Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї


Моддаи 27. Ќатъ гардидани амали њуљљати иљозатдињї



жүктеу 7.62 Mb.
бет8/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   42

Моддаи 27. Ќатъ гардидани амали њуљљати иљозатдињї

1. Амали њуљљати иљозатдињї дар њолатњои зерин ќатъ мегардад:

- мурољиат намудани шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї бо ариза дар бораи ќатъи амали њуљљати иљозатдињї;

- барњамдињии шахси њуќуќї - аз лањзаи барњамдињї ё ќатъ гардидани фаъолияти он дар натиљаи азнавташкилдињї, ба истиснои табдилдињии он;

- ќатъ гардидани амали шањодатнома ё патент дар бораи баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї;

- вафот кардан, аз тарафи суд тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мањдуд кардани ќобилияти амал, ѓайри ќобили амал эътироф кардан ё бедарак ѓоибшуда эътироф карда шудани субъекти фаъолияти соњибкорї – шахси воќеї;

- мунтазам (ду маротиба ё зиёда аз он ) аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї вайрон кардани талаботи Ќонуни мазкур дар давоми як сол, ки боиси вайрон гаштани њуќуќ, расонидани зиён, манфиатњои ќонунии шахсони воќеї ва њуќуќї, њаёт ва саломатии шањрвандон, амнияти љамъиятї ва зарар ба муњити зист шуда бошанд;

- аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дар мўњлати муќаррарнамудаи маќоми иљозатдињанда ё суд бартараф нагардидани њолатњое, ки боиси боздоштани амали њуљљати иљозатдињї шудаанд;

- ќатъ гардидани фаъолият ё амале, ки барои анљом додани он њуљљати иљозатдињї дода шудааст.

2. Бо фаро расидани њолатњое, ки дар сархатњои дуюм, сеюм, чорум ва њафтуми ќисми 1 њамин модда зикр гардидаанд, амали њуљљати иљозатдињї ќатъгардида њисобида мешавад.

3. Амали њуљљати иљозатдињї аз љониби маќоми иљозатдињанда дар њолатњое, ки дар сархати якуми ќисми 1 њамин модда зикр гардидаанд, аз љониби суд – дар њолатњое, ки дар сархатњои панљум ва шашуми ќисми 1 њамин модда зикр гардидаанд, ќатъ карда мешавад.

4. Ќарори маќоми иљозатдињанда дар бораи ќатъ намудани амали њуљљати иљозатдињї дар шакли хаттї на дертар аз се рўзи баъди рўзи ќабул гардидани он ба маълумоти шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї расонида мешавад. Дар муддати дањ рўзи баъди рўзи гирифтани ќарор дар бораи ќатъ кардани амали њуљљати иљозатдињї он бояд ба маќоми иљозатдињанда баргардонида шавад.

5. Оид ба ќарори маќоми иљозатдињанда дар бораи ќатъ кардани амали њуљљати иљозатдињї тибќи тартиби муќарраргардида шикоят кардан мумкин аст.

6. Дар сурати аз љониби суд эътироф гардидани беасосии ќатъ гардидани амали њуљљати иљозатдињї маќоми иљозатдињанда дар назди шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дар њаљми зарари ба онњо расонидашуда љавобгар мебошад. Зимнан аз лањзаи аз љониби суд эътироф гардидани беасосии ќатъ гардидани амали њуљљати иљозатдињї, он барќароршуда њисобида мешавад.


Моддаи 28. Бекор кардани њуљљати иљозатдињї

1. Њуљљати иљозатдињї дар њолатњои зерин бекор карда мешавад:

- дар асоси аризаи шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї – аз љониби маќоми иљозатдињї;

- дар њолати муќаррар намудани ѓайриќонунї будани ќарори маќоми иљозатдињанда оид ба додани њуљљати иљозатдињї ва муќаррар гардидани њолати гирифтани њуљљати иљозатдињї бо пешнињоди њуљљатњои ќалбакї – аз љониби маќомоти судї.

2. Дар муддати дањ рўзи баъди рўзи аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї гирифтани ќарори суд дар бораи бекор кардани њуљљати иљозатдињї, бояд он ба маќоми иљозатдињанда баргардонида шавад.

3. Ќарори суд дар бораи бекор кардани њуљљати иљозатдињї аз рўзи додани он амал мекунад.

4. Оид ба ќарори суд дар бораи бекор кардани њуљљати иљозатдињї тибќи тартиби муќарраргардида шикоят кардан мумкин аст.

5. Дар њолати боздоштан ва ё ќатъ гардидани њуљљати иљозатдињї маќоми иљозатдињанда ё суд њуќуќ доранд оид ба ќарори ќабулшуда дар воситањои ахбори омма маълумот нашр намоянд.


БОБИ 5. МАЌОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ

ДАВЛАТИИ ИЉОЗАТДИЊАНДА ВА НОМГЎИ ЊУЉЉАТЊОИ ИЉОЗАТДИЊЇ
Моддаи 29. Маќомоти ваколатдори давлатии иљозатдињанда ва номгўи њуљљатњои иљозатдињї

Аз љониби маќомоти иљозатдињандаи ваколатдори давлатї њуљљатњои зерин барои анљомдињии фаъолияти муайян дода мешаванд:

1. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи таъмини назорати фитосанитарї ва карантини растанї:

- иљозати воридоти карантинї;

- санади назорати фитосанитарии наќлиёт;

- сертификати фитосанитарї.

2. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи байторї:

- сертификати мутобиќати маводи фармасевтии байторї;

- аттестати байторию санитарии шароити истењсолот;

- сертификати байтории №5 (a, b, c, d, e, f);

- шањодатномаи байтории шакли 1, 2, 3.

3. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи назорати санитарию эпидемиологї:

- хулосаи санитарию эпидемиологї;

- мувофиќакунонии усулњои нобудсозии пеститсидњо ва химикатњои мўњлати истифода­бариашон гузашта ва иљозати истифодабарї надошта;

- мувофиќакунонии таѓйирдињии соњаи фаъолияти объектњои аз љињати экологї зарарнок;

- мувофиќакунонии лоињањои биноњои ќабул ва нигоњдории пораву партовњои металлњои сиёњ ва ранга (нуќтањои ќабул) ва таљњизоти он.

4. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи фармасевтї:

- шањодатномаи аккредитатсияи субъектњои соњибкории фармасевтї, аз љумла намояндагињои тиббии ташкилотњои фармасевтии хориљии ба фаъолияти фармасевтї машѓулбуда;

- рухсатнома барои гузаронидани озмоишњои воситањои клиникї;

- рухсатнома барои воридот ва содироти маводи доруворї ва молњои тиббї;

- шањодатномаи баќайдгирии маводи доруворї;

- шањодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњои дар соњаи тиббї истифодашаванда.

5. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи њифзи муњити зист:

- иљозат барои партофтани моддањои зараровар ба атмосфера;

- иљозати истифодабарии махсуси об;

- иљозат барои истифодабарии объекти олами њайвонот ва наботот;

- иљозат барои истифодабарии љангал;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологї;

- шањодатномаи тахассусии аудитори экологї; (ќљт. 03.07.2012, №836)

- иљозат барои воридот ва содироти партовњо барои истифодабарии такрорї;

- иљозат барои бамеъёрдарории истењсол, истифодабарї, нобудсозї ва љойгир кардани партовњо.

6. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи заминсозї:

- сертификати њуќуќи истифодабарии замин барои хољагињои дењќонї (фермерї);

- иљозат барои истифодабарии системањои моњворавии мавќеъмуайянкунї (GPS);

- иљозат барои вайрон кардан ва барќароркунии нуќтањои нобудшудаи пойгоњњои шабакаи марзкашї ва аломатњои марзї;

- иљозат барои кўчонидани аломатњои беруна ё аз нав поягузорї кардани марказњои нуќтањои геодезї.

7. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молия:

- шањодатнома барои гузаронидани бозињои лоторея;

- шањодатнома барои сохтани маснуоти заргарї, дандонњо аз металлњои ќиматбањо;

- аттестати тахассусї барои њуќуќи амалї намудани фаъолияти аудиторї.

8. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи алоќа:

- иљозат барои истифодабарии захирањои раќамгузорї дар соњаи алоќаи барќї;

- иљозат барои истифодабарии радиобасомадњо;

- иљозат барои насб ва истифодабарии воситањои радиоэлектронї ва дастгоњњои дорои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудї доранд ё манбаи мављњои электромагнитї мебошанд;

- сертификати мутобиќати њатмии таљњизот дар соњаи алоќаи барќї;

- баќайдгирии шартномањои пайвастшавии байнишабакавї.

9. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи назорати давлатии кўњкорї:

- шањодатномаи баќайдгирии иншооти истењсолии хатарнок дар фењристи давлатї;

- иљозат барои иљрои корњои таркишї;

- иљозат барои пайваст намудани таљњизоти газї дар наќлиёти автомобилї;

- шањодатнома барои истифодабарии анборњои маводи тарканда;

- шањодатнома барои харидани маводи тарканда;

- супориши лоињасозї оид ба иншооти кўњии истењсолї;

- мувофиќакунии лоињаи коркарди конњои канданињои фоиданок.

10. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи энергетика:

- иљозат барои пайвастшавии истифодабарандагон ба хатњои барќї;

- хулосаи техникї барои гирифтани сертификати мањсулоти энергетикї;

- хулосаи техникї барои гирифтани иљозат ва шартњои техникї барои амалї намудани фаъолият дар соњаи энергетика.

11. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи наќлиёт:

- мувофиќакунии таъмири фарши роњ ва дигар иншооти мелиоративию гидротехникї якљоя бо роњњои истифодаи умум;

- мувофиќакунии ташкили корњои ченкунї ва банаворгирии зери пулњо ва соњилњои дарёњо;

- хулоса барои иљро намудани корњо тибќи лоињањои вобаста ба сохтмон ё таљдиди роњњои автомобилгард;

- мувофиќакунии иљроиши корњо оид ба амалї намудани азнавсозии хатњои истифодашавандаи алоќа ва интиќоли барќи истифодашавандаи канори роњ ва нишебии пуштањо ё чуќурии роњњо;

- мувофиќакунии убури роњњои автомобилгард бо каналњо, хатњои алоќа, интиќоли барќ, лўлањои нафт, газ, об ва роњњои оњан, таљњизоти пайвастшавї ва воридшавї;

- мувофиќакунии чуќуртар кардани маљрои дарёњо ва обанборњо дар зери пулњо ва ќубурњо бо маќсадњои мелиоративї ва ѓайра;

- мувофиќакунии иљроиши корњои коркарди ќум ва шаѓал дар маљрои дарёњо болотар ё поёнтар аз пулњо ба масофаи на камтар аз 2 км;

- иљозат барои сохтмон ва азнавсозии иншооти коммуникатсионї, ки аз њудуди роњњои автомобилгарди мављуда гузаронда мешаванд;

- мувофиќакунии рондани чорво ба воситаи роњњои автомобилгард;

- хулоса барои кушодани роњњои автомобилгарди муассисавї ва хусусї барои истифодабарии умумї;

- мувофиќакунии сохтмон, таљдид ва таъмири нуќтањои васлшавї ва буриши роњњои автомобилгард;

- мувофиќакунии шартњои техникии сохтани иншооти коммуникатсионї дар ќитъаи њамшафати роњњои автомобилгарди истифодабарии умумї.

12. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи авиатсия:

- иљозат барои дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба њавопаймоњо ќабул кардани мусофирон, баѓољ, борњо ва муросилот барои интиќоли њавої дар ќаламрави љумњурї;

- иљозат барои дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба њавопаймоњо ќабул кардани мусофирон, баѓољ, борњо ва муросилот барои интиќоли њавої ба ќаламрави давлати хориљї ва ё кашонидани онњо аз ќаламрави давлати хориљї ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон;

- иљозат барои истифодабарии фазои њавої;

- иљозат барои парвози байналмилалии њаво­пай­моњо;

- сертификати шахси њуќуќї, ки хизматрасонии техникї ва таъмири техникањои авиатсиониро анљом медињад;

- шањодатномаи (сертификати) фурудгоњ;

- иљозат барои интиќоли њавоии борњои хатарнок;

- шањодатномаи (сертификати) хадамоти таљњизоти аэронавигатсионї;

-шањодатномаи (сертификати) муассисаи авиат­сионї;

- сертификати баркашидани воситањои наќлиётї.

13. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи мењнат:

- хулоса оид ба риоя намудани талаботи њифзи мењнат њангоми сохтмон, таљдиди иншооти истењсолї, мошинњо ва механизмњо;

- мувофиќакунии ихтисор ва барњамдињии љойњои корї барои маъюбон.

14. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи меъморї ва сохтмон:

- иљозат барои оѓоз намудани корњои сохтмонї.

15. Маќоми ваколатдори давлатии мањаллї дар соњаи меъморї ва шањрсозї:

- супориши меъморию банаќшагирї.

16. Маќоми ваколатдор дар соњаи танзими сиёсати зиддиинњисорї:

- розигї барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси њуќуќии дорои мавќеи њалкунанда, инчунин дар мавриди азнавташкилдињї, сармоягузорї ва бастани ањдњо аз љониби субъектњои монополияи табиї.

17. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи корњои дохилї:

- иљозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатї;

- иљозат барои нигоњдории маводи таркандаи таъиноти саноатї.

18. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи танзими муомилоти ќонунии прекурсорњо:

- шањодатномаи воридот ва содироти прекурсорњо.

19. Маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи геология:

- мувофиќакунии лоињањои корњои омўзиши геологї, геофизикї ва омўзишњои дигари ќаъри замин (корњои аксбардории геологї ва геофизикии минтаќавї, љустуљў ва иктишофи конњои канданињои фоиданок, аз љумла обњои зеризаминї).

20. Бонки миллии Тољикистон:

- шањодатномаи фонди ќарзии хурд.

21. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї:

- иљозат барои обтаъминкунии ѓайримутамаркази корхонањои алоњидаи кишоварзї, обёрї намудани чарогоњњо;

- иљозат барои љойгир кардани рекламаи берунї;

- ќарор дар бораи људо намудани ќитъаи замин;

- тасдиќи санад оид ба ќабули иншоот барои истифодабарї;

- мувофиќакунии корњо оид ба ќабудизоркунии роњњо;

- иљозат барои таъсиси шабакањои кабелии пахши барномањо.

22. Маќоми ваколатдори давлатї оид ба минтаќањои озоди иќтисодї:

- шањодатномаи субъекти минтаќаи озоди иќти­содї.

23. Дигар маќомоти ваколатдори давлатї:

- мувофиќакунии љойгиршавии корхонањои истихрољ ва коркарди маъдан, инчунин иншооти зеризаминие, ки барои маќсадњои ба омўзиши ќаъри замин ва истихрољи маъданњо вобастанабуда истифода мешаванд (дар чуќурии на зиёда аз 10 метр);

- иљозат барои истихрољи канданињои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули заршўии худфаъолї ва худбиёрї дар минтаќањои (ќитъањои) ќаъри замин, ки захирањои њисобшуда ва дар тавозуни давлатии захирањои канданињои фоиданоки Љумњурии Тољи­кистон гузошташудаи канданињои фоиданоки пошхўр­даро надоранд. (ќљт. 16.04.2012 №802)


БОБИ 6. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
Моддаи 30. Њалли бањсњо

Бањсњо дар соњаи низоми иљозатдињї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољи­кистон њал карда мешаванд.



Моддаи 31. Љавобгарї барои риоя накардани

талаботи Ќонуни мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани талаботи Ќонуни мазкур тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.


Моддаи 32. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.


Президенти

Љумњурии Тољикистон

Эмомалї Рањмон
ш. Душанбе,

2 августи соли 2011,

№ 751
ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ЌАРОР
Дар бораи нишонагузории њайвоноти хољагии ќишлоќ дар

Љумњурии тољикистон
Мутобиќи моддаи 23 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

1. Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва воњидњои сохтории он дар мањалњо якљоя бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї аз соли 2010 сар карда, ба нишонагузорї ва шиносномадињии њатмии њамаи намуди мављудаи њайвоиоти хољагии ќишлоќ шурўъ намоянд.

2. Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон Ќоидањои гузаронидани нишонагузорї ва шакли шиносномаи фардиро барои њайвоноти хољагии ќишлоќ тањия ва тасдиќ иамояд.

3. Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон дар лоињаи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2011 ва солњои минбаъда ба Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон људо намудани маблаѓњои заруриро барои дастрас намудани тамѓа, шиносномаи фардї, вараќањои бањисобгирию њисоботдињї пешбинњод намояд.


Раиси__Њукумати_Љумњурии_Тољикистон_Эмомалї_Рањмон_аз_27_феврали_соли_2010,_№_97_ш._Душанбе___ЊУКУМАТИ_ҶУМЊУРИИ_ТОҶИКИСТОН_ЌАРОР'>Раиси

Њукумати Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон
аз 27 феврали соли 2010, № 97

ш. Душанбе




ЊУКУМАТИ ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЌАРОР
Дар бораи тасдиќи Номгўи намудњои хизмати пулакии байторї ва тартиби расонидани хизмати пулакии байторї дар Ҷумњурии Тоҷикистон
Мутобиќи моддаи 35 Ќонуни Ҷумњурии Тоҷикистон "Дар бораи байторї" Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ќарор мекунад:

1) Номгўи намуди хизмати пулакии байторї дар Ҷумњурии Тоҷикистон тасдиќ карда шавад (замимаи 1).

2) Тартиби расонидани хизмати пулакии байторї дар Ҷумњурии Тоҷикистон тасдиќ карда шавад (замимаи 2).

Раиси

Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон

Эмомалї Рањмон
аз 30 марти соли 2010 № 180

ш. Душанбе




Замимаи 1

Бо ќарори Њукумати

Ҷумњурии Тоҷикистон

аз 30 марти с.2010 №180

тасдиќ шудааст
Номгўи намудњои хизмати пулакии байторї дар Ҷумњурии Тоҷикистон

1. Хизмати пулакии озмоишгоњи ташхиси байторию беҳдоштии бозорњои ҷумњурї ва нуќтањои фурўши мањсулоти кишоварзї:

- ташхиси гўшт;

- ташхиси шир;

- ташхиси мањсулоти турши ширї;

- ташхиси рављани растанї;

- ташхиси моњї, тухм, асал;

- ташхиси мањсулоти намаккарда;

- ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, хушконида ва консервакардашуда;

- ташхиси полезињо.

2. Стансияњои мубориза алайњи беморињои њайвонот дар вилоятњо, шањр ва ноњияњои ҷумњурї:

а) Баќайдгирии чорво:

б) Дастурдињї;

в) Муоинаи клиникавии њайвонот:

г) Додани шањодатномаи байторї;

д) Додани маълумотномаи пеш аз куштани чорво;

е) Буридапартої:

- думњо;


- суфраи гўш аз сагњо;

- чоки ќайсарии саг, гурбањо;

- ҷарроњии мураккаб;

- ҷарроњии оҷилї.

ё) Ахтакунї:

- айѓирњо (аспњои нар);

- буќќањои аз 6 моња боло;

- буќќањои аз 2 то 6 моња;

- ќўшќорњо ва такањо новобаста ба сол;

- сагњо, гурбањо;

- муолиҷаи ҷароњату захмњо, саратон тавассути ҷарроњї;

- коркарди ортопедии суми пои чорво;

- кўтоњ кардани шохи чорвои калони шохдор.

ж) Чок кардани патологии ҷасади чорвои њалокгардида:

- чорвои калони шохдор ва аспњо;

- моли майдаи шохдор ва дигар чорво;

- паррандањо.

з) Эмкунї:

- чорвои калони шохдор ва аспњо;

- моли майдаи шохдор ва дигар чорво;

- паррандањо;

- сагњо;


- дар мавриди пурра ҷудо нагаштани маблаѓњои буҷавї барои пешгирии беморињои брутселлёзи чорво, њаќќи кор ва хизматрасонии шахсони њуќуќї ва воќеї дар соњаи байторї аз тарафи соњибони чорво, новобаста аз манбаи ба даст овардани маводи биологии байторї пардохт карда мешаванд (буҷаи давлатї, грантњо, кўмакњои башардўстона, маблаѓњои донорї ва ѓайра).

и) муолиҷаи беморињои дарунї:

- заъф ва тимпанияи њазорхона, тўрхалта ва ширдон;

- беморињои ковокии дањон, сурхрўда;

- авитаминозњо, вайроншавии мубодилаи моддањо;

- гастроэнтеритњо, зањролудшавї.

3. Хизмати байтории Маркази назорати давлатии маводњои байторї:

а) Хизмати пулакї оид ба баќайдгирии давлатии маводњои байторї, биологї ва табобатї истењсоли ватанї ва берун аз он дар Ҷумњурии Тоҷикистон;

- доруњои биологї;

- доруњои табобатї;

- маводњои витаминдор;

- доруњои зиддипаразитї ва гелминтї;

- доруњои дератизатсионї;

- маводњои шустушўї;

- молњои таъиноти зооветеринарї.

б) Рўйхати хизмати пулакии байторї барои додани сертификатсияи доруњои байторї:

- доруњои биологї;

- доруњои табобатї;

- маводњои витаминдор;

- доруњои зиддипаразитї ва гелминтї;

- доруњои дератизатсионї;

- маводи шустушўї;

- молњои таъиноти зооветеринарї.

в) Оид ба гузаронидани аттестатсияи муассиса, корхона ва шахсони воќеї, ки ба фаъолияти фармасевтї, таъминоти дорувории соњаи чорводорї ва байторї дар Ҷумњурии Тоҷикистон машѓуланд:

- муассиса ва корхонањое, ки ба истењсол ва ќадоќкунии маводњои биологии дорувории байторї машѓуланд;

- муассисањои доруфурўшии байторї ва фирмањое, ки ба корњои хурди ќадоќкунї, воридот, нигоњдорї ва фурўши доруворињо машѓуланд;

- дорухонањои байторие, ки ба воридот, нигохдорї ва фурўши маводњои байторї машѓуланд.

4. Хизмати пулакии Маркази миллии ташхиси байторї:

- машваратњо оид ба ќоидањои расонидани маводњои муоинашавандаи шахсони воќеї;

- машваратњо оид ба ќоидањои расонидани маводњои муоинашавандаи шахсони њуќуќї;

- муоинаи маводњои ѓизої;

- аттестатсияи марказњои ташхиси байтории вилоятї, байниноњиявї ва ноњиявї;

- аттестатсияи озмоишгоњњои ташхиси байторию санитарї дар бозорњо;

- муоинаи хўрока ва иловањои хўроки чорво.

а) Назорат аз болои риояи ќоидањои байторию санитарї дар мавриди амалиётњои воридотию содиротї:

- тухми инкубатсионї то 1000 дона ва барои њар як њазор донаи минбаъда;

- ба расмият даровардани ташхис (экспертиза) бо дарназардошти арзиши вараќа;

- иштирок дар кори комиссия оид ба ҷамъкунии намунањои борњои тањти назорати байторї ќарор­дошта ва расондани минбаъдаи онњо ба муассисањои озмоишї бо назардошти арзиши вараќањо ва воситањои якдафъагии муњофизати инфиродї;

- ташхиси мањсулоти воридшаванда ва содиршаванда;

- гўшт ва мањсулоти гўштї, аз ҷумла равѓани њайвонот барои муайян намудани сифати байторию санитарии он: аз 1 то 20 тонна;

- шир ва мањсулоти ширї, аз ҷумла (шири хушк ва яхкунонидашуда): аз 1 то 20 тонна;

- мањсулоти паррандапарварї, аз ҷумла (гўшт, гўшти рон, њасибча, тухм, хокаи тухм ва ѓайра): аз 1 то 20 тонна;

- хокаи гўшту устухон ва моњї, хўрокњои омехта, иловањои хўрока ва дигар консентратњо: аз 1 то 20 тонна.

б) Барасмиятдарории њуҷҷатњои мушоиятии байторї (ташхис, сертификати сифат):

- барасмиятдарории ташхис бо дарназардошти арзиши вараќа дар ваќти воридот;

- њайвоне, ки ба шахсони воќеї тааллуќ дорад;

- њайвоне, ки ба шахсони њукуќї тааллуќ дорад;

- мањсулоти чорводорї (паррандапарварї, занбури асалпарварї, моњипарварї);

- барасмиятдарории сертификати сифати ташхис бо дар назардошти арзиши вараќа дар ваќти содирот;

- мањсулоти чорводорї (паррандапарварї, занбури асалпарварї, моњипарварї), ки ба шахсони воќеї тааллуќ доранд;

- мањсулоти чорводорї (паррандапарварї, занбури асалпарварї, моњипарварї), ки ба шахсони њуќуќї тааллуќ доранд.

в) Тањќиќи бактериологї ва байторию санитарии маводи амрозї ва мањсулоти хўрока барои ташхиси:

- ботулизм;

- салмонеллёзи њайвоноти кишоварзї ва парранда;

- сиёњрон;

- пастереллёз;

- брадзот;

- некробактериоз;

-колибактериози њайвоноти кишоварзї ва парранда;

- манќаи асп;

- листериоз;

- касалињои гандидаи занбўри асал;

-уфунати мањсулоти гўшту шир, аз ҷумла мањсулоти парранда, хўрокњои омехта ва иловањои хўрока ва ѓайра;

- пистондарди чорвои кишоварзї.

г) Тањќиќоти вирусологї:

- сафедхунии њайвоноти кишоварзї;

- наѓзаки њайвоноти кишоварзї ва парранда;

- эктимаи шадид;

- муайян намудани фаъолияти вируси ваксина;

- дигар касалињои вирусии њайвоноти кишоварзї ва парранда (аз рўи 5 намуд);

- ташхиси серологии масуният дар давои касалии Нюкасли паррандагон.

д) Тањќиќоти паразитологї:

- гелминтозњо (аз рўйи 6 намуд);

- касалињои занбўри асал (ангалї);

- касалињои паразити хун;

- саркоптоидозњо.

е) ташхиси тањќиќоти серологї:

- лептоспирози сироятї;

- хламидиози чорвои кишоварзї;

- асколизатсиякунонии ашёи хоми пўст;

- бемории ҷуфтикунонии асп.

ж) Тањќиќоти биокимиёвї, микологї ва кимиёвию зањрнокї:

- ташхиси биокимиёвии хун (барои 5 нишондод);

- муайян намудани витамини "А" дар таркиби ҷигари чорвои кишоварзї ва парранда;

- муайян намудани:

-витамини "А" дар тухм,

-коротиноидњо дар тухм:

- ташхиси биокимиёвї ва микологии (занбўруѓии);

- хўрокњои дурушт ва ширадор барои 7 нишондод;

- хўрокњои омехта барои 5 нишондод;

- муайян намудани сифати асал барои 7 нишондод;

- равѓани растанињо барои 4 нишондод.

з) Муќаррар намудани сабаби зањролудшавии чорвои кишоварзї, парранда ва ѓайра:

- муайян намудани пайвастагињои хлорорганикї дар маводи амрозї ва хўрока;

- муайян намудани госсипол дар хўрока;

- муайян намудани дигар моддањои зањролуд­кунанда дар хўрока ва маводи амрозї.

и) Тањќиќоти озмоишии касалињои моњї ва мањсулоти моњигї, аз ҷумла консервањо, паштетњо ва ѓайра барои:

- сурхакони карп;

- септисемияи хунин;

- фрункуллёзи ласосњо;

- нематодањо;

- трематодањо;

- сестодањо;

- трипанозомозњо.

5. Хизмати пулакии Раёсати назорати давлатии байторї дар сарњади давлатї ва наќлиёти Ҷумњурии Тоҷикистон:

- додани дастур оид ба масъалањои риояи талаботи байторї ба технологияи амалиёти содиротї, воридотї ва наќлиётї ба ќисми борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї барои:

- шахсони воќеї;

- шахсони њуќуќї.

а) Назорат ба риояи ќоидањои байтории кашонидани борњо дар ваќти амалиёти содиротию воридотї:

- назорати байторї дар ваќти азназаргузаронии борњо, як хел будани борњо бо њуҷҷатњои якҷоя фиристодашаванда, азназаргузаронии иҷозати зарурии Хадамоти назорати давлатии байторї муайян кардани тартиби боркунию борфарорї, аз назар гузаронидани борњои транзитї;

Боркашонї бо њавопаймо:

- барои њар 100 кг;

- ѓаниматњои шикорї (нусхањои ягона);

- биопрепаратњо;

- дар таҷњизоти махсуси кашонидан, нигоњдории дигар намуди кашонидани борњо;

- 1 контейнер;

- 1 автомобил;

- 1 вагон;

- 1 ќисми яхдон иборат аз 4 вагон;

- 1 вагон ем (хўроки чорво, иловањои хўроки чорво);

- тухми инкубатсионї то 1-њазор дона;

б) Барасмиятдарории санади манъи борњои зериназоратї, аз ҷумла дар моликияти давлатии гардишкунанда бо дарназардошти арзиши вараќањо;

- иштирок дар кори комиссияи интихоби намунањо ва барасмиятдарории санади намунаи борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї барои минбаъд фиристодан ба озмоишгоњ бо дар назардошти арзиши вараќањо ва воситањои якдафъагии муњофизати инфиродї;

- интихоби намунањои мањсулоти барасмиятдарории њуҷҷатњо барои ташхис ба Маркази миллии ташхиси байторї;

- азназаргузаронии такрории борњо ва ба расмиятдарории минбаъдаи њуҷҷатњои мушоиятї;

- атестатсияи воситањои наќлиёт мувофиќи талаботи муќарраргардидаи байторию санитарї њангоми кашонидани борњо, барасмиятдарории шањодатнома (шиноснома);

- атестатсияи корхонањо, хоҷагињо, базањо, анборњо, ҷойњои махсуси нигоњдорї ва парвариши њайвонњои таҷрибавї (вивария) ва дигар объектњо, ки фаъолияти истењсолии онњо, ки бо чорво ва борњои дигар алоќаманд аст;

- аз назаргузаронии клиникии њайвонот њангоми боркунї, борфурорї ва транзит ба термометрияи чорво (саросар, интихобан ё аз рўйи нишондињандањо ба шахсони њамроњикунанда расонидани талаботи асосї оид ба тартиби нигоњдорї, хўрокдињї, обдињї ва ѓайра дар роњи кашонидан;

- чорвои калон, чорвои калони шохдори аз 6 моња калон, хукњо, ҷуфтсумњо ва тоќсумњои калон;

- чорвои хурд (ҷавонањои чорвои калони шохдор ва тойчањои то 6-моња, гўсфанду бузњо, хукбачањо);

- њайвонњои мўинадор (рўбоњи шимолї, рўбоњ ва ѓайра);

- паррандањои хонагї (гўштї) то 100 сар;

- паррандањои ҷангал (саъва, залич, фотима-чумчуќ ва ѓайра), паррандањои хурди хушсимо (тўтї, конарейка, кабўтар ва ѓайра) то 100 сар;

- ҷонварони экзотикї ва вањшї (парранда);

- калон;

- майда;


- ҷонварони аквариумї ва хазанда;

- гидробионтњо то 100 сар;

- занбўрони асал;

- расонидани ёрии таъҷилии табобатї ба њайвонот дар ваќти боркунї, кашонидан, борфурорї ва бештар нигохдорї (бидуни арзиши маводњои байторї).

в) Барасмиятдарории њуҷҷати мушоиятии байторї

- ба расмиятдарории шањодатномаи байторї бо дар назардошти арзиши вараќаи воридотї;

- чорвои шахсони воќеї;

- чорвои шахсони њуќуќї;

- борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї, ки ба шахсони воќеї тааллуќ доранд;

- борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї, ки ба шахсони њуќуќї тааллуќ доранд;

- барасмиятдарории сертификати байторї бо дарназардошти арзиши вараќаи содиротї;

- чорвои шахси воќеї;

- чорвои шахсони њуќуќї;

- борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї, ки ба шахсони воќеї тааллуќ доранд;

- борњои зери назорати Хадамоти назорати давлатии байторї, ки ба шахсони њуќуќї тааллуќ доранд.

г) Коркарди байторию санитарии воситањои наќлиёт ва чорабинињои дезинфексионї

- дезинфексияи њудуди иншоот, воситањои боркунию борфурорї ва наќлиёте, ки барои кор ба њайвонот ва мањсулоти чорво истифодашаванда биддуни арзиши воситањои истифодашавандаи дезин­фек­сионї;

- чорабинињои њатмии тайёрї ба коркарди байторию санитарии вагонњо:

- пешнињоди таъминоти байторї барои фиристодани воситањои наќлиёти категорияњои дахлдор ва назорат ба дурустии барасмиятдарории ведомос­тњои фиристонидани њуҷҷатњои пурраи боркашонї, нишонагузорї, биркакунї ва пломбањо (тамѓазанињо) муайян кардани ҷойгирии вагонњое, ки барои коркард ва ѓайра ворид нашудаанд:

- категорияи 1;

- категорияи 2;

- категорияи 3;

- коркарди байторию санитарии вагонњо баъди интиќоли њайвонот ва дигар борњо бо дарназардошти арзиши воситањои дезинфексионї;

- категорияи 1;

- категорияи 2;

- категорияи 3;

- додани шањодатнома дар бораи коркарди байторию санитарии вагонњо аз рўйи категорияњои 1, 2, 3

- баровардан аз воситањои наќлиёт ва чок карда кушодани ҷасади њайвонот, интихоби намунањои маводи патологї барои тањќиќоти озмоишї, барасмиятдарории санади чоккунї ва фиристодан ба безараркунии ҷасадњо ва дезинфексияи наќлиёт:

- њайвони хурд;

- њайвони калон;

- автомашинаи боркаш (автобусњо).

6. Дезинфексияи воситањои наќлиёт дар нуќтањои убури сарњади давлатї:

а) Воситањои наќлиёти давлатњои дигар

- автомашинаи сабукрав;

- автомашинаи боркаш (автобусњо);

- автомашинањои боркашї дорои ядакњо ва нимядакњо.

б) Воситањои наќлиёти Ҷумњурии Тоҷикистон:

- автомашинаи сабукрав;

- автомашинаи боркаш (автобусњо);

- автомашинањои боркашї дорои ядакњо ва нимядакњо.





Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет