Законодательство veterinary legislation 4 Душанбе 2013 Зери назари доктори илмњои байторї



жүктеу 7.62 Mb.
бет9/42
Дата03.04.2019
өлшемі7.62 Mb.
түріЗакон
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   42

ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН


ЌАРОР

аз 4 октябри соли 2011

№ 487 ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси Фонди чорабинињои
зиддиэпизоотї ва тасдиќи Низомномаи он

Мутобиќи моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї», бо маќсади пурсамар гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотї, ки барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, Њукумати Љумњурии Тољикистон



ќ а р о р м е к у н а д:
1) Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиќ карда шавад.

2) Вазорату идорањои дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо амалисозии Низомномаи мазкурро таъмин намоянд.



Раиси Њукумати

Љумњурии Тољикистон

Эмомалї Рањмон


Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон

487 аз 4 октябри соли 2011 тасдиќ шудааст
Низомномаи

Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї

I. Муќаррароти умумї

1. Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї (минбаъд Фонд) тибќи моддаи 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» ва бо маќсади самаранок гузаронидани чорабинињои зиддиэпизоотї, љуброни зарар дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти њайвонот, ки барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, таъсис дода шудааст.

2. Фонд дар назди Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ташкил карда шуда, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва њамин Низомнома амал мекунад.

3. Фонди мазкур аз њисоби маблаѓњои дар буљети давлатї барои чорабинињои зиддиэпизоотї пешбини­гардида, љалби грантњои ташкилотњои байналмилалї, сарчашмањои худї ва дигар сарчашмањои маблаѓ­гузорї, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

4. Истифодаи маќсадноки Фондро Хадамоти назорати давлатии байторї амалї мекунад. Назорати истифодаи маќсадноки Фонд мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз тарафи Вазорати кишовар­зии Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад. Њангоми зарурат ва бо маќсади пешгирии пањншавии беморињои нињоят хавфнок, ки барои њайвонот ва одам умумї мебошанд, бояд пешнињоду дастурњои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемио­логии Вазорати тандурустии Љумњурии Тољикистон ба инобат гирифта шаванд.

5. Ташхис ва гузаронидани њар гуна чорабинињои пешгирикунанда, ки ба гурўњи номгўи беморињои дар ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №182 аз 3 апрели соли 2007 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторї» нишондодашуда дохил намеша­ванд, аз тарафи сохторњои Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон музднок анљом дода шуда, маблаѓњои аз ин њисоб бадастомада ба суратњисоби маркази хазинадорї тањвил дода мешаванд ва истифодаи мин­баъдаи онњо бо тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

6. Банди 5 Низомномаи мазкур бо дарназардошти сатњи даромаднокии њар як хољагї, новобаста аз шакли моликияташ ва сатњи зиндагии шањрвандон амалї гардида, дараљаи камбизоатии мардум ба асос гирифта мешавад.

II. Сметаи харољоти Фонд

7. Маблаѓгузории Фонди чорабинињои зидди­эпизоотї дар асоси меъёрњои харољоти молиявї сурат гирифта, ба ќисми харољоти буљети њамаи сатњњо дар зерфасли «Чорабинињои зиддиэпизоотї» нишон дода шуда, тибќи Низомномаи мазкур таќсим карда мешавад.

8. Харидорї намудани эмдоруњо бар зидди беморињои сўхтанї, њорї, вабои сумдарди њайвонот, тоуни чорвои хурди шохдор, брутселлёз, сил, наѓзаки гўсфанду буз, бемории Нюкаслаи парранда, инчунин маводи ташхисии онњо (реактивњо. рангњо, њайвоноти озмоишї, диагностикумњо, маводи безарарнамої) барои муайян намудани ин беморињо бо дарназардошти вазъи эпизоотии љумњурї тавассути тендер сурат мегирад.

9. Маблаѓњои Фонд барои анљом додани корњои зерин дар шакли фоиз аз маблаѓи умумии солонаи Фонд истифода бурда мешаванд:

– харидорї, нигањдорї, интиќол ва истифодаи маводњои пешгирї, ташхис ва безарарнамоии зидди беморињое, ки ташхис ва пешгирии онњо барои њамаи шакли хољагидорї ва шањрвандон аз њисоби буљети давлатї гузаронида мешаванд - 70 фоиз;

– харољоти сафарњои хизматии байторон ба манбаъњои беморињои сироятии барои њайвонот ва одам умумї, маводи сўхт ва молиданї барои наќлиёт ва сўзонидани љасади њайвонот, либосњои махсус - 4,5 фоиз;

– пардохти музди мењнати иловагии мутахассисони байтории дар манбаъњои эпизоотї фаъолияткарда ба андозаи дукаратаи музди мењнати вазифавии онњо - 0,5 фоиз;

– маблаѓ барои тањрир ва чопи њарсо­лаи шиносномаи фардї ва вараќањои баќайд­гирии њайвонот бо маќсади нишонагузории онњо, бо дарназардошти љуброн кардани харољот аз тарафи соњибони чорво – 5 фоиз;

– љуброни зарар дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти њайвоноти шахсони воќеї ва њуќуќї, ки барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок мебошанд - 10 фоиз;

– харидорї намудани дастгоњ ва таљњизо­ти махсус - 10 фоиз.


ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ЌАРОР

аз 3 апрели соли 2012

№ 156 ш. Душанбе

Дар бораи Тартиби пардохти љуброни зарар ба шахсони
Њуќуќї ва воќеї дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок

Мутобиќи моддањои 3 ва 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

1. Тартиби пардохти љуброни зарар ба шахсони њуќуќї ва воќеї дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок тасдиќ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идорањои дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо амалисозии Тартиби мазкурро таъмин намоянд.



Раиси Њукумати

Љумњурии Тољикистон

Эмомалї Рањмон
Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон

156 аз 3 апрели соли 2012 тасдиќ шудааст

Тартиби

пардохти љуброни зарар ба шахсони њуќуќї ва воќеї дар нати­љаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи барои

саломатии њайвонот ва инсон хатарнок

I. Муќаррароти умумї

1. Мутобиќи моддањои 3 ва 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» яке аз принсипњои асосии сиёсати давлатї дар соњаи байторї љуброни арзиши њайвонот ва мањсулоти он мањсуб меёбад, ки бинобар ба саломатии њайвонот ва инсон хатар доштанаш аз тарафи маќомоти назорати давлатии байторї мусодира карда мешавад.

2. Тартиби пардохти љуброни зарар ба шахсони њуќуќї ва воќеї дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок (минбаъд -Тартиб) мутобиќи талаботи моддањои 3, 4 ва ќисми 3 моддаи 30 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» муайян гардида, тартиби ягона ва шартњои љуброни зарари дар натиљаи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи барои саломатии њайвонот ва инсон хатаррасонидашударо муќаррар менамояд.

3. Зарари зикршуда ба андозае, ки комиссияи таъсисдодаи маќоми ваколатдори давлатии байторї бо риояи талаботи Тартиби мазкур муайян менамояд, пардохт карда мешавад.

4. Пардохти љуброни зарари мазкур аз њисоби Корхонаи воњиди давлатии «Тољик­суѓурта» тибќи тартиби муќар­раргардида ба шарте, ки шахси воќеї ё шахси њуќуќї бо ташкилоти номбурда шартномаи суѓуртавї дошта бошад ва пардохти маблаѓи суѓуртавї пеш аз ошкор шудани бемории сироятї ба суратњисоби филиали суѓурта ворид шуда бошад, амалї мегардад.

5. Љуброни зарари мазкур ва њамчунин харољоти марбут ба кашонидан бо наќлиёт, забњ намудани чорво ва гузаронидани чорабинињои безараргардонї, ба истиснои маблаѓи аз љониби ташкилоти давлатии суѓурта пардохтгардида, аз њисоби «Фонди чорабинињои зиддиэпизоотї» пардохта мешавад.

6. Ба фурўш расонидани гўшт ва мањсу­лоти гўштї, шир ва мањсулоти ширї ва дигар мањсулоти аз њайвоноти гирифтори бемо­рињои брутселлёз ва сил истењсолшуда дар нуќтањои савдо пас аз коркарди саноатї ва гирифтани хулосаи маќомоти байтории шањр (ноњия) иљозат дода мешавад.

7. Забњи њайвоноти мусодирашудаи гирифтори бемории брутселлёз ё сил танњо дар саллоњхонањои дорои аттестатсияи байторию санитарии шароити истењсолии аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии байторї додашуда иљозат дода мешавад.

8. Мањсулоти мусодирашудаи њайвоноти барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок барои коркард ва безараргардонї ба корхонањои коркарде супорида мешавад, ки аз аттестатсияи байторию санитарии шароити истењсолї гузаштаанд.

I. Муайян намудани андозаи зарар

9. Арзиши аслии њайвонот ва мањсулоти мусодирашудаи чорво мутобиќи маълумоти њисоботии бањисобгирии хољагї ё вазни њайвонот дар рўзи забњи маљбурї ё фавти бо санади тањиянамудаи комиссияе, ки мувофиќи Тартиби мазкур тасдиќ гардидааст, бо дарназардошти нархњои бозорї муайян карда мешавад ва љуброни зарари расонидашуда ба шахсони њуќуќї ва воќеї аз рўйи њисоби ба як сар њайвони мусодирашуда ва як килограм мањсулоти хоми аз њайвонот истењсолшуда, амалї карда мешавад.



III. Шартњои пардохти љуброни зарари расонидашуда

10. Ќарор дар бораи пардохти љуброни зарари мазкур аз љониби комиссия ќабул карда мешавад.

Комиссия бо пешнињоди сарнозири давлатии байтории шањр (ноњия) бо фармоиши ташкилоти дахлдори шањрии (ноњиявии) маќоми ваколатдори давлатии байторї, ки барои барњам додани манбаи беморињои сироятии хавфнок масъул мебошад, ташкил карда шуда, аз намояндагони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, маќоми Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологї, нозири давлатии байтории мањалли дахлдор ва соњиби чорво иборат аст.

11. Барои ќабул кардани ќарори комиссия дар бораи пардохти љуброни зарари расонидашудаи мазкур инњо асос шуда метавонанд:

– санадњо дар бораи мусодира ва нобуд кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшуда, ки аз љониби аъзои комиссия ба имзо расидаанд;

– хулосаи санљиши озмоишгоњи байторї, ки дар натиљаи ташхис ё гузаронидани муоинаи байторию бењдоштии объектњои тањти назорати байторї дода мешавад;

– супориши хаттии нозири давлатии байтории шањр (ноњия) дар бораи мусодира кардани њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшуда барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок;

– шартномаи суѓуртавии шахси воќеї ё шахси њуќуќї бо ташкилоти дахлдор ва њуљљатњое, ки ба суратњисоби филиали суѓурта пеш аз ошкор гардидани бемории сироятї ворид шудани пардохтњои суѓуртавиро тасдиќ менамоянд;

– шиносномаи байтории чорво бо нишон додани раќами инфиродї, гузаронидани чорабинињои њатмии зиддиэпизоотии чорво (ташхис, эмгузаронї);

– расиди (квитансияи) пардохти арзиши мањсулоти коркардшудаи њайвоноти барои саломатии њайвонот ва инсон хатарнок дар корхонањои коркард (сехњои њасиббарорї) ва корхонањои коркарди ашёи хоми њайвонот.

12. Љуброни зарари мазкур дар њолати аз љониби шахсони воќеї ва њуќуќї риоя нагардидани ўњдадорињои муќарраркардаи моддаи 35 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» пардохт намешавад.

IV. Тартиби пардохти љуброни зарар

13. Баррасии њуљљатњоро, ки барои пардохти љуброни зарари мазкур асос мебошанд, ташкилоти байтории шањрии (ноњиявии) маќоми ваколатдори давлатии байтории барои барњам додани манбаи беморињои сироятии махсусан хавфнок масъул амалї менамояд.

14. Ташкилоти давлатии байтории шањр (ноњия), ки барои барњам додани манбаи беморињои сироятии махсусан хавфнок масъул мебошад, оид ба корњои (хизматрасонињои) анљомдода бо нишондоди маблаѓе, ки бояд ба шахсони њуќуќї ва воќеї барои љуброни арзиши њайвонот мусодира ва нобуд кардашуда, мањсулоти аз њайвоноти сироятёфтаи истењсолшуда, бо њуљљатњои тасдиќкунанда, ки дар Тартиби мазкур нишон дода шудаанд, ба маќоми ваколатдори давлатии байторї санад пешнињод менамояд.

15. Баъди аз маќоми ваколатдори давлатии байторї ворид гардидани маблаѓњои зарурї барои корњои (хизматрасонињои) анљомдода оид ба барњам додани манбаи беморињои сироятии хавфноки брутселлёз ё сили њайвонот ва гирифтани њуљљати тасдиќкунандаи пардохти зарари расонидашуда аз ташкилоти суѓуртаи мањалли дахлдор, ташкилоти давлатии байтории шањр (ноњия) дар мўњлати дањ рўз ба шахсони њуќуќї ва воќеї ќисми пардохтнагардидаи љуброни зарари расонидашударо пардохт менамояд.

16. Љуброни арзиши њайвонот ва мањсулоти аз њайвонот истењсолшудаи мусодира ва нобуд кардашуда ба шахсони њуќуќї ва воќеї аз љониби ташкилоти давлатии байтории шањр (ноњия), ки барои барњам додани манбаи беморињои сироятии махсусан хавфноки њайвонот масъул аст, бо пешнињоди ќарори комиссия мувофиќи Тартиби мазкур амалї карда мешавад.

ЊУЉЉАТЊОИ МЕЪЁРИИ ЊУЌУЌИИ БАЙТОРЇ







«Тасдиќ мекунам»

Вазири кишоварзии

Љумњурии Тољикистон

__________ Ќ. Ќосимов

02 марти с.2011




















НИЗОМНОМАИ

тартиби хизматрасонии пулакии байторї дар Љумњурии Тољикистон
I. Муќаррароти умумї

1. Низомномаи мазкур мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи байторї» № 674 аз 29 12. с.2010, моддаи 35-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» № 72 аз 09.12. с.2004 ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќи номгўи намудњои хизмати пулакии байторї ва тартиби расонидани хизмати пулакии байторї дар Љумњурии Тољикистон» № 180 аз 30.03. с.2010 тањия шуда, ќоида, тартиб ва шартњои хизматрасонии пулакии байториро ба шањрвандон, субъектњои фаъолияти хољагидорї ва соњибони њайвонот муайян мекунад.

2. Корхона, муассиса ва ташкилотњои давлатии тобеи Хадамоти назорати давлатии байторї, ки њуќуќи хизмати пулакии байториро доранд, бояд дар бораи тахассус, шакли ташкили фаъолият, суроѓа ва рељаи корb навиштаљот дошта бошанд.

3. Мутахассисони байторие, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓуланд, дар бораи баќайдгирї, маќоми баќайдгирифташуда, иљозатномаи фаъолияти хизмати пулакии байторb ва дигар маълумоти заруриро пешнињод менамоянд.

4. Шакли пардохти хизматрасонї барои шахсони воќеї тибќи пешнињоди нархномаи тасдиќшуда ва барои шахсони њуќуќї бо созишномаи байни ниёзманд ва иљрокунанда мутобиќи нархномаи хизмати пулакии байторї, ки аз љониби маќомотњои ваколатдор мувофиќа ва тасдиќ шудаанд ва бо вараќањои махсус, ки дар навбати худ он вараќаи ќатъии њисоботї мањсуб меёбанд, муайян мегарданд.

5 Маблаѓњои корхона, муассиса ва ташкилотњои давлатии тобеи Хадамоти назорати давлатии байторї, ки њуќуќи хизмати пулакии байториро доранд, бо маќсади инкишофи минбаъдаи соњаи байторї аз рeи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масраф карда мешаванд.

6. Назорати истифодаи маќсадноки маблаѓњои аз фаъолияти хизмати пулакии байторї бадастомада аз љониби Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.
II. Ќоидањои хизматрасонии пулакии байторї

7. Барои кор ва хизмати шахсони воќеї ва њуќуќии соњаи байторї соњибони њайвонот новобаста ба манбаи ба даст овардани маводи байторї, бояд музд пардохт намоянд (буљети давлатї, грантњо, маблаѓњои башардўстона, донорї ва ѓайра).

8. Иљрокунанда дархостњоро барои хизмати пулакии байторї мутобиќи касбу фаъолияташ ќабул менамояд.

9. Хизмати пулакии байторї аз љониби иљрокунанда барои шахсони воќеї тибќи пешнињоди нархномаи тасдиќшуда ва барои шахсони њуќуќї бо созишномаи байни ниёзманд ва иљрокунанда мутобиќи нархномаи хизмати пулакии байторї, барасмиятдарории хизмати мизољї ё додани тамѓа, купон, чеки кассавї ё дигар њуљљатњои намунаашон муќарраршуда анљом дода мешавад.

10. Иљрокунанда дар сурати ниёзмандро љињати мураккабшавии хизматрасонї огоњ ва оид ба он дар њуљљатњои намунаи муќарраршуда сабт накарда бошад, ў барои хизматрасонии номуносиб мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар аст.
III. Тартиби хизматрасонии пулакии байторї

11. Иљрокунанда (ашхосе, ки хизмати пулакии байториро амалї менамояд) бояд:

- ба ниёзманд оид ба хизмати байторї ё корњои иљрошуда (корњои иљрошаванда) маълумотро дар шакли аёнї ва возеъ пешнињод намояд;

- њатман маълумотро оид ба хизмати пулакии байтории иљрошаванда дар љойи муайян ба пуррагї инъикос намояд;

- иљозатнома дошта бошад.

12. Иљрокунанда барои истифодаи маводњои доруворї ва усулњое, ки њангоми ташхис, табобату пешгирии беморињои чорво интихоб менамояд ва барои бо сифати баланд гузаронидани хизмат ба ниёзманд масъул мебошад.

13. Иљрокунанда бехатарии чорабинињои байториро барои солимию мањсулнокии њайвонот, њаёту солимии истеъмолкунанда ва муњити атроф кафолат медињад.

14. Дар навбати худ ниёзманд барои риояи тартиби расонидани хизмати пулакии байторї вазифадор аст:

- ба иљрокунанда бо дархости он чорворо бо маќсади азназаргузаронї пешнињод намояд, бетаъхир дар бораи њамагуна њодисањои вобаста ба фавти ногањонї, касалшавии оммавии чорво, инчунин дар бораи рафтори ѓайримуќаррарии њайвонот хабар дињад;

- барои људо нигоњ доштани њайвоноти ба касалї гумонбар то омадани иљрокунанда чорањо андешад;

- оид ба фурўши гўшт, шир, мањсулотњои ширию гўштї, тухм ва дигар мањсулот баъд аз муоинаи мутахассис бо гирифтани хулоса оид ба хўрданибоб (ё нохўрданибоб) будани онњо чорањо андешад;

- нигоњубин ва хўрокдињии њайвонотро мутобиќи дастурњо, нишондодњо ва дигар тавсияномањое, ки мутахассис муайян намудааст, таъмин намояд.


IV. Номгўи хизматрасонии пулакии байторї

15. Ташхиси клиникї, чорабинињои табобатию пешгирикунанда, байторию бе{доштb, зиддиэпизоотї ва бе{доштию гигиенї, муолиxа, амалиёт{ои љарроњї ва акушерию гинекологї, эмгузаронb (фаъол ва нофаъол), дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия, дегелминтизатсия, њамаи намуди тадќиќотњои озмоишї (ба истиснои номгўи беморињои њайвонот, ки ташхис ва пешгирии хоссаи онњо барои њамаи категория{о ва шањрвандон аз њисоби буљети давлатї сурат мегиранд), ташхиси байторию бе{доштии мањсулоти чорво ва растанипарварї.

16. Тадќиќот ва дигар чорабинињои байторї, ки ба фурўши чорвои зотї, иштирок дар намоишњо ва мусобиќот, фурўш ба хориљи кишвар ва дигар маќсадњои тиљоратї алоќаманд мебошанд.

17. Муайян кардани бордорї ва њомилагии њамаи намуди чорво, гирифтан ва гузаронидани эмбрионњо ва дигар чорабинињои ба афзоиши чорво, парранда, моњї, занбўри асал ва њамлу наќли онњо алоќаманд.

18. Барасмиятдарорї ва додани њуљљатњои байторї (шањодатномаи байторb, сертификатњо, маълумотномањо, шиносномањо, шањодатномаи баќайдгирї ва ѓайра), маслињатњо оид ба масъалањои ташхис, табобат, пешгирии њамаи намуди касалињо ва технологияи нигоњдории чорво, додани шањодатномаи байторию бе{доштии шароити истењсолии шахсони воќеї ва њуќуќие, ки ба заб{и њайвонот, истењсол, коркард, нигоњдорї, интиќол, фурўши гўшт, мањсулоти гўштї, ашёи хоми њайвонот, инчунин ба воридоту содироти чунин мањсулот дар Љумњурии Тољикистон машѓуланд.

19. Барасмиятдарории хулосањои байторї оид ба сох-тмони иншооти таъиноти байторї;

20. Сўзонидан, эвтонизатсия (маљбуран куштан) ва дигар хизматњои байторї.
V. Шартњои хизматрасонии пулакии байторї

21. Шартњои хизматрасонии пулакии байторї ба шањрвандон, субектњои фоъолияти хољагидорї новобаста аз шакли моликияташон ва соњибони њайвонот пешнињод карда мешаванд.

22. Иљрокунанда дархости ниёзмандро барои расонидани хизмати пулакии байторї мутобиќи тахассусу фаъолияташ ќабул намуда, барои шахсони воќеї тибќи пешнињоди нархномаи тасдиќшуда ва барои шахсони њуќуќї бо созишномаи байни ниёзманд ва иљрокунанда мутобиќи нархномаи хизмати пулакии байторї, ки аз љониби маќомотњои ваколатдор мувофиќа ва тасдиќ шудаанд, амалb мекунад.

23. Њангоми расонидани хизмати пулакии байторї иљрокунанда дар бораи эњтимолияти мураккабшавии корњои табобатї ба саломатии њайвон розигии ниёзмандро ба таври хаттї мегирад.

24. Агар ниёзманд ба огањсозии иљрокунанда нигоњ накарда, чорањои таѓйирдињии њолатро, ки ба сифати хизматрасонї тањдид менамоянд, бартараф насозад, иљрокунанда њуќуќ дорад, ки бо шахсони воќеї хизматрасониро ќатъ намояд ва бо шахсони њуќуќї шартномаро бекор намуда, талафи зарари ба ў расонидашударо талаб намояд.

25. Агар иљрокунанда доир ба мураккабшавии њолати хизматрасонї ниёзмандро огоњ накарда, дар ин бора дар њуљљатњои намунавї ќайд нашуда бошад, барои чунин хизматрасонї мутобиќи ќонунгузории Љум{урии Тоxикистон љавобгар аст.



VI. Муќаррароти хотимавї

26. Корхона, муассиса ва ташкилотњои давлатии тобеи Хадамоти назорати давлатии байторї, ки њуќуќи хизмати пулакии байториро доранд, ўњдадоранд, њисоботи оморї ва муњосибии хизмати пулакии байториро тартиб дињанд ва тибќи ќонунњои амалкунанда ба маќомотњои дахлдор ва ба Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон дар мўњлатњои нишондодашуда пешнињод намоянд.

27. Барои вайрон кардани Низомномаи мазкур шахсони воќеї ва њуќуќї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошанд.

Бо фармоиши сардори

ХНДБ ВК ЉТ № 38 аз

4 сентябри соли 2012

тасдиќ карда шудааст
ТАРТИБИ

аккредитатсияи шахсони воќеї ва њуќуќї, ки њайвонот, мањсулоти он, хўрока ва иловањои хўроки хайвонотро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид месозанд

I. Муќаррароти умумї

1. Тартиби мазкур тибќи моддаи 4-и Ќонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи байторї» аз 29 декабри соли 2010 № 674 тањия карда шуда, тартиби гузаронидани аккредитатсияи шахсони воќеї ва њуќуќї, ки њайвонот, мањсулоти он, хўрока ва иловањои хўроки хайвонотро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид месозанд, танзим менамояд.

2. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи шахсони воќеї ва њуќуќї, ки њайвонот, мањсулоти он, хўрока ва иловањои хўроки хайвонотро ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид месозанд – њуљљати меъёрї буда, барои баќайдгирии фаъолияти корхонаю муассисањо, ки иљозат ва боварї барои истењсолу коркарди мањсулотњоро доранд, пешбинї шудааст.

II. Тартиби гузаронидани назорати давлатии байторї дар љойњои истењсол, нигоњдорї, боркунї,

кашонидани чорво, парранда, мањсулоти саноатї ва хўрока њангоми нигоњдорї ва афзунгардонии чорво, парранда, моњї ва занбўри асал

3. Њангоми гузаронидани аккредитатсияи љойњои истењсол, нигоњдорї, боркунї, кашонидани чорво, парранда, мањсулоти саноатї ва хўрока њангоми нигоњдорї ва афзунгардонии чорво, парранда, моњї ва занбўри асал масъалањои зерини назоратї баррасї карда мешаванд:

- њолати байторию бењдоштии фермањо, фабри­кањои паррандапарварї, чарогоњњо, майдонњои кишт ва нигоњдории оилањои занбўри асал оид ба баќайдгирии касалињои сироятї ва ѓайрисироятї, зањролудшавии хок, об, растанињо аз унсурњои олудањои зањролуд, пеститсидњо ва дигар моддањои зараровар;

- миќдори иншоотњои байторї (гузаргоњњои байторию бењдоштї, њудудњои карантинї, мањдудият, муќимї, бунгоњњо ва дигар нуќтањои байторї вобаста ба намуди њайвонот ва мањсулоти истењсолшаванда);

- чорабинињои гузаронидашудаи зиддиэпизоотї, табобатию пешгирикунанда, ташхисї ва дигар намудњои чорабинињои хосcавии соњаи байторї;

- мављудияти њуљљатњои њамроњии байторї нисбати хўрока ва иловањои хўрокаи њайвонот (шањодат­номањои байторї);

- ташхисњои озмоишї оид ба сифат ва бехатарии хўрока ва иловањои хўрокаи њайвонот дар ваќти интиќол додан ба фермањои чорводорї ва фабрикањои паррандапарварї, инчунин њолати нигоњдории онњо;

- сифат ва бехатарии маводњои дар соњаи байторї истифодашаванда ва мављудияти сертификатњои мутобиќат;

- њолати солимии чорво, парранда, моњї, оилаи занбўри асал (минбаъд -њайвонот) њангоми гузаронидани муонаи клиникии мунтазам ва ташхиси озмоишї;

- њолати бењдоштии таљњизот ва лавозимот барои истењсол намудани ашёи озуќаворї ва мањсулоти ѓизої дар фермањо, муассисањои таъиноти кишоварзї ва фабрикањои паррандапарварї;

- гузаронидани дезинфексия, дезинсексия ва дератизатсия дар њудуди фермањои чорвопарварї ва паррандапарварии таъиноти кишоварзї;

- риоя намудани муњлати истеъмолии мањсулоти аз чорво истењсолшуда, маводњои байтории барои њайвонот ва иловањои хўрока, ки бо маќсади таъсири табобатию њавасмандкунї истифода шудаанд;

- усули истифода ва нобуд сохтани мањсулоти аз њайвоноти касал истењсолшуда;

- истифодабарии мањсулот бо маќсади хўрока, коркарди техникї ва дигар маќсадњо њангоми эмгузаронї, табобат ва ба њавасдарории њайвонот;

- мављудият ва тарзи дурусти пешбурди њуљљатњои муайяншудаи байторї;

- њолати воситањои наќлиёт ва бастањо бо маќсади холї намудани чорво, парранда, ашёи хоми озуќа ва мањсулоти ѓизої;

- риояи талаботњои байторию бењдошттї њангоми нигоњдории мањсулот, ашёи хом ва мањсулоти ѓизої, ки дар фермањои чорводорию паррандапарварї истењсол карда мешаванд;

- мурратаб намудани њуљљатњои њамроњии байторї њангоми интиќоли чорвою парранда, ашёи хоми озуќа ва мањсулоти ѓизої.





Достарыңызбен бөлісу:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   42


©kzref.org 2019
әкімшілігінің қараңыз

    Басты бет