњои иљозатдињї бо Ќонуни мазкур муќаррар гардида, аз инњо иборат мебошад:

- пардохти маблаѓи баррасии ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї;

- муайян будани маќсади гирифтани њуљљати иљозатдињї;

- риояи тартиби пешнињоди ариза ва баррасии он;

- пурра будани номгўи њуљљатњое, ки барои гирифтани њуљљати иљозатдињї зарур мебошанд;

- асосноккунии сабаби рад намудан аз додани њуљљати иљозатдињї;

- дар њолатњои зарурї додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї;

- сари ваќт азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї;

- асосноккунии боздоштан, барќарор намудан, бекор кардан ва ќатъ намудани амали њуљљати иљозатдињї;

2. Маќомоти иљозатдињанда наметавонанд тартиби дигари додани њуљљатњои иљозатдињиро муќаррар намоянд.
Моддаи 14. Масъулияти изњоршуда

1. Барои гирифтани њуљљати иљозатдињї роњбари шахси њуќуќї ё шахси ваколатдорнамудаи ў ё соњибкори инфиродї ба маќоми иљозатдињандаи дахл-дор шахсан, бо мактуби фармоишї ё ба воситаи почтаи электронї (дар шакли њуљљати электронї бо имзои раќамї) аризаи имзошударо пешнињод менамояд, ки тибќи он аризадињанда барои риоя кардани шартњои њуљљати иљозатдињї њангоми амалї намудани фаъолияти соњибкорї ва барои эътимоднок будани њуљљатњои пешнињодгардида масъулиятро ба дўш мегирад.

2. Принсипи масъулияти изњоршуда њангоми додани њуљљатњои иљозатдињие, ки сархатњои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатњои дуюм, сеюм ва чоруми банди 4, сархатњои якум, дуюм, сеюм, чорум, панљум ва њафтуми банди 5, банди 6, сархати якуми банди 7, сархатњои якум, дуюм, сеюм ва чоруми банди 8, сархатњои дуюм ва сеюми банди 9, бандњои 10-12, 14-19, сархатњои дуюм, сеюм, чорум ва шашуми банди 21 ва банди 22 моддаи 29 Ќонуни мазкур муќаррар намудаанд, татбиќ намегардад.
Моддаи 15. Равзанаи ягона

1. Маќомоти давлатї тибќи дархости маќомоти иљозатдињанда барои пешнињоди мутаќобилаи иттилоот бо роњи таъмин намудани дастрасї ба захирањои иттилоотии давлатии мувофиќ масъул мебошанд.

2. Маќомоти давлатї ўњдадоранд тибќи дархости маќомоти иљозатдињанда њуљљатњои дархостшаванда ва иттилоотро дар њомили коѓазї ё дар шакли электронї, ки бо имзои раќамї тасдиќ шудааст, дар мўњлати панљ рўз баъди гирифтани дархости дахлдор пешнињод намоянд.

3. Агар маќомоти давлатї ба дархости маќомоти иљозатдињанда ё дигар маќомоти њокимияти давлатї дар мўњлатњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур љавоб надињанд ё дастрасї ба захирањои иттилоотиро таъмин накунанд, њуљљатњо ва иттилооти дахлдор мувофиќашуда ё тасдиќшуда њисобида мешаванд.


Моддаи 16. Маъќулдонии худ аз худ

1. Њуљљати иљозатдињї додашуда ё вобаста ба њолатњо мўњлати амали он тамдидшуда њисобида мешавад, агар маќоми иљозатдињанда дар мўњлати дар Ќонуни мазкур пешбинигардида оид ба додан ё тамдид намудани мўњлати амали њуљљати иљозатдињии дахлдор ба аризадињанда љавоб надода бошад.

2. Пас аз гузаштани мўњлати муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур барои додани њуљљати иљозатдињї ва дар сурати набудани огоњиномаи хаттї аз љониби маќоми иљозатдињанда, аризадињанда метавонад ба фаъолияте, ки барои он њуљљати иљозатдињї дархост намудааст, оѓоз намояд.

3. Расмиёти маъќулдонии худ аз худ нисбат ба њамаи њуљљатњои иљозатдињии аз љониби маќоми иљозатдињанда додашуда татбиќ карда мешавад, ба истиснои њуљљатњои иљозатдињї, ки мувофиќи сархатњои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатњои дуюм ва чоруми банди 4, сархати якуми банди 6, сархати сеюми банди 8, сархати сеюми банди 9, сархатњои якум ва дуюми банди 10, бандњои 12, 17 ва 18, сархатњои чорум ва шашуми банди 21 ва банди 22 моддаи 29 Ќонуни мазкур дода мешаванд.

4. Љавоби манфии маќоми иљозатдињанда, ки дар мўњлати пешбининамудаи Ќонуни мазкур барои додани њуљљати иљозатдињї дода шудааст, ба маъќулдонии худ аз худ баробар карда намешавад.

5. Дар сурати ошкор кардани носањењї дар њуљљатњои пешнињодшуда маќоми иљозатдињанда дар ин хусус аризадињандаро на дертар аз панљ рўзи корї ќабл аз гузаштани мўњлате, ки Ќонуни мазкур барои додани њуљљати иљозатдињии дахлдор пешбинї намудааст, огоњ менамояд.

6. Агар пас аз додани њуљљати иљозатдињие, ки дар асоси он оѓоз намудани соњибкорї ва (ё) пешбурди он иљозат дода мешавад, маќоми иљозатдињанда далели иљро нагардидани ягон шарти муњими барои додани њуљљати иљозатдињї пешбинигардидаро муќаррар намояд, маќоми иљозатдињанда дорандаи њуљљатро дар бораи носањењињои ошкоргардида на дертар аз як моњи баъди гузаштани мўњлате, ки Ќонуни мазкур барои додани њуљљати иљозатдињї пешбинї намудааст, огоњ карда, дар айни њол тартиби бартараф кардани онњо ва мўњлати иљрои ин ўњдадориро муќаррар менамояд. Мўњлати муќарраргардида наметавонад аз сї рўзи таќвимї кам ва аз шаст рўзи таќвимї зиёд бошад.

7. Дар сурати ба вуљуд омадани њолати дар ќисми 1 њамин модда пешбинигардида маќоми иљозатдињанда њуљљати иљозатдињиро дар мўњлати на зиёда аз панљ рўзи пас аз ба охир расидани мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 моддаи 22 Ќонуни мазкур ба расмият медарорад.


Моддаи 17. Мутаносибии манфиатњои љомеа ва субъектњои фаъолияти соњибкорї

1. Муносибати маќомоти иљозатдињанда бо субъектњои фаъолияти соњибкорї ба дараљаи баробар бояд ба таъмини манфиатњои љомеа ва њифзи њуќуќњои соњибкорон мусоидат намояд.

2. Санљиши тартиби татбиќи фаъолияте, ки субъекти фаъолияти соњибкорї дар асоси принсипњои маъќулдонии худ аз худ ва масъулияти изњоршуда амалї менамояд, аз љониби маќомоти иљозатдињанда, ки мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор дар Љумњурии Тољикистон» барои гузаронидани санљишњо ваколатдор карда шудаанд, амалї карда мешавад.
Моддаи 18. Арзёбии таъсири танзимкунї

1. Арзёбии таъсири танзимкунии њуљљати иљозатдињї асосноксозии дар асоси арзёбии харољот ва фоида амалишудаи зарурати љорї намудан ё таѓйир додани њуљљати иљозатдињї ва тањлили оќибатњо барои соњибкорї, аз љумла таъмини риояи њуќуќу манфиатњои соњибкорон ва давлат, њамчунин мутобиќат ба маќсадњои сиёсати танзим ва принсипњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкурро ифода менамояд.

2. Санади арзёбии таъсири танзимкунї љузъи таркибии тавзењнома ба лоињаи санади меъёрии њуќуќии танзимкунандаи низоми иљозатдињї мебошад. Санади арзёбии таъсири танзимкунї зарурати ќабул намудани лоињаи мушаххаси санади меъёрии њуќуќиро муайян мекунад, инчунин љињатњои миќдорї ва сифатии таъсироти асосии (фоида ва харољоти) онро ба љомеа арзёбї менамояд.
БОБИ 3. РАСМИЁТИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ САНАДЊОИ МЕЪЁРИИ ЊУЌУЌИИ МУЌАРРАРКУНАНДА Ё ТАЃЙИРДИЊАНДАИ ЊУЉЉАТЊОИ ИЉОЗАТДИЊЇ
Моддаи 19. Стандартњои сифат барои арзёбии таъсири танзимкунии санадњои меъёрии њуќуќие, ки њуљљатњои иљозатдињиро муќаррар менамоянд ё таѓйир медињанд

Санадњои меъёрии њуќуќие, ки њуљљатњои иљозатдињиро муќаррар менамоянд ё таѓйир медињанд, бояд ба стандартњои зерини сифат мутобиќат кунанд:

1) Устуворї: њуљљатњои иљозатдињї бояд ба принсипњои бозорї асос ёбанд ва ба талаботњои пешгўишавандагї, шаффофияти ќабули ќарорњо ва танзимкунї љавобгўй бошанд. Њуљљатњои иљозатдињие, ки нисбати баќайдгирї, амалї намудан ва барњамдињии фаъолияти соњибкорї, раќобати озод, савдо ва сармоягузорї мањдудиятњо муќаррар менамоянд, бояд аз нуќтаи назари њифзи манфиатњои љомеа асоснок карда шуда бошанд;

2) Самаранокии харољот: њуљљатњои иљозатдињї бояд њалли камхарљтари вазифаи даќиќ муайяншударо пешнињод намоянд;

3) Фасењї ва самаранокї: њуљљатњои иљозатдињї нишондињандањоеро муќаррар менамоянд, ки онњо бояд аз љониби шахсоне ба даст оварда шаванд, ки ба онњо дахл мекунанд ва наметавонанд тавассути љорї намудани технология ва усулњое, ки барои ба муваффаќият ноил гардидан зарур мебошанд, далелнок шарњ дода шаванд;

4) Мутаносибї: санадњои меъёрии њуќуќї бояд ба таври баробар ба таъмини манфиатњои љомеа ва њифзи њуќуќњои соњибкорон мусоидат намоянд.


Моддаи 20. Арзёбии таъсири танзимкунии њуљљатњои иљозатдињї

1. Њар як маќоми давлатї то тањияи лоињаи санади меъёрии њуќуќие, ки њуљљати иљозатдињиро муќаррар менамояд ё таѓйир медињад, арзёбии таъсири танзимкуниро амалї менамояд, ки аз инњо иборат мебошад:

1) Муайян намудани масъала (проблема). Арзёбии таъсири танзимкунї масъалаеро муайян мекунад, ки онро њал кардан зарур аст, инчунин натиљањои имконпазири танзим аз љониби давлатро муќаррар менамояд. Муайянкунии масъала бояд унсурњои зеринро дар бар гирад:

- љузъиёти њуќуќї, ки тартиби ба ваколати маќоми идоракунї мансуб донистани масъаларо барои танзимкунии давлатї нишон медињад;

- љузъиёти тањлилї, ки сабаби ба вуљуд омадани масъаларо шарњ медињад ва ањамиятнокии онро муайян менамояд;

- арзёбии оќибатњои эњтимолї дар сурате, ки амалњои дигар анљом дода нашаванд;

- муайян намудани њадафњои амалњои давлат.

2) Харољот ва фоидаи асосї манфиатњои асосии дахолати давлатї. Арзёбии таъсири танзимкунї нишондињандањои сифатї ва миќдории оќибатњои асосии имконпазири дахолати давлатиро муќаррар менамояд:

- оќибатњои манфї ё харољот дар натиљаи дахолати давлатї;

- оќибатњои мусбат ё фоида дар натиљаи дахолати давлатї;

- камбудињои асосии таъсири имконпазири дахолати давлатї.

3) Арзёбии роњњои алтернативї. Арзёбии таъсири танзимкунї на камтар аз ду роњи алтернативиро, ки барои њалли масъала ба инобат гирифта мешаванд, пешнињод менамояд. Яке аз роњњои њатмии алтернативї ягон чора наандешидан мебошад. Алтернативањои дигар бояд аз инњо бар оянд:

- мутобиќ гардонидани њуљљати иљозатдињии амалкунанда;

- иваз намудани механизми љории њуљљати иљозатдињии амалкунанда;

- тадбирњои иттилоотї ва маърифатї;

- танзими инфиродї;

- танзими инфиродї ё танзим аз љониби тарафи сеюм;

- фишангњои бозорї, аз љумла бољњо.

4) Баргузор намудани муњокима. Арзёбии таъсири танзимкунї тарафњои манфиатдори асосиеро, ки танзим метавонад ба онњо дахл кунад, муайян менамояд ва тартиби анљомдињии раванди муњокима ва мувофиќасозї бо ин тарафњоро тавзењ медињад. Ин намуди тањлил эњтиёљоти асосиро ба маълумот ва чї тавр ба ќонеъ гардонидани эњтиёљоти дахлдор мусоидат намудани муњокимањоро муќаррар менамояд.

5) Тавсияњо. Тањиягари арзёбии таъсири танзимкунї андешидани тадбирњои муайянеро, ки дар заминаи меъёрњои дар моддаи 21 Ќонуни мазкур пешбинигардида асоснок карда шудаанд, тавсия медињад.

6) Њисобот оид ба арзёбии анљомдодашудаи таъсири танзимкунї ва тавсияњо. Њисоботи таъсири танзимкунї аз љониби тањиякунандаи лоињаи санади меъёрии њуќуќї пешнињод карда мешавад ва инњоро дар бар мегирад:

- тавсифи раванди муњокимаи тарафњои манфиатдор;

- љамъбасткунии роњњои алтернативї;

- љадвали тањлилии мулоњизањо, шарњу эзоњот ва пешнињодњое, ки дар марњилаи тањияи арзёбии таъсири танзимкунї ворид карда шудаанд;

- ќарор оид ба баррасии лоињаи санади меъёрии њуќуќї бе тањлили иловагї, ќабул бе тањлили пешакии тањияи лоињаи санади меъёрии њуќуќї;

- гузаронидани тањлили муфассали зарурати лоиња дар асоси тањлили нињоии оќибатњои танзимкунї.

2. Арзёбии таъсири танзимкунї барои таљдиди назар гардидан аз љониби маќоми давлатї ва барои муњокимаи љамъиятї пешнињод карда мешавад. Мўњлати баррасї ва додани хулоса сї рўзро ташкил медињад.

3. Маќоми давлатї лоињаи санади меъёрии њуќуќиро тањия ва арзёбии нињоии таъсири танзимкуниро ба он замима менамояд.

4. Маќоми давлатї лоињаи санади меъёрии њуќуќї ва арзёбии нињоии таъсири танзимкуниро мутобиќи хулосањои гирифташуда ва муњокимаи љамъиятї такмил медињад ва љадвали ихтилофотро тањия менамояд.
БОБИ 4.РАСМИЁТИ ДОДАНИ ЊУЉЉАТИ ИЉОЗАТДИЊЇ
Моддаи 21. Пешнињоди ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї

1. Барои гирифтани њуљљати иљозатдињї аризадињанда ё шахсони ваколатдори ў аризаи имзошудаи намунааш аз љониби маќоми иљозатдињанда муќарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоишї ё ба воситаи почтаи электронї (дар шакли њуљљати электронї бо имзои раќамї), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба маќоми дахлдор пешнињод менамояд:

- ном, шакли ташкилию њуќуќї, суроѓаи љойгиршавї ва раќами ягонаи мушаххаси шахси њуќуќї ё ному насаб, суроѓа ва раќами ягонаи мушаххаси соњибкори инфиродї;

- фаъолият ё амале, ки барои амалї намудани он аризадињанда мехоњад њуљљати иљозатдињї гирад;

- аз љониби аризадињанда ба зиммаи худ гирифтани масъулият барои риоя намудани шартњои иљозатдињии њуљљати иљозатдињї њангоми амалї намудани фаъолият ва барои эътимоднокии њуљљатњои пешнињодшуда.

2. Ба ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї нусхаи њуљљате, ки баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродиро тасдиќ мекунад, замима карда мешавад. Ба њуљљатњо метавонанд нусхањо дар шакли электронї њамроњ карда шаванд.

3. Њуљљати иљозатдињї дар асоси њуљљатњои муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур дода мешавад. Талаб кардани њуљљатњои дигар аз љониби маќоми иљозатдињанда манъ аст.

4. Њуљљатњо дар шакли нусха пешнињод карда мешаванд. Маълумоте, ки дар њуљљат ва иттилооти пешнињодгардида зикр ёфтааст тибќи расмиёти равзанаи ягона санљида мешаванд.

5. Аризае, ки барои гирифтани њуљљати иљозатдињї пешнињод мегардад ва њуљљатњои ба он замимагардида аз рўи номгўй ба ќайд гирифта мешаванд. Нусхаи номгўйи мазкур, ки бо имзои шахси масъули маќоми иљозатдињанда бо сабти санаи баќайдгирии ариза тасдиќ карда шудааст, ба аризадињанда фиристода (супурда) мешавад.

6. Ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї дар њолатњои зерин ба ќайд гирифта намешавад:

- имзо шудан аз љониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;

- агар њуљљатњо бе риояи талаботи моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда бошанд.

7. Дар бораи рад кардани баќайдгирии ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї аризадињанда шахсан, бо мактуби фармоишї ё ба воситаи почтаи электронї (дар шакли њуљљати электронї бо имзои раќамї) дар мўњлати на бештар аз се рўзи кории пас аз рўзи мурољиат намудан, бо нишондоди асос барои рад намудани баќайдгирии ариза огоњонида мешавад.

8. Баъди бартараф намудани камбудињое, ки боиси рад кардани баќайдгирии ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї гардидаанд, аризадињанда метавонад аризаи нав пешнињод кунад ва он бояд тибќи тартиби муќарраргардида баррасї карда шавад.


Моддаи 22. Ќарор дар бораи додани њуљљати иљозатдињї ё дар бораи рад кардани ариза барои

гирифтани он

1. Маќоми иљозатдињанда дар асоси ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї ва њуљљатњои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани њуљљати иљозатдињї дар мўњлати на бештар аз дањ рўзи корї аз рўзи баќайдгирии он ќарор ќабул менамояд.

2. Иттилоъ оид ба ќабули ќарор дар бораи додани њуљљати иљозатдињї ба аризадињанда на дертар аз рўзи кории ояндаи баъди ќабули ќарор дода мешавад.

3. Агар аризадињанда дар муддати сї рўзи баъди ба ў фиристодани (супурдани) огоњинома дар бораи ќабули ќарор оид ба додани њуљљати иљозатдињї бе сабабњои узрнок барои гирифтани њуљљати иљозатдињии барасмиятдаровардашуда мурољиат накарда бошад, маќоми иљозатдињанда њуќуќ дорад ќарор дар бораи додани њуљљати иљозатдињиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он ќарор ќабул намояд.

4. Њуљљати иљозатдињї дар он сурат додашуда эътироф мегардад, ки агар маќоми иљозатдињанда дар мўњлати муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур ба аризадињанда љавоб надода бошад. Баъди гузаштани мўњлате, ки барои огоњонидан дар бораи рад гардидани баќайдгирии ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї, дар бораи рад гардидани он ё дар бораи ќабули ќарор оид ба додани њуљљати иљозатдињї муќаррар карда шудааст, ба шарти вуљуд надоштани огоњиномаи хаттї дар бораи сабабњои рад гардидани баќайдгирии ариза барои гирифтани њуљљати иљозатдињї ва (ё) рад кардани он аризадињанда метавонад фаъолиятеро, ки барои он њуљљати иљозатдињї дархост карда буд, тибќи принсипи маъќулдонии худ аз худ амалї намояд.

5. Дар сурати ба вуљуд омадани њолати маъќулдонии худ аз худ маќоми иљозатдињанда ўњдадор аст њуљљати иљозатдињиро дар мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда пешнињод намояд.


Моддаи 23. Рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї

1. Асосњои рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї аз инњо иборат мебошанд:

- аз љониби аризадињанда дар њаљми пурра пешнињод нагардидани њуљљатњо;

- ошкор гардидани маълумоти носањењ дар њуљљатњое, ки аризадињанда пешнињод намудааст;

- хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натиљањои тадќиќот, муоинањо ё дигар арзёбињои илмї ва техникї дар сурате, ки гузаронидани онњо њатмї бошанд.

2. Рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї бо асосњои дигаре, ки Ќонуни мазкур муќаррар накардааст, манъ аст.

3. Дар огоњиномаи хаттї дар бораи рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї бояд сабабњои рад кардан ва мўњлате, ки дар давоми он аризадињанда сабабњои дар сархатњои якум ва дуюми ќисми 1 њамин модда зикргардидаро бартараф карда, метавонад њуљљатњоро барои баррасии такрорї пешнињод намояд, зикр карда шаванд. Мўњлате, ки дар давоми он аризадињанда метавонад камбудињои ошкоршударо бартараф намояд ва њуљљатњоро барои баррасии такрорї пешнињод кунад, наметавонад камтар аз дањ рўзи корї аз рўзи гирифтани огоњиномаи хаттї дар бораи рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї бошад.

4. Дар сурати аз љониби аризадињанда бартараф шудани камбудињое, ки барои рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї дар мўњлати муќарраргардида асос шудаанд, баррасии такрории њуљљатњо аз љониби маќоми иљозатдињанда дар мўњлати на зиёда аз се рўзи кории баъди рўзи гирифтани ариза оид ба бартараф кардани сабабњои рад кардан ва њуљљатњои дахлдори тасдиќкунандаи бартараф кардани сабабњои рад кардан амалї карда мешавад.

5. Њангоми баррасии такрории њуљљатњо аз љониби маќоми иљозатдињанда овардани он сабабњое, ки пештар дар шакли хаттї ба аризадињанда баён нашуда буданд, мумкин нест, ба истиснои овардани сабабњои рад кардане, ки бо њуљљатњои тасдиќкунандаи бартараф гардидани сабабњои пештар зикргардида алоќаманд мебошанд.

6. Барои такроран баррасї кардани ариза бољ ситонида намешавад.

7. Аризае, ки баъди гузаштани мўњлати дар огоњинома оид ба рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї зикргардида пешнињод шудааст, аз нав пешнињодгардида њисобида мешавад ва аз љониби маќоми иљозатдињанда бо тартиби умумї баррасї карда мешавад.

8. Шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї њуќуќ дорад тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нисбати ќарори маќоми иљозатдињанда дар бораи рад кардан аз додани њуљљати иљозатдињї, инчунин аз амалњои (беамалии) шахси мансабдори маќоми иљозатдињанда шикоят пешнињод намояд.



Моддаи 24. Азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї

1. Дар сурати азнавташкилдињии шахси њуќуќї, таѓйир ёфтани номи он ё макони љойгиршавї (суроѓаи почтавї) шахси њуќуќї ё вориси њуќуќии он ўњдадор аст дар мўњлати њафт рўзи кории баъди гузаштани расмиёти баќайдгирии давлатї бо сабаби азнавташкилдињї, таѓйир ёфтани номи он ё макони љойгиршавї (суроѓаи почтавї) ба маќоми иљозат­дињанда ариза дар бораи аз нав барасмиятдарориро бо замима намудани њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумотњои зикргардида, нусхаи шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатї, нусхаи огоњинома дар бораи таѓйир ёфтани макони љойгиршавї, ки ба маќоми баќайдгирї фиристода мешаванд, пешнињод намояд.

2. Дар сурати таѓйир ёфтани ному насаб ё љойи истиќомати худ, соњибкори инфиродї ўњдадор аст дар мўњлати њафт рўзи кории баъди ворид кардани таѓйироти дахлдор ба маќоми иљозатдињанда ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозат­дињиро бо замима намудани њуљљатњои тасдиќ­кунандаи маълумоти зикргардида пешнињод намояд.

3. Аризадињанда њуљљатњоро ба маќоми иљозат­дињанда тавассути мактуби фармоишї ё ба воситаи почтаи электронї, факс, шахсан ё бо воситаи дигаре, ки муайян кардани аризадињанда ва санаи аз љониби маќоми иљозатдињанда гирифтани њуљљатњоро имконпазир мегардонад, ирсол менамояд.

4. То азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї шахси њуќуќї ё вориси њуќуќии он ё соњибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї ариза пешнињод намудааст, амалњо ва (ё) фаъолияти дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешнињоднамуда дар хусуси азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї бо ќайди маќоми иљозатдињанда оид ба санаи ќабули ариза иљро мекунад ё амалї менамояд.

5. Њангоми азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї маќоми иљозатдињанда ба фењристи њуљљатњои иљозатдињии додашуда таѓйироти дахлдор ворид менамояд.

6. Азнавбарасмиятдарорї ва додани њуљљати иљозатдињї дар мўњлати на бештар аз панљ рўзи кории баъди рўзи аз љониби маќоми иљозатдињанда гирифтани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї бо замимаи њуљљатњои дахлдор ва њуљљате, ки ворид намудани пардохт барои азнавбаќайдгирии њуљљати иљозатдињиро тасдиќ мекунад, анљом дода мешаванд.

7. Барои азнавбарасмиятдарории њуљљати иљозатдињї баробар ба чоряки маблаѓе, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин њуљљати иљозатдињї дар санаи супурдани ариза дар бораи азнав­барасмиятдарорї пардохта мешавад, маблаѓ ситонида мешавад.

8. Аз аризадињанда талаб кардани пешнињоди њуљљатњои дигаре, ки дар њамин модда пешбинї нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 25. Додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї

1. Дар сурати гум ё фарсудашавии њуљљати иљозатдињї дар асоси аризаи шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї дода мешавад.

2. Маќоми ваколатдори давлатии иљозатдињанда ўњдадор аст нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињиро дар мўњлати на бештар аз панљ рўзи кории баъди рўзи гирифтани ариза, нусхаи аслии њуљљати иљозатдињиро дар сурати фарсудашавї ва њуљљати тасдиќкунандаи аз љониби аризадињанда ворид карда шудани пардохтро барои додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї дињад (фирис-тонад).

3. Барои додани нусхаи дуюми (дубликати) њуљљати иљозатдињї баробар ба чоряки маблаѓи муќарраршуда дар санаи пешнињод намудани ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат) пардохт ситонида мешавад.

4. Аз аризадињанда талаб кардани њуљљатњои дигаре, ки дар њамин модда пешбинї нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 26. Боздоштани амали њуљљати иљозатдињї

1. Амали њуљљати иљозатдињї метавонад дар њолатњои зерин боздошта шавад:

- ошкор гардидани вайронкунии талаботи Ќонуни мазкур аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї;

- аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї иљро нашудани ќарорњое, ки тибќи тартиби муќарраргардида ќабул шудаанд ва онњоро барои бартараф намудани вайронкунињои ошкоргардида ўњдадор мекунанд.

2. Маќоми иљозатдињанда амали њуљљати иљозатдињиро ба мўњлати на бештар аз дањ рўзи корї боз медорад. Боздоштани амали њуљљати иљозатдињї ба мўњлати бештар аз дањ рўзи корї аз љониби суд дар асоси аризаи маќоми иљозатдињанда амалї мегардад.

3. Ќарори маќоми иљозатдињанда оид ба боздоштани амали њуљљати иљозатдињї дар шакли хаттї (аз тариќи факс, почтаи электронї) на дертар аз се рўзи кории баъд аз ќабули он ба шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї расонида мешавад.

4. Маќоми иљозатдињанда ўњдадор аст мўњлати бартараф намудани вайронкунињоеро, ки боиси боздоштани амали њуљљати иљозатдињї гардидаанд, муќаррар намояд. Мўњлати бартараф намудани камбудињое, ки боиси боздоштани амали њуљљати иљозатдињї гардидаанд, наметавонад аз дањ рўзи кории баъди рўзи аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї гирифта шудани ќарор дар бораи боздоштани амали њуљљати иљозатдињї камтар бошад.

5. Дар сурати бартараф кардани њолатњое, ки боиси боздоштани амали њуљљати иљозатдињї гардидаанд, маќоми иљозатдињанда дар бораи боздоштани амали њуљљати иљозатдињї ќарор ќабул кардааст, ўњдадор аст дар мўњлати се рўзи кории баъди рўзи гирифтани тасдиќнома оид ба бартараф кардани њолатњои зикргардида дар бораи барќарор намудани амали њуљљати иљозатдињї ќарор ќабул кунад.

6. Нисбат ба ќарори маќоми иљозатдињанда дар бораи боздоштани амали њуљљати иљозатдињї тибќи тартиби муќарраргардида шикоят пешнињод кардан мумкин аст.

7. Дар сурати аз љониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштани амали њуљљати иљозатдињї маќоми иљозатдињанда дар назди шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дар њаљми зарари ба онњо расонидашуда љавобгар мебошад. Зимнан аз лањзаи аз љониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштан, амали њуљљати иљозатдињї барќароршуда њисобида мешавад.




Достарыңызбен бөлісу:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет